Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

ВАРАҚИ РАНГАИ КИТОБИ ВАТАН



Ин қадар рӯзҳо шитоб кунанд,
Ҳар хаташ як вазифаи умр аст.
Аз зафарномаҳо китоб кунанд,
Дар хаташ як вазифаи умр аст.

Дашти бирёни солҳо хуфта
Гар зи хоби гарон шавад бедор,
Гардад он чун баҳор, бишкуфта,
Бошад аз рӯзи мо яке осор.

Халқи мо ҳамраҳи шитоби рӯз
Корҳои ҷаҳоншумул доранд.
Баски дар ин замонаи фирӯз
Дар ҳама соҳа "Дасти гул" доранд.

Ана, ин Вахш – Вахши пуранвор
Як мисоли шукӯҳи он дастон.
Бо ҳамин дастҳо барои диёр
Ганҷбардор мешавад Ёвон.

ГЭС-и Сарбанд агар ба кор ояд,
Гузарад нури он зи синаи кӯҳ.
Ҳам ба Ёвони мо баҳор ояд,
Ҳам ба Вахш обрӯю боз шукӯҳ.

Оби дарёи пурхурӯши Вахш
Ҳам ғизои замину ҳам нур аст.
Хонад он рӯзу шаб ба гӯши Вахш:
"Ин қадар офтоб пурнур аст!"

Сар ба сар нуру нур мепошад
Вахши тоҷик аз офтоби Ватан.
Водии сабз, гӯиё, бошад
Варақи рангаи китоби Ватан!
1957





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »