Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

ОРЗӮРО ДАР АМАЛ ДИДЕМ МО



Дӯстам, дар синаи поки ҷаҳон
Рӯзҳои нек ҳаст.
Дар чунин мулки тарабноки ҷаҳон –
Кишвари тоҷик ҳаст.

Чашмаҳояш ашки кӯҳистони мост,
Ашки ғам не, ашки шодӣ аст он.
Чун муроду муддао – аҳду вафост,
Гашт шодию тараб ҳам ҷовидон.

Аз чунин ҳастии худ болем мо,
Сар фуруд овард бар мо коинот.
Ончунон шоистаиқболем мо,
Ки бишуд бар коми мо шаҳди ҳаёт.

Мӯсафедони ҳамин хоки қадим
Сӯи истиқболашон раҳ кофтанд.
Баҳри авлодонашон роҳи азим –
Аз дили ҷаҳду талоше ёфтанд.

Мӯсафедон ҳам ҷавонӣ доштанд,
Он ҳама чун сояе дар абр монд.
Парда аз рухсори маҳ бардоштанд,
Рӯзгори тира андар қабр монд...

Дар суруди Рӯдакии беназир,
Дар ғазалҳои ҷаҳонафрӯзи ӯ,
Дар тамоми байтҳои дилпазир –
Орзӯ буд,
Орзӯ буд,
Орзӯ!

Аз дили Фирдавсии мо шуд баланд
Рустаму Сӯҳроб – фарзандони халқ,
Коваи оҳангари бас арҷманд –
Он ҳама буданд чун виҷдони халқ.

Дӯстам, дар синаи поки ҷаҳон,
Рӯзҳои нек ҳаст.
Дар чунин мулки тарабноки ҷаҳон –
Кишвари тоҷик ҳаст.

Кӯҳҳояш ҳамнишини Зӯҳраанд,
Рудҳояш корвони зиндагӣ.
Шӯҳраташ – аз ҳар баландӣ ҳам баланд
Дар канори ин ҷаҳони зиндагӣ.

Дашти бирён водии обод шуд,
Мавҷҳои руди кӯҳӣ барқ шуд.
Халқи мо – халқи накӯбунёд шуд,
Кишвари мо дар саодат ғарқ шуд.

Моҳи апрел – ин маҳи пурфайзи сол,
Ки ҷаҳонро дар канори худ гирифт.
Моҳи тавлиди даҳои некфол
Обрӯю эътибори худ гирифт.

Дар суруди Рӯдакии беназир –
Орзӯ буд, орзӯ буд, орзӯ
Дар тамоми байтҳои дилпазир
Орзӯ буд,
Орзӯ буд,
Орзӯ!

Моҳи апрел!
Аз ту миннатдор мо,
Ки даҳои халқҳоро додаӣ.
Сафҳаи таърих аз ту дилкушо,
Олами навро худи ту зодаӣ!

Орзӯро дар амал дидем мо
Аз шуои дилпазири Октябр.
Раҳнамоӣ кард Ленин даҳо
Бар хурӯши беназири Октябр!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »