Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

РЕЗАБОРОН - ҚИСМИ ДУЮМ

НАМОИШИ СЕЮМ.



Гулбоғи аэропорт. Одамон аз тарафе ба тарафе мегузаранд. Саидҷон газетахонон дохили саҳна мешаваду дар яке аз харакҳо менишинад. Капитани милитсия меояд. Саидҷон машғули хондан ӯро намебинад. Ҳар лаҳза овози диктор ба гӯш мерасад. Капитан оҳиста омада, ба сари Саид рост меистад. Саидҷон бепарво газета мехонад…

САИД (аз газета). "Комитети занони советӣ изҳорот дод. Дар он кирдори золимонаи ҳукуматдорони Испания, ки дар вақти намоиши зиддифашистии шаҳри Сантург сабабгори кушта шудани модари се фарзанд Бесония Манчек гардиданд, маҳкум карда мешавад…"
КАПИТАН. Хело бурро хондед, ҷавони нағз! Аммо ин кор гуноҳатонро сабук намекунад. Ҳуҷҷататонро нишон диҳед!
САИД (дар ҳайрат). Рафиқ капитан, дар бораи кадом гуноҳ гап мезанед?
КАПИТАН. Худатон намедонед?
САИД. Не, намедонам.
КАПИТАН. 43-43 аз шумост?
САИД. Ҳа, аз ман.
КАПИТАН. Нишонаро надидед?
САИД. Узр мепурсам. Росташ, ки надидам. Ман дафъаи гузашта ҳам мошинро ба ҳамон ҷо гузошта будаму касе гап назада буд…
КАПИТАН. Чунки дафъаи гузашта он ҷо нишона ҳам набуд. Хуб, рафтем! Мошинатонро гиред!.. Ҳозир меҳмонони хориҷӣ меоянд.
САИД. Хуб шудааст, рафиқ капитан!

Саидҷон газетаро болои харак гузошта, аз паи капитан меравад.

ОВОЗИ ДИКТОР:
Диққат, диққат!.. Ба самолёте, ки бо рейси 91 ба тарафи Самарқанд парвоз мекунад, саворшавӣ сар шуд. Аз пассажирон хоҳиш карда мешавад, ки аз баромадгоҳи чорум ба перрон бароянд!.. Такрор мекунам…

Ду нафар қабулшаванда дохили саҳна мешаванд. Як нафарашон газетаи Саидҷонро бардошта мебинаду боз ба ҷояш мегузорад.

БАСИР. Медонӣ, Башир, вай намеояд.
БАШИР. Дилам мегӯяд, ки меояд.
БАСИР. Биё, шарт мебандем.
БАШИР. Мову ту аллакай даҳ шарт бастем. Ягонтоаш амалӣ нашуд.
БАСИР. Ёздаҳумаш амалӣ мешавад. Падарам дар телефон гуфтанд, ки вай барои ҳамин соат билет доштааст. Пулро ба дасти вай додаанд.
БАШИР. Аллакай пулат тамом шуд?
БАСИР. Худи вай буд-мӣ гӯй-а… Падарам институти молияи Ленинградро хатм карда омадагӣ. Фис-миррӣ пул доданду гуфтанд, ки ҳар замон фиристода меистанд. Ҳавои шаҳри калон ягона писарашонро вайрон накунад будааст…
БАШИР. Магар ту яккаписарӣ?
БАСИР. Ҳа, тасаввур кун. Аммо фарзанди ягона нестам. Боз ҳафт хоҳар дорам.
БАШИР. Оҳо, бадавлат будаетон.
БАСИР. Гуфтию мондӣ… Барои бисоташон маоши падару модарам дар ин панҷсолаҳои наздик намерасад. Маро ба умед ба хондан фиристоданд, ки хонда зоотехник шаваму барои хоҳаронам аз ҳисоби фермаи колхоз бисот ҷамъ кунам… (Механдад.)
БАШИР. Ин орзуят намешуданӣ. Фермаҳо соҳиб доранд. Дар колхозҳо ҳазору якта ҳисобдон… Домодҳои серпул ёфтан лозим!
БАСИР (хандида). Ман аллакай як нафар ёфтам.
БАШИР. Аз куҷо?
БАСИР. Аз Душанбе.
БАШИР. Вай кист?
БАСИР. Худи ту.
БАШИР. Охир, ман серпул нестам-дия…
БАСИР. Падарам мегӯянд, ки ҳозир ҳамаи пул дар дасти деҳқон. Замини наздиҳавлигии падарат барои сад тӯй пул медиҳад. Мошин ҳам мегирӣ. Оё аз ту дида домоди мувофиқтар шуда метавонад?
БАШИР (хандида). Метарсам, ки баъд аз қавлат гардӣ.
БАСИР. Не, намегардам.
БАШИР. Ту ҳазлкаш будаӣ, Басир!
БАСИР. Ҳама мегӯянд, ки ман ба падарам рафтаам.
БАШИР (хандида). Хоҳаронат ба кӣ рафтагӣ?
БАСИР. Ҳама мегӯянд, ки онҳо ба модарам рафтагӣ.
БАШИР (андеша карда). Ман розӣ. Акаҳоям ҳам замини наздиҳавлигӣ доранд. Фақат ту аз қавлат нагард.
БАСИР. Лафзи мард ҳалол. Ҳоло исто, пули падарам фиристодаро гирам, ба хушомадаш ду шиша "Шанбарӣ" зиёфат мекунам.
БАШИР. Ҳимматат калон-ку.
БАСИР. Падарам мегӯянд, ки одамон барои хоҳаронашон чӣ корҳое намекунанд. Дар замони ҳозира домоди табъи дил ёфтан кори осон нест, мегӯянд падарам. Вазифаи ман мушкил. Бояд боз шаш нафар ҷавонро ба худ ром кунам.
БАШИР. Ҳамаашонро аз як институт ром мекунӣ?
БАСИР. Не, не… почоҳои гуногунсоҳа мехоҳам. (Механдад). Дар ин кор поччои калонӣ мадад мерасондагист…

ОВОЗИ ДИКТОР:
Диққат, диққат!.. Ба рейси 79, ки ба тарафи Гулдара парвоз мекунад, саворшавӣ сар шуд… Такрор мекунам…

БАШИР. Ин самолёти холаи Сарира.
БАСИР. Фақат аз ту як хоҳиш дорам.
БАШИР. Марҳамат!
БАСИР. Ба Сарира бо чашми ало нигоҳ намекунӣ.
БАШИР. Э, афандӣ, оё ман метавонам, ки ба бародарарӯси худ хиёнат кунам?
БАСИР. Метавонӣ. Зеро ин наздик асту хоҳарони ман дуранд. Онҳоро надидаию Сарира ҳамроҳамон қабул мешавад.
БАШИР (хандида). Дар ин бора баъди панҷ сол баҳс мекунем.
БАСИР (бо табассум). Хуб, рафта ба ӯ ҳамроҳӣ намо.
БАШИР. "Аз дӯст як ишорат, аз мо ба сар давидан!" (Меравад).
БАСИР (газетаро гирифта мехонад). "Дар боғи ҳайвоноти Душанбе тамошобини панҷмиллионӣ ба қайд гирифта шуд. Дар давоми 15 соли мавҷудияташ ин гӯшаи олами ҳайвонотро ҳамин қадар одам тамошо кардааст…" (Аз газета сар мебардорад). Агар ман дина ба тамошо намерафтам, шумораи тамошобин як нафар кам нишон дода мешуд. Пагоҳ боз меравам. Ҳамроҳи Сарираву Башир. Агар онҳо розӣ шаванд… (Газетаро дар ҷояш мегузорад)

Ман асири чашми бодомат, Сарира,
Садқа гардам, садқаи номат, Сарира!
То башорат оварӣ ту бар Басират,
Ман бирезам шаҳд дар ҷомат, Сарира!

Сарира ва Башир меоянд.

БАШИР. Ба думи самолёти холаи ин кас нигоҳ кардам. Мегӯяд, ки хосияти хуб дорад.
БАСИР. Ман тарсидам, ки мабодо ба ҷои холаашон ин кас напарранд, гуфта.
САРИРА. Барои ман ҷой набуд.
БАСИР. Ростӣ, мепаридед?
САРИРА. Агар имтиҳони қабул намебуд.
БАШИР. Аз одами ту дарак нест.
САРИРА. Ягон касро пешвоз мегиред? Ман хурсанд будам, ки ҳамроҳи ман баромадаед…
БАСИР. Фақат ҳамроҳи шумо баромадем. Вай ҳамту гуфт…
САРИРА. Хайр, рафтем?
БАСИР. Меравем. Башир.
БАШИР (бо ҳазлу шӯхӣ дар оҳанги мусиқӣ)
Лаббай, лаббай, Басирҷон,
Канӣ, бидеҳ ту фармон.
Ман бо сарам метозам,
Аз амри ту менозам…
БАСИР.
Роҳи буфет медонӣ?
Кофе шавад арзонӣ.
Ё ҳамроҳи Сарира
Ту дар ин ҷо мемонӣ?
БАШИР.
Шартат, Басир, дар ёдам,
Аз ваъдаҳоят шодам.
Рафта навбат мегирам,
Ин касро бар ту додам…
БАСИР.
Офарин, рамуздонам,
Ман дар қавлам мемонам.
Тозон раву кофе гир,
Мо ҳам меравем ҳозир.

САРИРА (ҳайрон). Оё шумо рол бозӣ мекунетон?
БАСИР. Сарахбори онро. Дар буфет навбат истодан лозим.
БАШИР. Ҳа, ҳа… Кофеи аэропортро амакам таъриф карда буданд. (Меравад.)
САРИРА. Ман кофе намехоҳам.
БАСИР. Хайр, ҳамроҳӣ мекунед… Падарам мегуфтанд, ки як нафар бояд ба ду нафар итоат кунад.
САРИРА (хандида). Падаратон чизи дигар намегуфтанд?
БАСИР. Мегуфтанд.
САРИРА. Чӣ мегуфтанд?
БАСИР. Дар ҳама ҷо дӯстони нағз пайдо карда, ба онҳо меҳрубон шав. Духтаронро ҳаргиз наранҷон…
САРИРА (болида). Айнан бобои ман барин.
БАСИР. Ӯҳӯ, Шумо бобо ҳам доред?
САРИРА (бо фахр). Дорам. Он кас иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. То худи Берлин рафтагӣ. Ду ордени Шараф доранд.
БАСИР. Албатта маро бо он кас шинос кунед. Ман дар мактаб пайшинос будам.
САРИРА. Хуб шудааст. Акнун рафтем, пайшинос. Кофе хунук нашавад.
БАСИР. Андак сабр кунед, Сарира. Ҳоло рейси моро нагуфтааст.
САРИРА. Боз кадом рейс? Шумоён дар аэропорт ягон муаммо доретон аз афташ…
БАСИР (гапро дигар карда). Ҳамин тавр гуфтам. Дар ин ҷо фақат рейсҳоро эълон мекунанд. Рафтем. Ин газетаро гирем ё нагирем?
САРИРА. Оё падаратон нагуфтанд, ки ба чизи кас даст нарасон?
БАСИР (хандида). Мегуфтанд.

Сарира ҳам механдад. Онҳо мераванд. Ба саҳна Саидҷон, Майсара ва Акрам дохил мешаванд. Саидҷон рафта газетаро мегирад.

САИД. Мошинро кофта нагардед. Вай дар он тарафи майдон истодааст. Ман назди вай мешавам… (Меравад).
МАЙСАРА. Акрам, дар хонаи мо моҷаро сар мешудагӣ барин.
АКРАМ. Бовар намекунам.
МАЙСАРА. Ман акнун ноилоҷ бояд ба хоҳиши падару модарам сар фарорам.
АКРАМ. Анвар тамом?
МАЙСАРА. Вай ҳам ба амри падару модараш сар фаровард-ку?..
АКРАМ. Вай роҳи халосӣ мекофтагист. Ба гумонам, он духтар ҳам ягон одам дораду аз ин гирумон роҳи халосӣ меҷустагист… Назди Анвар омаданаш баҳона будагист… Вазъиятро фаҳмида рафтанист, ба назарам.
МАЙСАРА. Ту чунин гумон дорӣ?
АКРАМ. Дилам ба чизе гувоҳӣ медиҳад.
МАЙСАРА. Намедонам. Модарам фармуданд, ки то омадани падарам хаёл кунам. "Офтобам зери хоку шаб мани хунинҷигар
Хок бар сар мекашам то офтоб ояд ба дар…"
гуфтааст шоир. (Оҳ мекашад.)
АКРАМ (баумед). Ҳоҷати хок бар сар кашидан нест.
МАЙСАРА (қатъӣ). Ман бояд ҷиддӣ гапзанон кунам.
АКРАМ. Охир, агар вай нашавад, ман ҳам ҳастам-ку?
МАЙСАРА. Чӣ-ӣ? Ту-у?

ОВОЗИ ДИКТОР: Диққат, диққат!.. Самолёте, ки бо рейси 21 аз тарафи Фарғона меояд, ба замин фаромад. Такрор мекунам…

Майсара ва Акрам ба тарафи овоз нигоҳ мекунанд.

ПАРДА.





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »