Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

РЕЗАБОРОН - ҚИСМИ ДУЮМ

НАМОИШИ ШАШУМ.



Гулбоғи аэропорт. Гоҳ-гоҳ ғурриши моторҳо ба гӯш мерасад. Диктор рейсҳоро эълон мекунад. Одамон аз тарафе ба тарафе мегузаранд… Дар даст гулдаста Анзурат ва аз паи вай калидро бозӣ доронда, Саидҷон ба саҳна медароянд.

САИД. Модарҷон, ҳанӯз вақт бисёр…
АНЗУРАТ. Барвақт баромадан хосият дорад, писарам. Дари мошинро қулф кардӣ?
САИД. Ҳа, модарҷон. (хандида). Агар мошини идора мебуд, намепурсидед.
АНЗУРАТ (нишаста). Магар мошини идора ҳам қулф дорад?
САИД. Дорад, модарҷон.
АНЗУРАТ (табассум карда). Минбаъд мепурсам. Аз ман ба ту насиҳат, писарам: Ҳар вақт касеро гусел кунӣ ё пешвоз гирӣ, албатта, аз мӯҳлати муайяншуда хело пештар баро!.. Одамони моҳҳо надидаатро дар ҳамин ҷо дида мемонӣ. Сӯҳбат мекунӣ. Баҳри дилат кушода мешавад.
САИД. Яъне, "элак баҳонаву дидор ғанимат" гуфта баромадан гирем?
АНЗУРАТ. Бале, писарам.
САИД. Бе ҳамин ҳам, як ғилдираки мошини ман доим дар ҳамин ҷост. Гуселу пешвози ман бисёр. Сардори ман, модарҷон, хешутабору шиносҳои бисёр доранд. Ман як одами аробакаш. Мераваму меоям…
АНЗУРАТ. Ҳа, писарам, касбат нағз. Шабона ба хондан медаромадӣ ҳам, бад намешуд.
САИД. Худам ҳам дар ҳамин фикру хаёлам, модарҷон. (Шармгинона) Аввал сарамро ҷуфт кунетон… Баъд бо келинатон якҷоя ба хондан медароем.
АНЗУРАТ (хандида). Ҳай, бешарм… Апаатро монда, туро тӯй кунем?
САИД (бепарво). Кори ӯро тезонетон-дия…
АНЗУРАТ. Канӣ, исто, падарат биёянд… Росташ, ки ин сафарашон дурудароз шуда рафт… Дишаб бо телефон гап задаму… Хайрият ки имрӯз меоянд.
САИД. Дар умрам падарамро ин хел интизор нашуда будам.
АНЗУРАТ. Ҳа, ҳа… Таги коса нимкоса будааст, писарам. Падарат ба ҳамааш розӣ мешаванд. Мақсади мо – шумоён осудаву шод бошетон, писарам… Ту Майсараро ба кор андоз!
САИД (норозӣ) Э, монед, оча…
АНЗУРАТ (ҳайрон шуда). Чиро монам?
САИД. Майсара домани киро сахт доштанашро намедонад. Акрам аз паи вай кашола… Вай аз паи Анвар кашола… Анвар ҳам аз паи ким-кадом каси дигар кашола… Фақат кашолакорӣ!..
АНЗУРАТ (чашмонашро калон кушода). Ту чиҳо мегӯӣ, писарам. Магар апаат нағз мебинад? Барои чӣ то ҳол ба мо чизе нагуфт?
САИД. Намедонам, барои чӣ намегӯяд. Медонам, ки Анварро нағз мебинад…
АНЗУРАТ. Анвар чӣ?
САИД. Гӯё вай ҳам нағз мебинад. Аммо намедонам…
АНЗУРАТ (худ ба худ). Духтар калон шавад – интихоб карда мегардаду падару модар дар азоб. То қарибиҳо ба ихтиёри худаш мондем. Баъд хостгорон омаданд… Ба онҳо чизе гуфта натавонистем. (Ба Саидҷон) Писарам, падарат оянд. Ман ҳатман масъалаи тӯи туро назди он кас мегузорам.
САИД (ҳайрон). Якуякбора? Майсара чӣ мешавад?
АНЗУРАТ. Нӯгашро дар телефон бароварда будам… Шояд аппат аз тӯи ту ба ваҷд ояду баъд ба тӯи худаш розӣ шавад. Аз паи вай кӣ кашола гуфтӣ.
САИД. Акрам.
АНЗУРАТ. Вай чӣ кора?
САИД. Мухбири радио.
АНЗУРАТ. Ҳа-а… Ман Акрами дигар гумон кардам. Охир, вай зан гирифта буд-ку?!
САИД. Баромада рафтагӣ.
АНЗУРАТ. Барои чӣ?
САИД. Гӯё падару модараш маҷбурӣ дода будаанд.
АНЗУРАТ (хаёл карда). Дар замони ҳозира фарзандонро маҷбур кардан умуман кори хато, писарам… Аммо фарзандон ҳам нисбат ба падару модар бояд баандеша бошанд, Саидҷон!..
САИД (болида). Рост гуфтед, модараки азизакам! (Мебӯсад.)

ОВОЗИ ДИКТОР:
Диққат, диққат! Самолёте, ки аз тарафи Новосибирск меояд, ба замин фаромад. Такрор мекунам…

АНЗУРАТ. Ин аз они мо не.
САИД (бепарво). Барои расидани падарам ҳанӯз як соат ҳаст.
АНЗУРАТ (оҳ кашида). Хайр, биё, равем, маро бо чой зиёфат кун!
САИД (бо ҳазл). Бо арақу шомпон не-мӣ?
АНЗУРАТ (бо табассум). Ҳа-а, шарманда!..
САИД (хандида). Бо ҷону дилам, очаҷон. Рафтем!.. (Мераванд).

ОВОЗИ ДИКТОР:
Ба диққати пешвозгирандагон! Самолёте, ки аз тарафи Самарқанд бо рейси махсус меояд, ба замин фаромад. Бо ин самолёт пешқадамони хоҷагии қишлоқи районҳои Айнӣ ва Панҷакент ба марказ омаданд…Марҳабо, дӯстони азиз, Душанбе пешкаш!

Ҳотамбеков ва Акрам гапзанон ба саҳна медароянд.

ҲОТАМ. Дар байни инҳо шиносҳои мо ҳам будагистанд?
АКРАМ. Шунидӣ-ку, пешқадамони хоҷагии қишлоқ!
ҲОТАМ (бо пафос). Панҷакент – ин диёри Рӯдакист!
АКРАМ (дар он оҳанг). Райони Айнӣ – ин баҳори Туғрал аст!.. Беҳтараш, баҳористони Туғрал аст.
ҲОТАМ (ба гапи муқаррарӣ гузашта). Анвар аз ту сахт ранҷидааст…
АКРАМ (андешаманд нишаста). Ранҷиданаш хато, Ҳотамҷон. Вай мебоист аз худаш ранҷад. Ман ба вай бисёр гузашт кардам. Ӯро аз роҳҳои ношоям нигоҳ медоштам. Баъди фаҳмидани хатояш ба ман миннатдорӣ изҳор мекард. Акнун бошад…
ҲОТАМ. Сабабаш чист?
АКРАМ. Худаш нагуфт?
ҲОТАМ. Не нагуфт. Ман номи туро гирифтаму вай оташин шуд. Мо аз ҳамин ҷо ҷудо шуда рафтем.
АКРАМ. Ман фаҳмидам. Ғазабаш барои Майсара будагист…
ҲОТАМ. Ба Майсара чӣ шудааст?
АКРАМ. Чизе нашудааст. Ӯро Анвар дӯст медорад.
ҲОТАМ (табассум карда). Ту ҳам нағз мебинӣ…
АКРАМ. Бале. Аммо ба Анвар гузашт карда будам.
ҲОТАМ (бо писханд).

Ҳай-ҳай, чи ҳимматест, ки аз баҳри дӯстӣ,
Ёрон азизи хеш ба ёрон гузар кунанд!..

АКРАМ. Ҳа, ҳа… Ҳамин тавр шуда буд. Худат медонӣ, ки ман баъди он зан гирифта будам.
ҲОТАМ. Дурусттараш, ба ту зан дода буданд. Исто, ки чаро "будам"?
АКРАМ. (бо ҳайрат). Магар ту намедонӣ?
ҲОТАМ. Не-е.
АКРАМ. Ҳо-о… Кӯҳҳои Помир баланд. Хабари нохуш ба он ҷо дер мерасад.
ҲОТАМ. Бе шаф-шаф бигӯй, чӣ шуд?
АКРАМ (оҳ кашида). Вай баъди тӯй баромада рафт. Ман ӯро нигоҳ дошта натавонистам. Вай баромада рафту ман то ҳанӯз қарзи тӯйро меканам. Худат як тасаввур намо…
ҲОТАМ. Ҳа, тасаввур мекунам. Тӯйҳои ҳозиразамон ҳоло қиммат шуда мондаанд. Одамон ба якдигарашон тақлид мекунанд. Яке дорад, яке надорад… Инро ба ҳисоб намегиранд. Ҷавонон-ку ҷавонон… Ба падару модари онон чӣ шуда бошад?.. Гумон мекунӣ, ки онҳо давраи Ҷанги Бузурги Ватаниро аз сар нагузаронда бошанд…
АКРАМ. Ҳаминро гӯй-а… Хайр, мову ту ҷангро надидаем. Ҳаргиз набинем! Охир, падаронамон дидаанд. Ба онон ҳурмати алоҳида мебояд.
ҲОТАМ. Ҳамааш як тарафу бадтараш тӯи маҷбурӣ. Кас ҳурмати падару модар гуфта, ноилоҷ розӣ мешавад. (Табассум карда) Ман туро дар назар дорам.
АКРАМ. Ту чӣ ғам мехӯрӣ? Дар Помир тӯи маҷбурӣ нест-ку…
ҲОТАМ. Рост. Дар он ҷо ишқ нисбатан озодтар аст. Аммо ман ғами ТоҷикистонОхири намоиш.ро мехӯрам. Ғами туро мехӯрам, ғами бародари дигарамро мехӯрам… Тӯй кардандат. Ҳанӯз, ба гуфти худат, қарз меканӣ. Лекин натиҷааш?.. Хайр, гузашта гузашт. Аз ояндааш андеша кардан лозим.
АКРАМ (бо ҳасрат). Андешаи имрӯзаму пагоҳаму фардоям Майсара… Чӣ кор кунам, ки то ҳол дилашро ба ихтиёрам намедиҳад. Ё ягон шеъри ошиқона навишта фиристам? Худат медонӣ, ки як вақтҳо машқ мекардам…
ҲОТАМ (ҷаста мехезад). Оҳой шаҳноз, шаҳноз… Охир, ӯро ба Анвар гузашт кардӣ-ку?!
АКРАМ. Ҳа. Аммо чӣ кор кунам? Муҳаббати аввал… Як сабаби ба тӯй розӣ шуданам ҳам ҳамин Анвар буд. Ҳозир вай ба ҳоли онвақтаи ман афтодааст.
ҲОТАМ. Наход? Вайро ҳам тӯй карданд?
АКРАМ. Не, фотиҳа карданд. Ин сарахбори тӯй аст.
ҲОТАМ (оҳ кашида). Бечора Майсара…
АКРАМ. Вай бечора нест. Ман бечора… "Поёни шаби сияҳ сафед аст" гӯён, ба омадани падараш интизор шуда гаштаам.
ҲОТАМ. Шодизода ҳанӯз наомадаанд?
АКРАМ. Не-дия. Ба гумонам, ин дафъа дурудароз таҷриба иваз карданд…

Сарира ва Басир меоянд. Салом медиҳанд. Акрам ва Ҳотам бо имои сар ҷавоб мегардонанд.

САРИРА (ба Акрам). Анвар-поччомро надидед?
АКРАМ. Не.
БАСИР. Як кас гуфт, ки ба аэропорт рафтанд.
ҲОТАМ. Аэропорт калон. Шояд дар ягон гӯшаи дигараш бошад.
АКРАМ. Чӣ буд? Ягон гапи таъҷилӣ баромад?
САРИРА. Ҳа, гапи зарури тез мерасондагӣ.
АКРАМ. Канӣ, фаҳмем.
САРИРА. Ба Шумо гуфта наметавонам.
ҲОТАМ. Ин кас дӯсти Анвар ҳастанд.
БАСИР. ҷое, ки худашон набошанд, гуфтан раво нест.
САРИРА (ба Басир). Рафтем. Гӯшаҳои дигарро мебинем!..

Сарира ва Басир мераванд.

АКРАМ (аз паи онҳо нигоҳ карда). Ин духтар хоҳарарӯси Анвар аст. Модоме ӯро кофта гаштаанд, ба гумонам, тӯй наздик. Ту нарав, Ҳотам. Тӯй хӯрда меравӣ.
ҲОТАМ (хандида). Боз аксаш набарояд?
АКРАМ. Не, масъала ҳал шудагӣ. Фақат рӯзи тӯй маълум набуд.
ҲОТАМ (китф дарҳам кашида). Надонам… Башараашон ба қосиди тӯй монандӣ надошт. Ҳай, шаҳноз. Духтараки базеб будааст.
АКРАМ. Рост. Аммо апаш аз ин ҳам базебтар. Дар назари ман Майсара аз ҳардуи онҳо ҳам базебтар аст!
ҲОТАМ. Лайлиро бо чашми Маҷнун дид бояд, гуфтаанд,
Ин шиори ошиқон будаст аз даври куҳан…
АКРАМ. Бале, ҳамин тавр. Модоме Анвар дар аэропорт гаштааст, ягон гап будагист. Биё, давр мезанем.
ҲОТАМ (ба соаташ нигоҳ карда). Вақти ман ҳам қариб омад.
АКРАМ (ба соаташ менигарад). Ҳанӯз як соат ҳаст. (Хандида). Агар боз ягон кампири тӯйравон пайдо нашавад, ин маротиба дар вақту соаташ мепарӣ.
ҲОТАМ. Хайр чӣ, ман таҷриба дорам.

Ҳотамбеков ва Акрам баромада мераванд. Аз тарафи дигар, дар даст гулдастаи зебое ва худ каме мушаввашхотир Майсара оҳиста-оҳиста ба саҳна дохил мешавад. Вай атрофро аз пеши назар мегузаронаду дар яке аз харакҳо менишинад… Гулдастаро болои харак мегузорад. Оҳанги вазнине ба гӯш мерасад. Вай оҳиста-оҳиста баланд мешавад. Майсара дар ҳамон оҳанг месарояд.

Ман гуле мехостам аз ин баҳор, аз даст рафт,
Сабру тоқат, бурдборӣ, ихтиёр аз даст рафт.
Аз ҳавои ишқи ёре доштам зӯру тавон,
Лек бе изни дили ман иқтидор аз даст рафт.
Дар миёни обу оташ мезанам болу паре,
Сад ҳазор афсӯс, наҷми шӯълабор аз даст рафт.
Медаромад аз дари ман ҳар саҳар бӯи баҳор,
Дар димоғам нест он бӯеву кор аз даст рафт!
Меравам бар ҷои корам бо дили озурдаам,
Ҳар кӣ мепурсад зи ман: Оё нигор аз даст рафт?
Бевафоӣ буду бошад дар вуҷуди нокасон,
Ман касам, аз ин сабаб ҳам ифтихор аз даст рафт…

(Оҳ мекашаду аз ҷо мехезад). Аз даст рафт. Чӣ илоҷ?.. Замонаи ишқи Лайливу Маҷнун ва Фарҳоду Ширин гузашта рафт… Бебозгашт.

Анвар меояд. Вай охири гапи Майсараро шунидааст.

АНВАР. Дурӯғ. (Майсара якқад парида нигоҳ мекунад). Ман ҳамон Маҷнунам… Ман ҳамон Фарҳодам…
МАЙСАРА (қоҳ-қоҳ хандида). Аммо Маҷнуни ман, Фарҳоди ман нестӣ!
АНВАР. Ҳастам!
МАЙСАРА (ҷиддӣ). Чӣ хел шарм надошта, ба ман чунин мегӯӣ? Ягон Маҷнун рафтори туро накардааст…
АНВАР. Маҷнуни Шоҳин зан гирифта буд. Боз ба назди Лайлияш баргашт. Ман бошам…
МАЙСАРА. Дар замонаи Шоҳин Маҷнунҳо ҳам ҳатӯл буданду Лайлиҳо ҳам сустирода… Он ахлоқро замони мо, сохти мо намебардорад, Анвар-поччо. (Рост ба чашмони Анвар менигарад).
АНВАР. Барои чӣ ман поччо будаам?
МАЙСАРА. Барои он ки ту аз Гулдара ҳастию гулат ҳам аз ҳамон дара аст!..
АНВАР. Не, не! Гули ман аз баҳори Душанбе! Бовар намо, ки ман падару модарамро як дараҷа розӣ кардаму фақат гап ба он тараф мондааст.
МАЙСАРА (бо писаханд). Ҳм… як дараҷа…

Майсара баромада меравад. Анвар аз паи вай "Исто, гапро фаҳм… Илтиҷо мекунам!" гӯён меравад. Аз тарафи дигар Сарира, Башир ва Басир ба саҳна дохил мешаванд. Онҳо аз гаштана монда шудаанд.

БАСИР. Вай нест. Акнун чӣ кор мекунем?
САРИРА. Сабр мекунем. Шодизода меомадаанд.
БАШИР. Шодизода кӣ?
САРИРА. Падари Саидҷон. Анвар-поччо албатта ба пешвозгирӣ мебароянд.
БАШИР. Сарира, Саидҷон кист?
САРИРА. Ё тавба… О, ҳамон шофёре, ки он рӯз моро то институт бурда монд-ку?!
БАШИР. Ҳа-а… Додари Майсара, маҳбуби Шаҳноз.
БАСИР. Бале, худи худаш. Мо бо вай дӯст шудему Сарира бо Шаҳноз дугона шуд. Ба ҳар ҳол, табақаи синфи коргар… Дар ин ҷо дӯстии ду табақа, коргару деҳқон ба амал омад.
БАШИР. Намедонам, ки дар мактабат чӣ гуна будӣ… Аммо фаҳмидам, ки ба гап ҷома пӯшонда метавонӣ!.. (Ҳарсе механдад).

ОВОЗИ ДИКТОР:
Диққат, диққат!.. Самолёти рейси 401, ки аз Москва парвоз кардааст, ба фурудгоҳи Душанбе фаромад. Ба диққати пешвозгирандагон: бо ин рейс як гурӯҳ сайёҳони хориҷӣ ва мутахассисони соҳаи энергетика омаданд!

Майсара тозон меояду гулдастаашро, ки фаромӯш карлд рафта буд, мегираду боз тозон меравад. Ҳама аз паи вай нигоҳ карда мемонанд.

БАСИР (бо ҳиссиёт шеъри ба аэропорт бахшидашударо мехонад):
Эй ту, дарвозаи ҳавоии шаҳр,
Ҷой дорӣ миёни кӯҳсорон.
Аз ту берун раванду бозоянд,
Одамони накӯи ин даврон!

Аз ту наздик ҳар канори Ватан,
Мурғи пӯлодини ту бисёр аст.
Мебарад бемалолу бороҳат,
Бар ту ҳар як роҳӣ ҳаводор аст.

САРИРА. Аз ту рақоссаҳои номии мо
Ба ҳама гӯшаи ҷаҳон рафтанд.
Шӯҳра карданд номи тоҷикро,
Чунки бо қалби тоҷикон рафтанд…
БАСИР. Аз ту рафтанду дар дили Маскав
Саҷда карданд бар дили Ленин!
Баски ин олами навин аз ӯст,
Ту ҳам аз ақли комили Ленин!

БАШИР (қарсак зада). Офарин! Дар конкурси хониши бадеӣ ҷои якумро нагиред ҳам, ҷои сеюм аз они шумост!..
САРИРА. Барои чӣ ҷои сеюм?
БАШИР. Чунки ин шеърро аз ман пинҳонӣ ёд кардаед.
БАСИР. Он қадар ҳам пинҳонӣ набуду…
БАШИР. Хайр, чӣ буд?
САРИРА. Ту бисёр хоб меравӣ. (Басир механдад).
БАШИР. Ё тавба-а-а… "Аз тӯҳмати ногаҳон нигоҳ дор" – гуфтаанд. (Ба Сарира). Бисёр хоб рафтани маро ту аз куҷо медонӣ?
САРИРА. Масалан, ҳамин рӯз ҳам дер мондӣ.
БАШИР. Ҳа-а… Хоб нею курта шуста паҳн карда, сонӣ омадам.
САРИРА. Хушк шавад, ман дарзмол карда медиҳам.
БАШИР. Ташаккур!
БАСИР. Биёед, қавл медиҳем, ки ҳама вақт бармаҳал мехезему дарсҳоро тайёр мекунем. Шеърҳои хубро ҳам ёд карда, ба ҳамдигар мехонем. Умуман, саҳар хестан хосият дорад!
САРИРА. Дуруст, шеър қувваи ҳофизаро зӯр мекунад, мегуфт апаи ман Назира.
БАШИР (бо дили нохоҳам). Ман розӣ… (ба ҳамдигар даст дода, қавлашонро қувват медиҳанд).
БАСИР. Маълум мешавад, ки Назира шеърдӯст будааст. Сарира, акнун кори Назира чӣ мешавад?
САРИРА (қатъӣ). Ба ҳар ҳол дар сари роҳ намемонад. Агар донистан хоҳӣ, барои ин кораш ман ҳам сабаб шудам…

Акрам ва Ҳотамбеков меоянд.

ҲОТАМ. Анварро дидетон?
БАСИР. Не, муаллим.
АКРАМ (ранҷидахотир). Вай ҳамроҳи пешвозгирандагон ба ҳамин сӯ меояд. Ҳӯ, ана… (Ба тарафе, ки омаданд, ишора мекунад.)
САРИРА. Раҳмат, муаллим!
БАШИР. Мо хеле кофта, наёфта будем…
АКРАМ. Дурусттар накофтаетон.

Басир, Башир ва Сарира ба ҳамдигар нигоҳ карда мегиранд.

САРИРА. Хайр, дар ҳамин ҷо меистам.
БАСИР. Ихтиёри ту.
АКРАМ (ба Ҳотам). Ман туро гусел карда, сонӣ меравам.
ҲОТАМ. Ман худам меравам. Ташвиш накаш. Ту ҳамроҳи инҳо рафтан гир…
АКРАМ. Ку, бубинем!..

Дар ҳамин фурсат Анзурат, Саидҷон ва Майсара Шодизодаро миёнагир карда меоянд. Шодизода марди қавипайкари нуронӣ аст. Аз паи онҳо Анвар қадам зада меояд.

САИД. Дадаҷон, дар мавзолей ҳам будед?
ШОДИЗОДА (бо тамкин). Оре, зиёрат кардам.
САИД (орзуманд). Албатта, ману Шаҳноз ҳам ягон рӯз меравем.
ШОДИЗОДА (бо тааҷҷуб). Саидҷон?
САИД. Лаббай! (Саросема шуда). Хайр, ман чизу чораи Шуморо гирам… (Тозон баромад меравад).
ШОДИЗОДА (ба занаш). Шаҳнозаш кист? (Чашмаш ба Сарира дӯхта мешавад). Дар набудани ман…
АНЗУРАТ. Худаш биёяд… Марҳамат карда нишинед!
ШОДИЗОДА. Хуб шудааст. (менишинад). Шумоён ҳам шинетон!.. (Баъзеҳо менишинанду баъзеҳо рост меистанд). Хӯш аз Шаҳноз шунавем?!
АНЗУРАТ (ноилоҷ). Арӯсшавандааш. Дар комбинати бофандагӣ кор мекардааст… Саидҷон рӯзу шаб роҳи Шуморо мепоид.
ШОДИЗОДА (бо рӯи кушод). Бисёр нағз… Худи Саидҷон ҳам ба ҳисоби синфи коргар аст. (Ба духтараш гӯшрас карда). Хӯш ба ин гап соҳибмаълумотҳо чӣ мегӯянд?
АНЗУРАТ. Чизе намегӯянд.
ШОДИЗОДА. Инаш хуб нест… Мебоист чизе бигӯянд. Ман аз Шумо хоҳиш карда рафта будам, очаҷонашон.
АКРАМ (гапро ба дигар тараф бурданӣ шуда). Ман як савол дорам.
ШОДИЗОДА. Марҳамат, Акрамҷон!.. Саволи мухбир, одатан, аз таассурот сар мешавад. Гапам рост аст?
АКРАМ (табассум карда). Рост аст.
ШОДИЗОДА. Таассурот хуб. Ба маҳсулоти заводи мо "Нишони сифат" доданд. Метавонед табрик кунед…
ҲОТАМ. Муборак шавад!
ШОДИЗОДА. Раҳмат. (Ба Акрам). Шумо боз хостед, донед, ки ман аз самолёт фаромада, дар аэропорт чӣ навигарӣ дидам?
АКРАМ. Ҳамин мақсадам ҳам буд.
ШОДИЗОДА. Зали тобистонаи нав!

Ҳар тараф бинам фатҳи ҷовидони Октябр,
Чунки мебошем моён тоҷикони Октябр!
Роҳҳои дури моро он қадар наздик кард,
Ин фурудгоҳи Душанбе – як нишони Октябр…

АКРАМ. Ташаккур!
ШОДИЗОДА (хандида). Агар апарататон мебуд, бисёртар гап мезадам. Давоми таассуротро, вақте ба завод омадед, албатта мегӯям…
АКРАМ. Меоям. Баромади Шуморо ҳатман ташкил мекунам.
ШОДИЗОДА. Чаро Саидҷон дер монд?
МАЙСАРА. Навбат калон будааст.
ШОДИЗОДА (оромона). Хайр, очаҷонаш, писарамон арӯс ёфтааст. Ин бисёр нағз… Аммо монеаро бардоштед?
АНЗУРАТ. Нашуд. Майсара ба гардан нагирифт.
ШОДИЗОДА (хаёл карда). Барои чӣ? Ё ягон одам дораду ба мо чизе намегӯяд?
МАЙСАРА (шармгинона). Дадаҷон, интизори омадани Шумо будам.
ШОДИЗОДА. Хӯш, хӯш?
АНЗУРАТ (оҳ кашида). Одамаш, ана ин Анвар будаанд. Аммо ин кас фотиҳа шудаанд…
ШОДИЗОДА. Хӯш, хӯш…
САРИРА (тозон ба миёна баромада). Мебахшетон! (Ба Анвар) Шумо ҳам мебахшед, Анвар-поччо! Ман бо телефон гап задам… Назира апаам гуфтанд, ки фотиҳа бекор шудааст.
АКРАМ (норозӣ). Чӣ-ӣ?
САРИРА. Назира фотиҳаро гардондааст!.. Дина аз маҳбуби солдаташ мактуб гирифта будааст. Албатта, мактуби нешдор будагист. Чунки ман ба ӯ навишта будам.
ШОДИЗОДА. Офарин, духтарам, ки ту солдатро огоҳ кардаӣ! Ман дар аввал туро Шаҳноз гумон кардам.
САРИРА. Не, ман Сарира.
АНВАР (аз пешонаи Сарира бӯсида). Ташаккур!.. Апаат маро аз хиҷолат баровард…
САРИРА (ба Анвар). Худатон ҳам розӣ нашавед буд-дия!..
ҲОТАМ (тоқат накарда). Рафиқ Шодизода, ба духтари Шумо дӯсти ман Акрам ҳам дилкашол аст.
ШОДИЗОДА (мутафаккирона). Резаи нон ба рӯи дастурхон,
Резаборон барои сабза накӯст.
Резагап будани накӯкорон
Носазову бад аст назди дӯст!
Гапро майда намекунем. (Ба занаш) Агар хостгорон боз оянд, ҳалимона ҷавоби рад диҳед. (Ба Майсара) Духтарам, падари ту онҳоеро, ки фарзандонашонро маҷбур мекарданд, нағз намедид… Ленину Октябр озодии шахсро оварданд. Инро худат ҳам хуб медонӣ. Ман чунин озодиро ҳамеша ҳурмат мекунам. Ин қадар гап доштаию ман бехабар. Акнун огоҳ шудам. Марҳамат, мана Анвар, мана Акрам… Ҳозир каси сеюм нест… Худат интихоб кун. Ояндаатро андеша намо! Инҳо аз имтиҳони ҳаёт мегузашта бошанд?
АНВАР (бо сари хам). Мегузарам!
АКРАМ. Ман кӯшиш мекунам…
ШОДИЗОДА (ҷиддӣ). Сабр кунед… Инсоф кунед!.. Аллакай ҳардуятон ҳам баҳои се гирифтед, бо тарҳаш… Аз ин санҷиш баҳои панҷ гирифтан хело, хело, хело… душвор аст! Якатон ба фотиҳа роҳ додаеду якатон… (хаёл карда мемонад).
ҲОТАМ. Шукр кунед. Ман мебудам, баҳои ду мегузоштам!..

ОВОЗИ ДИКТОР:
Диққат, диққат! Ба самолёте, ки бо рейси навбатӣ ба тарафи Хоруғ парвоз мекунад, саворшавӣ сар шуд. Такрор мекунам…

ҲОТАМ. Ин барои ман… Майсара, аз се роҳ якашро интихоб кардан шарт аст. Ҳамонашро, ки дар зераш ҷарӣ набошад…
ШОДИЗОДА. Раҳмат! Маълум аст, ки Шумо муаллимед. Ба Шумо роҳи беабр орзу мекунам.
ҲОТАМ. Ба ҳаматон парвози уқобона насиб кунад! (Тез меравад).
ШОДИЗОДА. Духтарам, парвози уқобона орзу карда рафт.
МАЙСАРА (бурдборона). Раҳмат, дадаҷон!.. Ман ба ҳисоб мегирам…

Саидҷон меояд.
САИД (хушҳол). Чизу чора дар мошин,
Мошинаро кардам зин!
ШОДИЗОДА. Саидҷон, ба тӯят мамониат дигар нест. Бояд ҳамаи тӯйҳо бе мамониат гузаранд! (Саидҷон падарашро мебӯсад).
МАЙСАРА (ба Саидҷон). Додарам, суруди резаборон форам аст?
САИД (болида). Форам, апаҷон, форам!.. Рафтем!..

Ҳама равон мешаванд.

САРИРА (худ ба худ). Резаи нон ба рӯи дастурхон,
Резаборон ба рӯи сабза накӯст!!!

БАСИР ва БАШИР Резагап будани накӯкорон
Носазову бад аст назди дӯст!..


ПАРДА.



« Бозгашт | МУНДАРИҶА