Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

РЕЗАБОРОН - ҚИСМИ ЯКУМ

НАМОИШИ ДУЮМ



Як гӯшаи ҳавлӣ. Дар он ҷо стол ва се курсии хасин гузошта шудааст. Модар ва Майсара нишастаанд. Мо давоми сӯҳбати онҳоро мушоҳида менамоем.

АНЗУРАТ. Ман фаҳмидам, духтарам.
МАЙСАРА. Чиро фаҳмидед, оча?
АНЗУРАТ. Сабаби якравии туро. Падарат ҳанӯз намедонанд. Он кас аз ман пурсиданд. Ба гуфтан забонам нагашт.
МАЙСАРА. Майлаш гӯед. Ман акнун хурд нестам-ку…
АНЗУРАТ. Рост. Ту хурд нестӣ. Ҳатто якто медал ҳам гирифтӣ… Охир, бо кадом забон гӯям, духтарам? Он кас аз ҳамаи укаҳоят туро зиёдтар дӯст медоранд. Чизи мо намепӯшидагиро барои ту ёфта меоранд. Аз ягон сафарашон дасти холӣ намеоянд…
МАЙСАРА (бепарво). Укаҳоям атласу кимхо намепӯшанд.
АНЗУРАТ. Ба пулаш чизи дигар медиҳад. Акнун Саид ҳам калон шуда монд. Вай ҳам лоиқи зангирӣ аст. Бояд вай ҳам сарулибоси нағз пӯшад.
МАЙСАРА (ором). Ман аз Шумою падарам чизе талаб накардаам. Худатон гирифта медиҳетон, ки ҳазорон ташаккур. Аммо ман ба одами шумоён мегуфтагӣ намерасам…
АНЗУРАТ (ҳайрон). Барои чӣ? Вай одами мартабадор аст. Аз сарат симу зар мерезад. Вай ба падарат маъқул шудааст.
МАЙСАРА. Ба Шумо-чӣ?
АНЗУРАТ. Ба ман ҳам маъқул.
МАЙСАРА. Очаҷон, агар ба Шумо маъқул шуда бошад, – худатон расед.
АНЗУРАТ (хашмгин). Ҳой, сиёҳмилла, ту чиҳо мегӯӣ? (духтарашро заданӣ мешавад, вай рӯ-рӯи саҳна мегурезад.) Забонат ба ин гап чӣ хел рафт?
МАЙСАРА. Очаҷон, ман шӯхӣ кардам. Мебахшед, очаҷон, ман дигар намегӯям… Тавба кардам!..
АНЗУРАТ. Ҳа, шӯхиат хушк шавад. Ман магар дугонаат мешавам? Ҳоло ист, ман ин гапатро ба падарат гӯям…
МАЙСАРА (тарсида). Очаҷон, тавба кардам. Дигар ҳаргиз намегӯям. Ба падарам нагӯед, ки аз тӯҳфа маҳрум мешавам… Яке аз даҳонам баромада монд. Гӯё ман ҳозирҷавобӣ кардам.
АНЗУРАТ. Ҳа, аскияат аз сарат намонад… Ман ба касе расиданӣ будам – расидам. Аввалан, ҳосили муҳаббати ман туи фалокати гапногир шудӣ… Аҷабо. Ҳамаи кори зиндагӣ бо хоҳиши худат шавад будааст… Охир, ягон бор, ягон кор бо хоҳиши падару модар ҳам шавад?!
МАЙСАРА. О, ман "не" нагуфтам-ку. Бо хоҳиши шумоён ба институт даромадам. Биолог шудам. Ман ба Ленинград рафтанӣ будам, нарафтам. Мехостам, актриса шавам, бо хоҳиши шумоён нашудам. Охир, ҳамаи корам бо хоҳиши шумоён-ку?! Монед, ақаллан, бо хоҳиши худам ба шавҳар бароям…
АНЗУРАТ (дилтанг шуда). Кай, кай мебароӣ? Бо ин ғамат моро пир кардӣ. Шарикдарсонат ҳама тӯй шуданд. Барои чӣ бо хоҳиши худат ягон ҳамсабақатро наёфтӣ?!
МАЙСАРА (бо шӯхӣ). Дар курси мо писарон кам буданд. Ба ман нарасид. Ҳатто ягон нафараш аз Душанбе набуд. Охир, шумо домоди душанбегӣ мехоҳетон. Аз ҳама ҷо буданду аз Душанбе набуданд.
АНЗУРАТ. Дурӯғ мегӯӣ. Анвар ба хона омада меравад?..
МАЙСАРА. Ҳа, омада мерафт, аммо вай ҳам душанбегӣ нест. Ба болокориаш, вай маро фиреб дод, оча… Падару модараш ба Анвар фотиҳа кардаанд. Имрӯз нисбаташ ба Душанбе омад. Анвар ӯро пешвоз гирифт. Ман ҳам ба аэропорт баромада будаму аммо арӯси ӯро дида натавонистам.
АНЗУРАТ (норозӣ). Дида чӣ мекардӣ?..
МАЙСАРА (китф кашида). Намедонам.
АНЗУРАТ. Модом фотиҳа шудааст, аз баҳраш гузар!.. Ба ин ҷои мувофиқ розӣ шав…
МАЙСАРА (парешон). Наметавонам.
АНЗУРАТ (тақлид карда). "Намедонам… Наметавонам…" ақлатро ба кор бар!.. (ба соаташ нигоҳ мекунад.) Ман ба маҷлис дер мемонам… То омадани падарат хуб хаёл карда гир. Мо бояд дар давоми ҳафта ба хостгорон ягон ҷавоб гардонем!..

Анзурат ба духтараш табассум карда меравад. Майсара модарашро ду-се қадам мегуселонаду бармегардад.

МАЙСАРА (худ ба худ). Ба омадани падарам вақти казоӣ намонд. Ман чӣ хаёл мекунам?.. Вақте дарун-дарунам хаёл аст… Чӣ кор кунам-а?.. (хаёл карда, ба тарафи хона овоз медиҳад). Саидҷон!..
САИД (аз хона). Лаббай!.. Ҳозир наздат мебароям, апа. (Як остини напӯшидаи пиджакашро пӯшида-пӯшида мебарояд.) Росташро гӯй, ки лунҷатро кадом хомӯшак газид?
МАЙСАРА. Ин гапро аз куҷо гирифтӣ?
САИД. Дида истодаам-ку. Чашмонат ҳам фурӯ рафтааст. Боз инаш аз ғами кӣ бошад, апаҷон. Дирӯз Анварро бо як нозанин дидам. Вай гӯё маро надида бошад, рӯй гардонда рафт. Ҳарчанд сулфа кардам, нашунид. Охир, ту чаро фурсатро аз даст медиҳӣ?

МАЙСАРА (нохост). Магар ҳавлиро бароят танг кардам?.. Гапзаниҳоят ким-чӣ хела… Ё бо дасти чап аз хоб хестӣ?!
САИД (оҳ кашида). Ман хоб набудам, апа. Сӯҳбататро бо модарам пурра шунидам. Фақат як гапат маро сахт ранҷонд. Наход духтар ба модар гӯяд, ки "маъқул бошад – худатон расед"? Тохта баромаданӣ будаму...
МАЙСАРА. Мебахшӣ, худам ҳам пушаймон шудам.
САИД (хандида). Агар падарам мешуниданд – ту даҳ қамчин тӯёна мегирифтӣ. Ҳа, ҳа… Ба ҷои атласу кимхо тӯҳфаи хубат мешуд.
МАЙСАРА. Нохост аз даҳонам баромада монд, укаҷон. Охир, дар миёна гапи хостгорон буд.
САИД (калонгирона). Хайр, бахшидам… Ба падарам ҳам намегӯям. Аммо хоҳиш мекунам, ки тезтар тӯй шав!.. Падару модарамонро дилгир накун, апаҷон. Росташро гӯям, дар тӯят чунон бо аробаам хизмат кунам, ки ҳатто ГАИ манъ карда натавонад. Хайр, ба ман чӣ хизмат доштӣ?
МАЙСАРА. Аробаат соз аст?
САИД. Соз. Куҷо барам?.. Фақат дар миқёси шаҳр амр бидеҳ, ки равғанаш кам аст ва ман ҳанӯз пули зиёдатӣ надорам…
МАЙСАРА (нохост). Анварро дар куҷо дидӣ?
САИД (ҳайрон). Дар кӯли комсомол.
МАЙСАРА. Маро он ҷо мебарӣ!
САИД. Охир, ман дирӯз дида будам…
МАЙСАРА. Ба гумонам, имрӯз ҳам онҷоянд.
САИД. Марҳамат, баъди андаке назди гараж биё. Ман мошинро пок карда мебарорам (Меравад).

Майсара андеша карда мемонад. Қадам мезанад. Оҳиста овози мусиқӣ баланд мешавад. Майсара нӯги мӯяшро кушодаву бофта месарояд.


МАЙСАРА. Эй дили гапношунав, як лаҳза оромам гузор,
Шарбати уммеди фардоро ту дар ҷомам гузор!

Ҳар саҳар бо ёди рӯзи пеш мехезам зи хоб,
Як шарор аз дилкашолиҳо ба пайғомам гузор!

Буттаи боғи муродамро ривоҷи тоза деҳ,
Равнақи гулҳои онро шавкати томам гузор.

Аз парешонии табъи хираи носозгор
Заррае дар хандаҳои мағзи бодомам гузор!

Қуввати рашки маро паймонаи Анвар намо,
Сурати аҳди варо дар пояи бомам гузор!..

Акрам, Ҳотамбеков ва Саид даромада меоянд. Дар дасти Саид калиди мошин ва дар дасти Ҳотамбеков портфели сафарӣ…
Ду нафар баробар салом медиҳанду Майсара алек мегирад. Аммо вай аз пайдо шудани ин ду нафар тамоман дар ҳайрат аст.

МАЙСАРА. Шумоён аз куҷо пайдо шудед?
ҲОТАМ. Албатта аз осмон не. Маро имшаб Акрам-ботур меҳмондорӣ карданд. Пиразан дар тӯи наберааш кайфу сафо карду ман аз дидори фарзандонам бенасиб мондам. Як бадахшидухтар як замонҳо гуфта будааст, ки "рӯи хотир кардам, рӯи хотир кардам…"

АКРАМ. Давомашро медонем.
ҲОТАМ. Бале, ин мақолро ҳама медонанд.
МАЙСАРА (худро кушодадил вонамуд карда). Хуш омадетон! Ба хона марҳамат намоед, то бо мураббои гелосин зиёфат намоям.
АКРАМ. Ихтиёр дар дасти Ҳотам. Ин кас умед доранд, ки имрӯз бо билети кампир мепаранд…
ҲОТАМ. Агар боз ягон пиразани дигар ба тӯи чаберааш рафтанӣ набошад.
МАЙСАРА. Ин дафъа гузашт накунед-дия.
ҲОТАМ. Дида арз мекунем, Майсарабону…
АКРАМ (ба Майсара). Чӣ мешуд, ки моро Саидҷон то аэропорт бурда мемонд?..
САИД (оҳ кашида). Ин кори душвор нею аммо апаам ба ҷои дигар равон аст.
ҲОТАМ (бо табассум). Апаатон ҳам ҳамроҳи мо мерафтагистанд. Ин кас ба гумонам аэропортро нағз мебинанд…
МАЙСАРА (хандида). Бале, пешвоз гирифтанро дӯст медорам. Аммо ҳозир Саидҷон шумоёнро барад. То омадани вай ман як корамро дида мебароям.
АКРАМ. Чӣ гуна кор будааст?
МАЙСАРА. Як лоиҳа дода буданд. Худатон медонед, ки на ҳамаи корҳо дар ҷои кор анҷом меёбад. Лозим меояд, ки баъзеи онро ба хона гиред.
АКРАМ. Ман асосан дар хона кор мекунам.
МАЙСАРА. Вазифаатон ҳаминро дархост мекунад. Аммо кори мо дигар…
АКРАМ. Медонам, медонам…
ҲОТАМ (ба Майсара). Барори кор мехоҳам! Ташаккур, ки ба Саидҷон рухсат додед. Шояд бо илтифоти шумоён имрӯз ба манзил расам. (Ба осмон нигоҳ мекунад). Ҳаво ҳам умедбахш аст.
МАЙСАРА (бо табассум). Роҳи сафед!
ҲОТАМ. Раҳмат.

Саидҷон, Акрам ва Ҳотамбеков мераванд. Баъди лаҳзае овози мошини раванда ба гӯш мерасаду Майсара ба хона даромаданӣ мешавад. Аз тарафи дигар Анвар меояд, ки вай дар даст гули садбарг дорад.

АНВАР. Салом!.. Киҳо рафтанд?
МАЙСАРА (сард). Салом, ҷавонмарди гуреза!.. Дӯстони хонадони мо рафтанд.
АНВАР (андешаманд). Дер боз медонам, ки ту дар киноя усто шудаӣ. Аммо маънои ин гапатро нафаҳмидам.
МАЙСАРА. Боз беҳтар. Хӯш, маро тӯйхабар омадӣ? Гули дастат даъватнома будагист?!
АНВАР (хиҷил). Масхара мекунӣ?
МАЙСАРА (бо пичинг). Чаро масхара бошад? Ба гумонам, минбаъд, биологҳо ба ҷои даъватномаи коғазин гули зиндаро истифода баранд, беҳтар аст. Охир, тӯй оғози зиндагист… Ҳамин тавр не?
АНВАР (бо хаёл). Шояд… аммо ин гул рамзи муҳаббати ман аст, ки барои ту овардам.
МАЙСАРА. Афсӯс, афсӯс… Ин гулро то омадани вай наовардӣ. Ӯро пешвоз гирифтию аз ман гурехтӣ. Вайро ман дида натавонистам… Ту гумон мекунӣ, ки ман дил надорам? Ё рашк барои ман бегона аст?
АНВАР (мулзам). Охир, ин кори ман не. Ин кори падару модарам. Ба рӯи онҳо давида натавонистам.
МАЙСАРА. Э, мон-э… Баъди ин туро кӣ гуфта шиносам?
АНВАР. Хайр, маро накуш!.. Ман омадам. Фотиҳа – ҳанӯз тӯй нест…
МАЙСАРА (бо қаҳр). Фотиҳа – нисфи тӯй. Пешвоз гирифтан – нисфи дигараш. Боз чӣ баҳона мекунӣ?
АНВАР (узрхоҳона). Ман фақат ҳамдиёрамро, хеши дурамро истиқбол намудам. Хоҳараш ба хондан омадааст… Телеграммаро худат ба ман додӣ.
МАЙСАРА. Бале. (Бо сӯзу алам) Ман диламро ҳам ба ту дода будам. Аммо ту коғазро авлотар донистӣ…
АНВАР. Майсараҷон, хафа нашав! Ман фақат ту дорам. Ман каси дигар надорам… Илоҷе карда, дили мӯсафедонамро ёфта меоям.
МАЙСАРА (бо писханд). "Бузак, намур, баҳор меояд…"
АНВАР. Албатта меояд! Ма, ин гулро гиру маро бубахш…
МАЙСАРА (оромона). Агар ин гул хабарнома набошад. Бурда ба дасти вай бидеҳ. Шоир шарҳи ҳоли маро хуб гуфтааст.
АНВАР (кунҷкобона). Чӣ гуфтааст?
МАЙСАРА (бо сӯз). "Ба хоб бигӣ, ки имшаб маё ба дидаи ман,
Ҷазирае, ки макони ту буд, об гирифт!"

Майсара рӯ мегардонаду меравад. Анвар лаҳзае шах шуда мемонад. Баъд, гулро аз паи Майсара партофта, "Ман ҳоло исбот мекунам!" гӯён тез баромада меравад…
Охири намоиш.





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »