Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

РЕЗАБОРОН - ҚИСМИ ДУЮМ

НАМОИШИ ЧОРУМ



Гулгашти назди аэропорт. Саҳари бармаҳал. Дар яке аз харакҳо марде хоб. Вай портфелашро ба зери сар гузоштааст. Рӯяш бо газета пӯшидагӣ… Дар даст ҷорӯби дастадароз фаррош пайдо мешавад. Ягон-ягон коғазчаҳои дар саҳна будагиро чида мегираду рӯякӣ ҷорӯб мезанад. Баъд ба сари марди хобида меояд.

ФАРРОШ. Тахмин бо рейси охирин омадааст. Дар Душанбе меҳмонхона кам нею боз ҷой намерасад. Бинед, ки ин бечора дар кӯча мондааст… (Ба марди хобида муроҷиат мекунад). Ҳой, ҷавон, хезед! Автобусу троллейбусҳо ба кор сар карданд. (Марди хобида намеҷунбад.) Хайр, майлаш, хоб равад…

Фаррош оҳиста-оҳиста баромада меравад. Марди хобида паҳлӯ гаштанӣ мешаваду аз рӯяш газета ба замин меафтад. Гӯё бо садои афтодани газета мард мехезаду хамёза мекашад. Мо Анварро мешиносем.

АНВАР (худ ба худ). Хобам сахт бурдааст. Ба гӯшам касе "автобусу троллейбус" гуфт-мӣ? Ё ман хоб дидам? Аҷоиб… Одами парешонро ҳам хоб мебурдааст. Кас дар байни чор дарё тахтабанд шуда бошаду боз хобаш барад. Акнун донистам, ки асабҳоям мустаҳкам будаанд. (рӯи саҳна даст ёзонда қадам мезанад). Ман чӣ хел карда ин фотиҳаро гардонам? Падару модарам ба ин чӣ мегуфта бошанд?.. Шаб парида натавонистам. Назира ҳанӯз ин ҷост. Вай аз хоҳараш дил канда наметавонад. Хайр, тӯи маҷбурӣ маза надорад-ку… Масалан, зани Акрам. Ба хоҳишаш нигоҳ накарда тӯй карданду вай баромада рафт… Акнун Акрам азоб мекашад… Не, ин кор намешавад. Ман ба назди падару модарам ҳатман меравам. Ҳамаашро бо осудагӣ мефаҳмонам. Модарам нафаҳманд ҳам, падарам мефаҳманд. Он кас солҳои сол раиси ҷамоат буданд. Дар давоми корашон бисёр одамонро аз қайди никоҳ гузарондаанду гурӯҳеро ҷудо ҳам карда мондаанд… Ман ҳозир ба назди он кас меравам. Ҳозир мераваму масъаларо ҳал карда, бо рейси бегоҳӣ меоям. Аз рафта омадани ман касе хабардор намешавад. Чунки ба аэропорт омадани маро аз шиносон касе надидааст…

Анвар портфелашро мегираду меравад. Газета дар замин мемонад. Аз тарафи дигар Басир ва Башир ба саҳна дохил мешаванд. Басир тозон рафта аз замин газетаро мебардорад ва сӯи Башир менигарад.

БАСИР. Дина ҳам дар ин ҷо газета буд. Баъд омадем, ки дар ҷояш набуд. Вай акнун дар замин хобидааст.
БАШИР. Инашро ягон сафарии дигар монда рафтагист. Мо ба умеди пули падарат ҳама сирри аэропортро омӯхта мегирем. Агар бо почта мефиристоданд, кайҳо харҷи чойхонаҳо мешуд. Ё ман дурӯғ мегӯям?
БАСИР. Не, рост мегӯӣ. Ман барои аз почта гирифтан паспорт надорам, Башир.
БАШИР. Хайр, ба номи ман боварихат менавиштӣ!?
БАСИР. Бо ту ҷӯра шуданамро падарам аз куҷо донанд?
БАШИР. Хат навис! Навис, ки ту маро ба домодиашон номзад интихоб кардӣ. Боз навис, ки баъди хатми институт тӯямонро дар як рӯз карда диҳанд!..
БАСИР. Менависам. (Механдад.) Агар аз имтиҳон афтам, худам рафта мегӯям.
БАШИР. Афтоданро нийят накун. Ту бояд бо умеди Сарира қабул шавӣ. Дар акси ҳол, соҳиби вай каси дигар мешавад.
БАСИР. Аз даҳонат шамол барад. Ман ӯро ба каси дигар намедиҳам. Агар аз имтиҳон нагузарам, ба завод даромада кор мекунам. Ҳаргиз аз Сарира дур намешавам. Инро хуб дониста мон, Башир. Ба ту нагуфта будам, ки чашм ало накун?
БАШИР. Гуфта будӣ, натарс!.. (Хандида). Охир, ман домоди ту мешавам-ку!?
БАСИР. Ҳа-я… Аллакай фаромӯш кардаам.

ОВОЗИ ДИКТОР:
Диққат, диққат!.. Самолёте, ки дирӯз аз Ванҷ напарида буд, ҳоло ба замини Душанбе фаромад. Такрор мекунам…

БАШИР. Урро!.. Пул омад, пул… Акнун зиёфат зӯр мешавад…
БАСИР. Бале, зиёфат зӯр мешавад. Рост ба бозор меравем. Рафта Сарираро ҳам мегирам!..

Басир ва Башир мераванд. Саҳна лаҳзае холӣ мемонад. Баъд ба саҳна Назира ва Сарира, аз паи онҳо Акрам дохил мешаванд. Дар дасти Назира сумкаи сафарӣ.

АКРАМ (ба Назира). Акнун Шумо меравед?
НАЗИРА. Агар билет шавад, меравем.
АКРАМ (рӯидилакӣ). Меистодед, ман баромади Шуморо ба воситаи радио ташкил мекардам…
НАЗИРА. Бо кадом корнамоиям?
АКРАМ. Гап ёфт мешавад.
НАЗИРА. Ба мардум аз кор гап задан лозим… Шумо рафта ошнои ваъдагиатонро бинед, ки ягон билет ёфта медода бошад?..
АКРАМ. Ба фикрам, имрӯз навбати вай буд. Ман рафтам. (Меравад.)
НАЗИРА. Хоҳарам!
САРИРА. Ҳа, апа.
НАЗИРА. Ту аз худат эҳтиёт шуда гард. Падарамон таъкид карда буданд. Ба имтиҳонҳо хуб тайёрӣ бин! Мабодо ягон ҷавон саратро гаранг карда намонад?.. Суханони модарамонро ҳаргиз аз ёдат набарор!..
САРИРА. Хуб шудааст, апа. Ман ҳозир фақат бо Басиру Башир дарс тайёр мекунам.
НАЗИРА. Басиру Башир?
САРИРА. Ҳа, апа. Онҳо ҷавонони нағз. Рӯзи ҳуҷҷат супурданамон бо ман шинос шуданд.
НАЗИРА (табассум карда). Аллакай Басиру Башир…
САРИРА. Агар имрӯз намерафтӣ, бо онҳо шинос мекардам. Ба ту ҳам маъқул мешуданд.
НАЗИРА (Орзуманд). Кӣ медонад… Вақте ман ба институт дохил мешудам, касе ба ман маъқул нашуда буд. Баъдтар… Қарибиҳои тамом карданам… Аммо падару модарамон… Охир, ман ба онҳо гуфта наметавонистам.
САРИРА. Худат ба фотиҳа розӣ шудӣ-ку!?
НАЗИРА. Пирдухтар шуда намегардам… Бошад-набошад, духтарбача як рӯз тӯй мешавад… Ба болокориаш, ту гапи дар Душанбе хонданро баровардӣ. Падару модарамон танҳо набуданатро хостанд. Анвар дар ин ҷо хона дорад…
САРИРА. Ҷавони нағз медидагиат чӣ шуд?
НАЗИРА. Вай аз фотиҳа шудани ман хабар надорад. Ҳоло вай дар хизмати ҳарбист.
САРИРА. Оҳ, Назира, Назира… Ту ӯро нағз намедидаӣ! Ту дил надоштаӣ… Адресашро ба ман деҳ, хат менависам.
НАЗИРА. Девона нашав, хоҳарам!

Акрам меояд.

АКРАМ. Мебахшед, барои имрӯз ягон билет набудааст. Барои рейси пагоҳ ваъда кард. Гирам ё нагирам?
НАЗИРА. Акрам-ака, ягон илоҷ карда намешавад?
АКРАМ. Не, намешавад. Дар касса ягон билет намондааст.
НАЗИРА. Анвар ояд ҳам, гирифта намешавад?
АКРАМ. Ба инаш чизе гуфта наметавонам. Анвар медонист, ки Шумо имрӯз равонед?
НАЗИРА. Не, намедонист. Агар бемалол бошад, ӯро ёфта меомадед.
АКРАМ. Майлаш, кӯшиш мекунам. Нагуфта рафтан хуб нест. (Меравад.)
САРИРА (қатъӣ). Фотиҳаатро гардон, апа!.. Дар замони ҳозира касе ба каси дигар маҷбурӣ тӯй набояд шавад… Он зиндагонӣ ба гӯристон мубаддал мешавад.
НАЗИРА. Ӯҳҳӯ… Ту бисёр чизҳоро медонистагӣ барин-ку… Дар ин бора ягон шеър ҳам медонистагистӣ?
САРИРА. Медонам.
НАЗИРА. Барои ман намехонӣ?
САРИРА. Мехонам. Гӯш кун!

