НАМОИШИ ПАНҶУМ
Ҳамон манзара. Дар саҳна Акрам ва Майсара.
МАЙСАРА. Агар ӯро медидам, бад намешуд.
АКРАМ. Андаке дер омадӣ. Охир, ман ба ту вақташро гуфта будам…
МАЙСАРА. Чунон ғарқи кор шуда мондаам, ки соат аз ёдам баромадааст. Хайр, боз дидор муяссар мешудагист.
АКРАМ. Дина маро барои Анвар фиристоду вайро одамон дар Гулдара дидаанд.
МАЙСАРА. Арӯсашро ин ҷо монда, дар Гулдара чӣ кор мекардааст?
АКРАМ. Намедонам. Назди падару модараш рафтагист.
МАЙСАРА. Ба хонаи мо хостгорон боз омадаанд. Саидҷон ҳам ҳар лаҳза ба ман пичинг зада мемонад. Сарам сих монд…
АКРАМ. Саидҷон ин хел набуд-ку?!
МАЙСАРА. Надонам. Вай тӯй шуданӣ.
АКРАМ. Ҳа-а… маълум. Ман дирӯз дар комбинати бофандагӣ будам. Мехостам барои радиошунавонии навбатӣ баромади чанд коргарро ташкил кунам. Нохост Саидҷонро дида мондам.
МАЙСАРА. Духтараш он ҷо кор мекардааст.
АКРАМ. Хайр?!
МАЙСАРА. Худаш гуфта буд. (Аз ҷо мехезад). Хайр, ман меравам.
АКРАМ (саросема). Камтар ист!.. Барои як ҷавоб шунидан – то кай овора шуда гардам? Хонаву ҷой дорам. Касбу амалам бад нест. Дар як шаҳр кор мекунем. Боз чӣ намерасад?
МАЙСАРА (бурдборона). Инсоф!
АКРАМ. Аз кадом инсоф гап мезанӣ?
МАЙСАРА. Кӣ набошад, Анвар ҷӯраи ту. Ин дилкашолиат хиёнат нест магар?
АКРАМ. Аз инсоф гап мезанӣ… Вай магар инсоф кард?
МАЙСАРА (хаёл карда). Охир, ту як маротиба зан гирифтӣ. Вай баромада рафт. Боз бо кадом рӯй ин таклифро ба ман мекунӣ. Ягон айбат будагист, ки занат гурехт…
АКРАМ (хомӯш монда). Ту маро сахт ранҷондӣ, Майсара.
МАЙСАРА. Агар ту маро ранҷонӣ, майлаш?
АКРАМ. Айби падару модарам. Онҳо маҷбурӣ тӯй карда буданд. Худат ҳам медонистӣ?.. Вай аз баччагӣ каси дигарро нағз медидааст. Дар ин ҷо гуноҳи ман ҳам калон гузашт-куя…
МАЙСАРА (оҳ кашида). Оҳ, агар худи ман бо Назира сӯҳбат карда метавонистам… Чаро ба соат нигоҳ накардам? (Хаёл карда) Ту маро мебахшӣ, Акрам!..
Майсара баромада меравад. Акрам сарашро хорида мемонад. Беихтиёр қадам мезанад. Дар ҳамин фурсат аз тарафи дигар калиди мошинро бозӣ доронда, Саидҷон меояд. Вай Акрамро ғарқи хаёл дида, китф дарҳам мекашад. Баъд ба ӯ наздик мешавад.
САИД. Салом, Акрам-ку!
АКРАМ (сард). Салом. Ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?
САИД. Сардорамро овардам. Он кас меҳмонашонро гусел мекунанд.
АКРАМ. Барои ронандаҳо нағз. Онҳо аз хатти сардорашон намебароянд.
САИД. Барои шумоён чӣ?.. (Акрам нигоҳ мекунаду ҷавоб надода баромада меравад). Ба ин одам чӣ шуда бошад? Баъзеҳо ба ман мегӯянд, ки зангириат барвақт. Барои чӣ барвақт будааст?.. Ба бист даромадам. Маошхӯр шудам, хонаро таъмин карда метавонам, вазнам баъзеҳо барин, ба гардани падару модарам намеафтад. Фақат масъалаи хона душвор. Инаш ҳам мешавад. Ба вай аз комбинат хона медиҳанд. Фарқаш чист, ки хонаро шавҳар мегирад ё зан? Агар ҳамин масъалаи Майсара яктарафа мешуд, рост рафта ба ЗАГС ариза медодем. Барои мо тӯи дабдабанок даркор нест. Хӯрокам аз хона, маошамро пасандоз кардам. Ба либоси тӯёнаи ҳардуямон хуб мерасад…
Саидҷон хеста рафтанӣ мешавад. Аз пеш Шаҳноз меояд.
ШАҲНОЗ. Салом, Саидҷон!
САИД. Оҳ, ҷонам… Ту чӣ хел ба ин ҷо омадӣ?
ШАҲНОЗ. Як дугонаамро гусел кардам. Дидам, ки мошинаат истодааст, кофта омадам.
САИД. Мехоҳӣ, беруни шаҳр барам?
ШАҲНОЗ. Не, намехоҳам.
САИД. Барои чӣ?
ШАҲНОЗ. Ба сменаам дер мешавад. Ман ҳозир як дугонаи хело нағзамро гуселонидам. Ҳардуямон шогирди як устодем.
САИД. Куҷо рафт?
ШАҲНОЗ. Боку. Акояш зан мегирифтааст. Ту маро табрик кун!
САИД. Бо чӣ?
ШАҲНОЗ. Бригадаи мо зарбдори меҳнати коммунистӣ эълон шуд.
САИД. Бо ҷону дилам табрик мекунам. Муборак шавад! Агар рухсат медодӣ, аз рухсори зарбдори меҳнати коммунистӣ бӯса мекардам.
ШАҲНОЗ (шарм карда). Э, мон-э… Аз мардум шарм намедорӣ?
СИД (бо ҳиссиёт). Охир, туро дӯст медорам. Бо хаёлат на шаб хоб дораму на рӯз ором.
ШАҲНОЗ (ноз карда). Ин гапат дурӯғ.
САИД (ҷиддӣ). Ба ҷони ҷавонам қасам!.. Метарсам, ки бо фикри ту сардорамро ягон рӯз ба ягон фалокат дучор накунам.
ШАҲНОЗ (хандида). Ҷони сардорат азиз бошад, маро хаёл накун!
САИД. Ин чӣ хел мешавад?
ШАҲНОЗ. Мешавад… Ту маро дар комбинат хабар намегирӣ, то назди дугонаҳоям худнамоӣ кунам, суруди резаборонро хонам. Вақте сари дастгоҳ бошам, корам пурбарака бошад…
САИД. Дирӯз рафтам, худат набудӣ. Дурусттараш, сменаи ту набуд. Хоҳишат чунин бошад, рӯзе ду-се маротиба остонаи комбинати шуморо охурча мекунам!
ШАҲНОЗ. Раву охурча накун. (Хаёл карда.) Саид, ман метарсам…
САИД. Аз чӣ метарсӣ, Шаҳноз?
ШАҲНОЗ. Ба ман хостгор омада истодааст.
САИД. Хонаашонро месӯзам!
ШАҲНОЗ. Падару модарам розӣ нею моил…
САИД. Худат чӣ мегӯӣ?
ШАҲНОЗ (бо табассум). Ман чӣ ҳам гуфта метавонистам? Онҳо маро калон кардаанд.
САИД. Шӯхӣ накун, азизам!
ШАҲНОЗ. Агар одам рости гапро гӯяд, магар ин шӯхӣ мешавад?
САИД (бо ҳарорат). Охир, ман бе ту зинда намемонам. Худамро месӯзам…
ШАҲНОЗ (ором). Агар худатро сӯхтанӣ бошӣ, бисӯз…
САИД. Чӣ-ӣ?
ШАҲНОЗ (хандида). Фақат дар оташи ишқ бисӯз!.. Охир пайкаратро сӯхта чӣ кор мекунӣ?.. Вай танҳо як мушт хокистар мешавад…
САИД. Шаҳноз, Шаҳнозҷон… Ту маро масхара мекунӣ?
ШАҲНОЗ. Не. Ҳаргиз не… Бовар кун, ки ба ман хостгор омада истодааст. То кай ман интизори тӯи Майсара мешавам?..
САИД. Андаки дигар сабр кун. Ҳамин, ки падарам аз сафар омаданд, масъалаи Майсара ҳал мешавад.
ШАҲНОЗ. Ман ба падару модарам чӣ гӯям?
САИД. Гӯй, ки ту ҳоло тӯй шудан намехоҳӣ.
ШАҲНОЗ. Онҳо ба хостгорон чӣ гӯянд?
САИД. Гӯянд, ки "ҳоло духтарамон хурд аст".
ШАҲНОЗ. Он тараф сардори падарам.
САИД (оҳ кашида). Ин чӣ гап, ки сардорон ба хонаи мутеонашон хостгор мефиристанд?!! Ба писар мафтун шудӣ?
ШАҲНОЗ (ранҷида). Ту падару модарамро розӣ кун!
САИД. Ман назди онҳо рафта наметавонам. Шаҳнозҷон, меҳрубонам, ба онҳо розӣ нашав. Исто, падарам аз сафар оянд, ту баъд хостгорони моро қабул намо!.. Он ҷавонро худи ту дидаӣ?
ШАҲНОЗ. Не. Мегӯянд, ки факултети физикаро аъло тамом кардааст.
САИД. Ман ҳам мехонам. Аъло мехонам. Ту ҳам мехонӣ…
ШАҲНОЗ (ором). Ҳамааш ба худат вобаста. Агар маро нағз бинӣ, ҳаракат кун… Вақтро гузаронӣ, аз ман гила карда нагард. Фасли резаборонро ба хотир биёр, ки чӣ гуна шинос шуда будем… Хайр, ман рафтам…
САИД. Исто, ман туро мебарам.
ШАҲНОЗ. Сардорат чӣ мешавад?
САИД (ҷиддӣ). Ҳар чӣ шавад – шудан гирад… Туро ба корхона бурда мемонаму рост назди модарам меравам. Аз гиребони Майсара мегирам…
ШАҲНОЗ. Ин корат хуб намешавад. Аз сардорат пурс!
САИД. Хайр, мебинем…
Саидҷон аз дасти Шаҳноз гирифта мераванд. Саҳна лаҳзае холӣ мемонад. Бо хотири парешон, ҳамон портфелаш дар даст Анвар дохили саҳна мешавад. Маълум аст, ки вай аз сафар омадааст. Гузашта дар яке аз харакҳо менишинаду сигарет бароварда мекашад.
ОВОЗИ ДИКТОР:
Диққат, диққат! Ба самолёте, ки ба тарафи Бойсун парвоз мекунад, саворшавӣ сар шуд. Аз пассажирон хоҳиш карда мешавад, ки аз баромадгоҳи панҷум ба перрон бароянд… Самолёти ғайри-навбатӣ аз тарафи Гулдара омад!..
АНВАР (ба тарафи овоз нигариста). Аз Гулдара кайҳо омада буд… Дер эълон мекунед, хонум!.. (Сигарет кашида, дудашро ба ҳаво сар медиҳад). Сарам пур аз гард аст… Куҷоӣ, резаборон?! Хайр-р… Акрам маро дур дида, Майсараро ба худаш ром карданӣ шудааст. Ман ӯро дӯсти наздикам ҳисоб мекардам-а… Ба фотиҳа шудани ман умед набанд, Акрам!.. Шояд ман дили падару модарамро андаке нарм карда бошам… Ё худ онҳоро дудила карда омада бошам. (Паи ҳам сигарет мекашад).
ОВОЗИ ДИКТОР:
Диққат, диққат! Самолёте, ки аз тарафи Хоруғ меояд, ба замин фаромад. Такрор мекунам…
Такрор накунӣ ҳам мешавад. Ман касеро интизор нестам… Оҳ, ман ба ин гирдбод дучор шудаму коруборам ҳам аз равнақ монд. Дар ин рӯзҳо ман ба "хизматгори ду хоҷа" табдил ёфтам. Падарам мегӯянд, ки "дар назди мардум хиҷолатзада мешавем". Модарам мегӯянд, ки "дар назди хешутабор сарамон паст мешавад". Ин корро бо худи Назира ҳал кардан лозим буд. Ба вай нагуфта рафтанам хуб нашуд… Натиҷааш фақат ҳамин шуд, ки вай дар аэропорти Гулдара маро "надида" гузашта рафт. Аз паяш давидаму вай худашро ба мошин зад… (Ба хаёл фурӯ меравад).
Дар даст сумкаи сафарӣ Ҳотамбеков меояд. Анвар намебинад.
ҲОТАМ. Салом, Анвар!
АНВАР (ҷаста мехезад). Салом Ҳотам!.. Боз кадом шамол паронд?
ҲОТАМ (хандида). Шамоли маҷлис. Дилам ҳеҷ омадан намехост. Ба қарибӣ аз ин ҷо бо азобе рафта будам. Боз даъват карданд. Хайр, дар олами наботот чӣ зуҳуроти наве ҳаст?
АНВАР. Ҳеҷ напурс… Ман ҳам ҳозир аз Гулдара омадам. Намедонам, ки дар шаҳр чӣ гапҳо бошад.
ҲОТАМ. Акнун, ки омадӣ, мефаҳмӣ. Ҳар дақиқаи ҳаёт сад навигарӣ!.. Хайр, бо такси меравем ё бо троллейбус?
АНВАР (бо даст ишораи рафтем карда). Марҳамат!.. Кадомашро ту хоҳӣ… (Ҳарду равон мешаванд).
ҲОТАМ. Анварҷон…
АНВАР. Лаббай.
ҲОТАМ. Майсара ва Акрам дар чӣ ҳол бошанд?
АНВАР (оташин шуда). Лаънат ба Акрами ту!
(Саҳна торик мешавад).
Охири намоиш.