НАМОИШИ ЯКУМ
Гулбоғи аэропорт. Ҳар ҷо курсиҳо гузоштаанд. Ҳар тараф ғурриши мотор баланд мешавад. Гоҳ-гоҳ аз дур, аз карнаи радио овози диктор ба гӯш мерасад. Вай аз омаду рафти рейсҳо мардумро бохабар мекунад.
Одамон аз тарафе ба тарафе ду-ду, як-як гузашта мераванд.
Ҳоло фақат дар яке аз харакҳо Анвар нишаста, чашм ба газета дӯхтааст. Хавоси вай парешон ба назар мерасад. Баъзан аз газета сар бардошта, ба атроф менигарад…
АНВАР (худ ба худ). Ман ба вай "набаро" гуфта таъкид карда будам. Аммо вай дар ҷавобам чизе нагуфт. Мабодо барояду дида монад?.. Оҳ, аз куҷо ҳам телеграмма ба дасти вай афтода мондааст… Хайр, дар телеграмма кӣ буданашро наменависад-ку… (Боз сарашро ба рӯи газета хам мекунад. Дар ҳамин фурсат аз як тараф Акрам ба саҳна дохил мешавад. Вай дар китф сумкаи репартёрӣ дорад.)
АКРАМ. Ҳа?
АНВАР. Ҳозир рафтанӣ будам.
АКРАМ. Хайр, чаро нарафтӣ?
АНВАР. Баъзе андешаҳо аз роҳ боздошта монд.
АКРАМ. Дурӯғ мегӯӣ.
АНВАР. Ба ҷони ҷавонам қасам, ки рост мегӯям.
АКРАМ. Қасам нахӯр. Бо кадом андеша ин ҷо нишаста мондӣ?
АНВАР. Ба ту гуфта наметавонам.
АКРАМ (бо ҳайрат). Гуфта наметавонӣ?
АНВАР. Ҳозир гуфта наметавонам.
АКРАМ (ранҷида). Боз ман овози туро дар лента сабт карданӣ будаму…
АНВАР (парешон). Ҳоло овози дигаронро навишта ист.
АКРАМ. Ман то ҳол намедонистам, ки аз боварии ту баромадаам. Инаш барои ман навигарӣ… (Рӯй гардонда меравад).
АНВАР. Ист! Андак ист!.. (Аз паи Акрам меравад).
Саҳҳна лаҳзае холӣ мемонад. Баъди лаҳзае дафтарча дар даст Майсара шеъреро ёдакӣ намуда мебарояд. Аз афташ пайдост, ки шеъри мувофиқи аҳволаш пайдо кардааст.
МАЙСАРА.
Ба тан омад маро умри дубора,
Ҳаёти хеш аз нав сар намоям.
Бишуд он абри ғафлат пора-пора,
Ки акнун шамсро дар бар намоям.
Дигар мебинам акнун роҳи худро,
Наафтам бори дигар ман ба доме.
Ба рӯям офтоб аз лутф тобад,
Ки ман бояд ситонам интиқоме…
Анвар гашта меояд, Майсара ӯро намебинад.
АНВАР (дар ҳайрат). Баромадӣ?
МАЙСАРА (дида, оташин). Ҳа, баромадам.
АНВАР. Ман аз ту илтимос карда будам-ку…
МАЙСАРА. Фаромӯш кардам.
АНВАР. Хоҳиш мекунам, баргашта рав. Дар ин ҷо будани ту хуб нест. Баъдтар ҳамаашро мефаҳмонам. Зуд рав, азизам!
МАЙСАРА. Намеравам! Ба ман кори ту набошад. Аэропорт аз они ҳама. Ҳар қадар дилам мехоҳад, ҳамон қадар мегардам. Якеро пешвоз мегирам, дигареро мегуселонам. Ин ҷо дарвозаи шаҳрамон аст. Дар назди дарвоза кас ҳамаро мебинад. Одами хубро ҳам мебинаду одами бадро ҳам…
АНВАР (санҷишкорона). Ман ба кадом гурӯҳаш медароям?
МАЙСАРА. Инашро аз худат пурс. (Ба тарафе баромада меравад).
АНВАР (дар ташвиш). Агар дар ин ҷо бошаду омадани ӯро дида монад, кор расво мешавад. Пеши обро бастан лозим. Ман бояд зуд Акрамро пайдо кунам… (Тез баромада меравад).
ОВОЗИ ДИКТОР.
Диққат, диққат… Самолёте, ки ба тарафи Хоруғ парвоз карданӣ буд, аз сабаби дар кӯҳҳо бад будани ҳаво то як вақти муайян боздошта мешавад. Такрор мекунам…
Як писар ва як духтар саросема аз тарафе ба тарафе гузашта мераванд. Ду ҷавонмарди зиёӣ аз хабари радио норозиву оташин дохили саҳна мешаванд. Аввалин дилтангу дуюмӣ кушоддилу бепарво ба назар мерасанд.
НАВРӮЗ (оташин). Панҷ рӯз боз аҳвол ҳамин. Гоҳ мепараду гоҳ намепарад. Навбат, ки ба рейси мо омад, худо ҳаворо ба ғазаби худ мегирад. Охир, мо ҳам дар шаҳрамон идора дорем. Мардум ба мо ҳам корафтод шуда меоянд… Котиба то ба кай "командировка" гуфта ҷавоб диҳад?..
ҲОТАМ. То ба манзил расиданамон.
НАВРӮЗ. Эҳ бародар, ба ин аҳвол кай расем?
ҲОТАМ. Шояд имрӯз парвоз кунем. Агар имрӯз парвоз кунем, пагоҳ дар идора мешавем.
НАВРӮЗ. Э бачча, мон. Худат ҳозир эълонро шунидӣ-ку…
ҲОТАМ. Таги дилам кушодагӣ. Умед дорам, ки ҳаво ҳам мекушояд.
НАВРӮЗ. Ту умед кардан гир… Бечора Қамбаршо ҳам аз он тараф омада наметавонад. Оилааш дар касалхона, баччаҳояш сарсон…
ҲОТАМ. Ту хоҳӣ нахоҳӣ, ман умед мекунам. Умед чизи хуб аст. Қамбаршо ҳам ба сари баччаҳояш расида меояд. Таги дилам кушодагӣ… Ё ман ҳам монанди ту оҳу нола карда гардам?
НАВРӮЗ (оташин шуда). Валло, эй бачча, як зарра ғами олам надорӣ. Маро фикри кору туро "шаҳноз, шаҳноз…"
ҲОТАМ (хандида). Валло, ки хуб ба ёдам овардӣ… (Замзама мекунад. Оҳанги мусиқӣ ҷӯр мешавад).
Аз назарҳо камӣ ту, Шаҳноз,
Мемирам аз ғами ту, Шаҳноз.
Ҳай-ҳай, Шаҳноз…
Меравам ҷониби ту, Шаҳноз,
Кай шавам соҳиби ту, Шаҳноз?
Ҳай-ҳай, Шаҳноз…
Ошиқи дарбадарам, Шаҳноз,
Пора шуд ин ҷигарам, Шаҳноз,
Ҳай-ҳай, Шаҳноз…
ОВОЗИ ДИКТОР:
Аз рафиқ Наврӯзшоев хоҳиш карда мешавад, ки зуд ба назди навбатдор ҳозир шавад. Такрор мекунам…
НАВРӮЗ. Ана, шаҳноз, шаҳноз… (Ҳарду баромада мераванд).
Майсара дафтарча дар даст дохили саҳна мешавад. Вай ба касе эътибор намедиҳад. Аз тарафи муҳобил бепарвоёна Акрам дохили саҳна мешавад. Дар китфаш сумкаи репартёрӣ… Нохост Майсараро мебинаду рафторашро дигар мекунад.
АКРАМ (хавотир). Майсара?
МАЙСАРА (нигоҳ карда). Лаббай…
АКРАМ. Ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?
МАЙСАРА (оромона). Росташро гӯям?
АКРАМ. Ҳа, росташро гӯй. (Табассум мекунад). Ё ягон каси бадро ба роҳи дур гусел намуда, дар ивазаш ягон одами некфолро пешвоз мегирӣ?..
МАЙСАРА (хандида). На инашу на ваяш… Шояд барои худам аз ояндагон ё равандагон маъшуқ ҷӯям…
АКРАМ (чизе нафаҳмида). Ин гапат чӣ маънӣ дорад?
МАЙСАРА. Магар нафаҳмидӣ?
АКРАМ. Не, нафаҳмидам.
МАЙСАРА. Хавотир нашав. Ҳамин тавр худам баромадам. Ҳарчанд ки баромаданамро манъ карда буданд.
АКРАМ. Боз чизе нафаҳмидам.
МАЙСАРА. Агар нафаҳмида бошӣ, маънояшро аз дӯстат Анвар пурс…
АКРАМ. Вай ин ҷо нест.
МАЙСАРА. Куҷо рафт?
АКРАМ. Меҳмонҳояшро пешвоз гирифту рафт.
МАЙСАРА. Кай?
АКРАМ. Кайҳо.
МАЙСАРА. Вай ҳам омад?
АКРАМ. Омад. (Оҳ мекашад). Вай ҳам омад… (Бо шӯхӣ) Як маҷлиси мулоқот наоростанд, ки нутқи ду тарафро барои авлодон сабт гардонам. (Ба сумкааш ишора мекунад).
МАЙСАРА (бо киноя). Барои навишта гирифтани моҷарое омода бош… Вай аз дасти ман халос намехӯрад. (Тозон баромада меравад).
АКРАМ (аз паи вай). Майсара, ист… Ман ба ту гап дорам… Не, наистод. Гапи нагуфтаи Анвар ҳамин бошад?.. (Оҳ мекашад.)
Ин муамморо пора бояд кард,
Дарди бедармон чора бояд кард…
Акрам тез баромада меравад. Наврӯзшоев ва Ҳотамбеков меоянд.
НАВРӮЗ. Ана, аз сардор ҳам радиограмма расид. Аммо ман ба ҷои корам расида наметавонам… Онҳо хавотир…
ҲОТАМ. Мерасӣ, парво накун… Онҳоро дидӣ?
НАВРӮЗ. Дидам. Яке аз паи дигаре метохт, гӯё барои куштани сӯхтор медавида бошанд…
ҲОТАМ. Як бор ташбеҳи хуб ёфта…
НАВРӮЗ. Агар имрӯз ҳам ба фардо монад, ҳатман бо мошин меравам.
ҲОТАМ. Ман фардоро ҳам аз сар гузаронида метавонам. Азоби роҳи морпечи Сағирдаштро намехоҳад дилам.
НАВРӮЗ. Охир, радиограммаро ман гирифтам, на ту… Мудирони дигар кайҳо ба корашон сар карданду ману ту бошем, гарду чанги аэропорти Душанберо шамида гаштаем…
ҲОТАМ. Рост гуфтӣ. (Ба тарафи радио ишора мекунад.) Гӯш кун, ҳозир радио чизе гуфтанист. Дилам гувоҳӣ медиҳад.
НАВРӮЗ (хандида). Ҳотам, ту аҷоиб дил дорӣ. Ба ҳама чиз гувоҳӣ медиҳаду аммо ягонтоаш амалӣ намешавад.
ҲОТАМ. Ба дили ман шак набиёр…
ОВОЗИ ДИКТОР: Диққат, диққат…
НАВРӮЗ. Гӯшамон ба шумо, азизаки мо.
ОВОЗИ ДИКТОР:
Онҳое, ки ба тарафи Хоруғ парвоз мекунанд, аз баромадгоҳи якум ба перрон бароянд. Такрор мекунам…
ҲОТАМ (хушҳолона). Такрор накунӣ ҳам мешавад. (Ба Наврӯз). Ана, нагуфтам?
НАВРӮЗ. Ин дафъа барометри дилат бехато кор кард. Офарин, дили ҳотамӣ… Рафтем ба сӯи қуллаҳои мақсад, мудир. Хайр, Душанбеи азиз, боз насиб кашад, меоем.
ҲОТАМ. Мабодо Наврӯз туро ранҷонда бошад, бубахш.
Ҳотам ва Наврӯз шодон баромада мераванд. Пешопеш Майсара бо димоғи сӯхта ва аз паяш Акрам андешаманд дохили саҳна мешаванд. Майсара менишинаду сарашро болои каф мегузорад.
МАЙСАРА. Ман фалокат будани ӯро аз аввал дониста будаму… Аммо…
АКРАМ. Чӣ аммо?
МАЙСАРА. Худат ҳам медонистӣ. Аммо ба ман сир намедодӣ…
АКРАМ. Бовар намо, ки ман аз чизе хабар надоштам. Дар ин бора вай ба ман ягон гап нагуфта буд. Навакак "як андеша ҳаст" гуфту давомашро аз ман пинҳон кард. Метавонӣ, аз худаш пурсӣ…
МАЙСАРА. Ҳоло ба куҷо рафтани онҳоро ту намедонӣ?
АКРАМ. Не, намедонам.
МАЙСАРА. Дурӯғ мегӯӣ, Акрам.
АКРАМ (ранҷида). Ман дар умрам дурӯғ нагуфтаам, Майсара. Ба худи ту бошад, ҳаргиз дурӯғ гуфтанӣ нестам. Охир, ман туро дӯст медорам.
МАЙСАРА. Боз дурӯғ.
АКРАМ. Ту дурӯғ гумон кардию маро ба ҳоли худ гузошта, ӯро ба сарат бардоштӣ…
МАЙСАРА (гапро ба дигар тараф гардонда). Вай шаклан одами нағзу дар ботин рӯбоҳ будааст. Оҳ, чаро ман ба вай фирефта шуда мондам-а?
ОВОЗИ ДИКТОР.
Диққат, диққат… Ҳар касе, ки хоҳад барои Гулдара билет гирад, ба ҳамаи кассаҳои аэропорт муроҷиат карда метавонад…
АКРАМ. Эҳ Гулдара, Гулдара…
МАЙСАРА. Акрам…
АКРАМ. Чӣ мегӯӣ?
МАЙСАРА. Ҳозир ба сарам як фикр омад…
АКРАМ. Канӣ, шунавем.
МАЙСАРА (хаёл карда). Агар бо ман ҳамроҳӣ кардан хоҳӣ, ҳозир рафта ду билет мегирему ба сӯи Гулдара парвоз мекунем.
АКРАМ. Мақсад?
МАЙСАРА. Мақсадро дар роҳ мегӯям.
АКРАМ. Аввал мақсадро ошкоро фаҳмон, ки ман ба рафтан розӣ шавам…
МАЙСАРА. Дар роҳ албатта мегӯям. Дар роҳ Анваратро ҳам абра-астар мекунем.
АКРАМ. Ман фардо кор дорам…
МАЙСАРА. Фардо ман ҳам кор дорам. Пагоҳ баргашта меоем. Тарҷумаи ҳоли Анварро омӯхта меоем.
АКРАМ. Аз он тараф билет нашуданаш мумкин.
МАЙСАРА. Мешавад. Ман дар аэропорти он ҷо шинос дорам.
АКРАМ. Ҳамаашро мегӯӣ?
МАЙСАРА. Мегӯям.
АКРАМ. Ягон гапро руст намекунӣ?
МАЙСАРА. Қавл медиҳам.
АКРАМ. Он гапҳое, ки ба ман дахл доштанд?
МАЙСАРА. Мегӯям.
АКРАМ. Аз қавлат намегардӣ?
МАЙСАРА. Намегардам.
АКРАМ. Ин тавр бошад, хайр, рафтем… "Сайр ҳам сайру саргардонӣ ҳам сайр" гуфтаанд.
Ҳотамбеков баргашта меояд
ҲОТАМ. Сайр ҳам сайру…
АКРАМ (бо ҳайрат) Ҳа, чӣ шуд?
МАЙСАРА. Ман гумон кардам, ки Шумо аллакай дар растаҳои Хоруғ гаштаед.
ҲОТАМ.
Бисёр мехостам. Аммо:
Пиразанеро ситаму ғам гирифт,
Даст заду домани Ҳотам гирифт.
Гуфт, ки: эй бачча, ту ин ҷо бимон,
То ки ба ҷои ту шавам ман равон…
АКРАМ. Ту зуд розӣ шудӣ?
ҲОТАМ. Наврӯзшоев розӣ нашуд. Вай аз ман ду сол калон аст.
МАЙСАРА. Аз худ калонро ҳурмат кардан хуб аст…
ҲОТАМ. Ман ҳам ҳаминро мегӯям. Он пиразан узри зӯр дошт. Аберааш зан мегирифтааст. Худаш ҳозир аз самолёти Самарқанд фаромадааст. Пиразан ба Наврӯзшо гуфт, ки "одами сангдил будаед". Барои нашунидани чунин гап ман зуд розӣ шудам. Охир, ман ҳам модаркалон дорам. Рӯзи тӯи ман расида омада буд. Албатта, ба вай ҳам ягон кас ҷояшро гузашт кардагист…
АКРАМ. Офарин. Ту ҳаргиз дигар намешавӣ. Ман дар тӯи зангириат иштирок доштам. Додарат, ки бо мо мехонд, айнан худат барин буд.
ҲОТАМ. Ту Алимардонро мегӯӣ.
АКРАМ. Ҳа, Алимардонро. Вай ҳозир куҷост?
ҲОТАМ. Вай ҳозир дар БАМ кор мекунад. Аз ҳамон ҷо зан гирифт… Аммо модаркалонам нарафт.
МАЙСАРА. Аз Помир зан нагирифт гуфта қаҳр кардагистанд.
ҲОТАМ. Ҳо, ҳамин тавр шуд… (Механдад)
АКРАМ. Чаро механдӣ?.. Шояд моҷарои дар тӯи ту шудагӣ ба кампир таъсири бад карда бошад?..
ҲОТАМ. Ҳо, ҳамин тавр шуд. Ба падару модарам ҳам сахт таъсир карда буд.
МАЙСАРА (бо тааҷҷуб). Магар дар тӯи Шумо моҷаро шуда буд?
ҲОТАМ. Э, напурсед… Қариб тӯй вайрон шуда буд. Мехостанд маро кӯбанд. Ҳатто як бародари авбоши занам кордро баровард.
МАЙСАРА. Наход ҳамин хел шуда бошад? Охир, ин тамоман ҷоҳилӣ-ку…
ҲОТАМ. Бигзор, Акрам гӯяд. Вай ҳамаашро дидааст. Ман карахт шуда монда будам. Модарам ва модаркалонам гиря мекарданд. Падарам оҳиста гурехтанд. Баъд, ҳамроҳи милиса омаданд.
МАЙСАРА (шавқманд). Аҷаб шудааст. Ман ҳаргиз тӯи задухурднокро надидаам. Баъд чӣ шуд?
ҲОТАМ. Акрам, ту ба Майсара он ҳолатро баён кун… Ҳолати ману модаркалонамро нишон деҳ. Дастаи каланд бардоштани Алимардон ҳам аз хотират набарояд.
АКРАМ. Воқеа ин тавр шуда буд… Инҳо масъалаи тӯйро ҳал карда буданд. Рӯзи тантана аз ду тараф хешу табор омаданд. Як тараф барвақттару як тараф дертар. (Механдад.) Аҷоибаш, ҳамон вақт аз Помир самолёт дар вақташ парида, аз Чортут дер монд. Кӣ будани домодро тарафи арӯс намедонистанд. Баъд шуд моҷарову афтударафт. "Дар Чортути худамон ҷавон набуд, ки ту ба ҷои бегона расидӣ?" гуфта модари арӯс шӯрид. "Туро бе иҷозат ба шавҳар баро гуфта ба Душанбе нафиристода будам" – гӯён падари духтар қиёмат кард. "Ту обрӯи авлоди моро рехтӣ, бачаи бесар" – гӯён акои духтар ба Ҳотам корд кашид. Духтар гиря мекард. Ин ҳолатро дида Алимардон аз як гӯша каландро бардошта омад. Саг соҳибашро намеёфтагӣ шуда монд. Аммо мардум ба миёна даромада, милиса омада, мағалро пасанда карданд. Зиёфат барои меҳмонон заҳр шуда буд. Ду тараф диданд, ки аллакай вақт гузаштааст, ба тақдирашон тан доданд. Фақат модару акои арӯс аз тӯйхона қаҳр карда рафтанд…
ҲОТАМ (хандида). Соли гузашта ҳарду, вақти таваллуди писари ман, ба Помир омаданд. Ин дафъа қудоҳо забон ёфта тавонистанд.
АКРАМ. "Набера ширин" – мегӯянд.
МАЙСАРА (оташин шуда). Фарқаш чӣ будааст, ки куҷоӣ ба куҷоӣ мерасад? Ҳама ҳам инсон-ку… (Ба хаёл фурӯ меравад.)
ҲОТАМ. Э, ҳозир мо соз.
АКРАМ. Ман тасдиқ мекунам. Ҳатто тағои духтар зани помирӣ гирифт. Вай дар шаби тӯи инҳо бетараф истода буд…
МАЙСАРА. Ин ҳодиса як асари аҷоиби саҳнавӣ мешавад.
ҲОТАМ. Охир, касе наменависад. Драмнависон ба мавзӯъҳои таърихӣ муроҷиат мекунанду мегӯянд, ки дар замони ҳозира талошу моҷаро байни ошиқон нест.
АКРАМ. Он қадар ҳаст, ки… Якаш кӯлобӣ мегӯяд, дигараш ӯротеппагӣ мегӯяд… Падару модарон барои ҳамин шуда, фарзандонашонро "оқ" мекунанд. Барои мисол дур намеравем. Падару модари Анвар…
МАЙСАРА (норозӣ). Акрам, хоҳиш мекунам…
АКРАМ. Ман намедонам онҳо чӣ гумон мекунанд. Аммо Анвар байни замину осмон муаллақ мондагӣ.
МАЙСАРА (бо ғазаб). Ҳой, Акрам, ман ба ту боварӣ доштам. Акнун ба ҳеҷ куҷо намеравам. Падару модараш сари Анваратро хӯранд…
ҲОТАМ (ҳайрон). Ба Шумо чӣ шуд, Майсара?
МАЙСАРА. Ҳеҷ чиз нашудааст. Ҳамин тавр… Мебахшед…
Майсара сарашро хам карда баромада меравад. Ҳотамбеков саволомез ба Акрам нигоҳ мекунад. Дар ҳамин фурсат овози диктори аэропорт ба гӯш мерасад…
ОВОЗИ ДИКТОР:
Ба диққати пешвозгирандагон… Самолёте, ки бо рейси махсус аз Москва меояд, ба замин фаромад.
(Саҳна торик мешавад).
Охири намоиш.