Нигаред, он қаду қомат чӣ қадар мавзун аст,
Баҳри он қомати зебо дили ман маҷнун аст.
Лек меҳраш бисупурдааст ба ҷои дигаре,
Дили дилдодаи он ҷои дигар маскун аст.
Бо сари хам, ана бинед, ки раҳ мепояд,
Дар дилаш ҳаст умеде, ки нигораш ояд.
Соати дасти вай аз чист, ки мегардад суст?
Зери мошина қариб аст варо партояд.
Оҳ, дар дидаи ӯ ашк ба гардиш омад,
Дили ман дида чунин ҳол, ба ташвиш омад.
Охир, аз як тараф он кас, ки умеди вай буд,
Бо яке духтари дилхостаи хеш омад…

НАЗИРА. Офарин, Сарира! Офарин хоҳаракам!.. Ту айнан дили маро хондӣ… (Назира оғӯш карда, хоҳарашро мебӯсад).

Басир ва Башир дохили саҳна мешаванд. Онҳо овози Сарираро шунида омадаанд. Сарира онҳоро намебинад. Ба Назира бо навбат салом медиҳанд.

НАЗИРА. Салом!.. Ман шумоёнро нашинохтам.
САРИРА (дида). Дар бораи онҳо ба ту гуфта будам, апа.
НАЗИРА. Оҳо, Басиру Башир инҳоянд?
БАСИР. Бале, мо
САРИРА. Шумоён аз куҷо пайдо шудед?
БАШИР. Аз падари Басир пул омад. Пул бо самолёт омад.
БАСИР. Марҳамат, ҳамаатонро дар бозор зиёфат мекунам.
БАШИР. Мо роҳи ин пулро ду рӯз поидем.
САРИРА. Дина ба ман нагуфтетон-ку.
БАСИР. Шарм доштем.
НАЗИРА. Нағз тайёрӣ бинетон. Вақте қабул шаветон, ман омада зиёфати калон медиҳам.
БАСИР. Кӯшиш мекунем, ки аз ҳамон зиёфат бебаҳра намонем.
САРИРА. Апа, ман ҳамроҳи инҳо равам?
НАЗИРА. Майлаш, рав. Имрӯз рафтани ман нашуд… Бегоҳ аз ту хабар мегирам.
БАШИР. Шумо ҳамроҳи мо намеравед?
НАЗИРА. Акрам-ака барои Анвар рафта буданд. Дар ин ҷо интизор мешавам.
БАСИР. Мо ба зиёфати Шумо сарбаландона хоҳем омад. Ҳамин тавр не, Сарира?
САРИРА. Албатта ҳамин тавр!

Басир, Башир ва Сарира дастафшон мераванд. Назира танҳо мемонад.

НАЗИРА (худ ба худ). Ман ин синну солро ҳавас мекунам… Инҳо ғайр аз фикри хондан ғами дигар надоранд. Кошкӣ ҳозир боз дар ҳамин синну сол мебудам!.. Ҳозир Ҳайдар дар машғулият будагист. Ман ӯро дар либоси сержантӣ тасаввур мекунам. (Оҳ мекашад.) Фотиҳа шуданамро ба вай нависам? Ҳатто Сарира маро "ту дил надоштаӣ" гуфт. Вай чӣ мегуфта бошад?! Шояд чунин таронаро хонад… (Мусиқӣ. Назира бо як ҳаяҷони ба худ хос аз забони Ҳайдар месарояд).

Ба аҳдат бевафо будӣ, Назира,
Ҷафои ҷони мо будӣ, Назира!
Ба савгандат чаро бовар намудам,
Ки дар роҳи хато будӣ, Назира?
Магар умеди ман аз ту чунин буд,
Асири кӯҳнаҳо будӣ, Назира.
Агар рафтам, ба сӯят рӯ натобам,
Ба қавлат норасо будӣ, Назира!..

ОВОЗИ ДИКТОР:
Диққат, диққат!.. Ба самолёте, бо рейси 17 ба тарафи Гулдара парвоз мекунад, саворшавӣ сар шуд. Аз пассажирон хоҳиш карда мешавад, ки ба перрон бароянд… Самолёте, ки бо рейси 345 аз тарафи Киев меояд, баъди бист дақиқа ба замин мефарояд!..

Акрам меояд.

АКРАМ. Ман хоҳишатонро иҷро карда натавонистам. Ҳамин саҳар одамон ӯро дар Гулдара дидаанд.
НАЗИРА (ҳайрон). Дар Гулдара. Бе ман?!
Охири намоиш






« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »