Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

ОИНАИ МАХМАЛПЕЧ - ҚИСМИ ДУЮМ

НАМОИШИ ПАНҶУМ




Мурод мебарояд. Вай хело парешон аст...

Суруди Мурод:

Ҳайҳот, дилам дар қафаси танг бимонад,
Ҳайҳот, сарам дар талаби нанг бимонад,
Ҳайҳот, гули боғи ман аз ранг бимонад,
Орому қарор ин саҳар аз даст бидодам!

Саргашта ба ҳар роҳ шудам, оҳ кашидам;
Пас рахти умедам ба сари Моҳ кашидам.
Бо мақсади фардои худам – роҳ кашидам,
Кардам ғалат оё, ки ба ин ҳол фитодам?

Дар нимаи раҳ мондаам имрӯз, сари ман,
Бо пои худаш омада модар ба дари ман...
Акнун чӣ илоҷест, бигӯед бари ман?!
Бар дӯши худам кӯҳи ғамеро биниҳодам.

Ман зинаи мансаб ба худ андеша намудам,
Саъю амали худ ба ҳамин бора фузудам.
Роҳат ба ҳаётам шуду аз бахт сурудам,
Аммо халал афтод,бар ин роҳи муродам!

(Мурод оҳ мекашад). Он кас барои чӣ омаданд?.. Ба шаҳр омадани зани солхӯрдаи қишлоқиро кӣ маҷбур кард-а?! Акнун фақат як роҳ мондааст, ки... Оҳ, сари сахтам! "Вай ҳаргиз ба хонаи мо намеояд" –гуфта, бо Роҳат сулҳ баста будам... Ба падару модараш сир надодем. Акнун чӣ мешавад?! Оҳ, ин Афзал! Бори аввал хат оварду боиси як моҷарои калон гардид. Қариб аз Роҳат чудо шуда будам. Ин дафъа аз вай зиёдтар – худи модарамро овардааст. Магар ман аз вай хоҳиш карда будам?! Аз Зартуч ёфт шудани кони нав ба сари ман бало шуд... "Шодиёна те, модаратро овардам" – будааст... Телефонро канда партофтанам омад... Ба оши ҳалоли мо пашша шуд-дия ин Афзал.

Ғолия меояд. Вай гузашта рафтанист. Вай Муродро дида, барои ҳолпурсӣ меистад.

Ғолия. Салом, Мурод!
Мурод. Ҳа, Ғолия... Салом. Ба куҷо азм кардед?
Ғолия. Модарам ба Зафаробод рафта буданд. Он касро пешвоз мегирам.
Мурод (Бо андеша). Модаронро пешвоз гирифтан нағз...
Ғолия. Аҳволи дугонаам хуб аст?
Мурод. Бисёрҳо хуб... Ба корашон мераванд, аз корашон меоянд...
Ғолия. Он шӯру ғавғоҳо тамоман барҳам хӯрд?
Мурод. Боз наваш сар мешавад.
Ғолия. Худи Шумо ҳам будаед-дия!.. Хайр, салом гӯед! (Меравад).
Мурод (Пушти сарашро хорида). Худи ман ҳам будаам-дия... Рост мегӯяд. (Оҳи вазнине мекашад). Ман ҳам ба пешвози модарам рафтам! (Меравад).

Парда кушода мешавад. Ҳавлии Афзал-ино. Як тараф харак истодааст. Дар як гӯша кати оҳанин. Модари Афзал дароюбаро карда, дастурхон дуруст мекунад... Афзал назди стол нишаста риш, метарошад. Вай машғули кори худ, суруд мехонад. Ҳар замон оинаро бардошта, дар он худашро тамошо мекунад.

Суруди Афзал:

Аз кӯҳ, ки фаромадӣ, ришатро битарош,
Бар шаҳр даромадӣ, ришатро битарош.
То қуллаи мақсуд ҳазорон зина,
Ҳар зина баромадӣ, ришатро битарош!

Озодаву тозагӣ басо кори савоб,
Аммо ба касони танбал ин ҳаст азоб.
Хайрияти бахти ман, ки танбал нашудам,
Хайрияти ишқи ман, ки ҳастам ба ҳисоб!

Сад шукри сарам, ки одами кӯса наям,
Монанди Ҳалими кӯса дар ғусса наям.
Лекин ба сарам мӯи сафеде пайдост,
Шодам, ки ҳамин табъи дили духтарҳост!

Аз кӯҳ, ки фаромадӣ, ришатро битарош,
Бар шаҳр даромадӣ, ришатро битарош.
То қуллаи мақсуд ҳазорон зина,
Ҳар зина баромадӣ, ришатро битарош!

Модари Афзал. Қиссаи ришат ин қадар дароз шуд, баччем...
Афзал (Ба рӯяш атр молида). Оҳо, очаҷон, дар хона меҳмон, холаам шодон, ҳама кор осон, шумо меҳрубон, шумо дилу ҷон...
Модар и Афзал (Хандида). Ту лӯлии тайёр!
Афзал (Дар ҳамон услуб). Дар назди модар, модари сарвар, бошед бохабар, лӯлигӣ – ҳунар!..
Модар и Афзал (Ҳазломез). Ҳамин ки зан гирифтӣ, овозат набаромада мемондагист...
Афзал. Худо нигаҳ, дорад, дилам наёзорад... Овозам набарояд, гӯшамро сахт мекашам!.. Ришамро бо алмос нею бо табар метарошам. (Олоти риштароширо аз рӯи стол меғундорад). Ман ба хона чунон арӯс мебиёрам, ки ғуломи ҳалқабаргӯши шумо бошад...
Модар и Афзал. Ҳай-ҳай-ҳай... Ба ман ғулом даркор не, баччекам. Ба ман арӯс даркор, ки ман кори вая кунаму вай кори мана... Баччекоша бонӣ кунам, барош қадирдонӣ кунам...
Афзал. Айнан гуфти худамон мешавад! (Асбобҳои риштароширо бардошта, ба хона даромада меравад).
Модар и Афзал. Як гӯшаи ман ба Латофат кашол буду чӣ кор кунам, ки ба калла нагирифт. Ҳозир хешу табор мумкин набудааст... Пештар холабаччаҳо ба ҳамдигар мерасиданд-ку... Хайр, ихтиёр ба дасти писарам. Ки-я мебиёрад... кай мебиёрад, худаш медонад. (Афзал мебарояд). Ҳамин тавр не, баччем?!
Афзал. Чӣ, очаҷон?
Модари Афзал (Табассум карда). Медонистагии худат... Мурод наомад-ку...
Афзал. "Бо такси расида меравам" гуфта буд... Мошин наёфтагист. Холаамро гӯед, омада аз рӯи каравот дам гирифта шинанд. То кай дар берун интизор мешаванд!
Модари Aфзал. Модар-дия, баччем... Ҳамин қадар гуфтам, ба гардан нагирифтанд. Кӯчаро тамошо мекунам гуфта, баҳона ҳам карда монданд...
Афзал. Мабодо ягон тараф рафта, роҳро гум накунанд?!
Модари Афзал. Не-е... Дар курсии назди дарвоза нишаста буданд.
Афзал. Гуфта намешавад. Худатон вақтҳои нав омаданатон...
Модари Афзал (Хандида). Ҳа-я... Ту чойро барор! (Меравад).
Афзал (Аз паи модараш). Ин кори мушкил не, очаҷон...

Афзал ба тарафи хона даромада меравад ва чойнаки чойро бардошта ҷониби кат мебарад. Худаш дар як гӯшаи кат нишаста, чойро гардон-гардон мекунад. Аз берун модару холааш меоянд. Вай барои ҳурмат ҷаста аз ҷояш мехезад.

Модар. Афзалҷон!
Афзал. Лаббай, холаҷон!
Модар. Ин наомад-ку... Ё аз ин омадани ман вай хурсанд нашуда бошад?!
Модари Афзал. Барои чӣ хурсанд намешудааст?.. Шумо, апаи яккаву ягонаи ман аз ҳамон қадар роҳ биёеду ҷин зад-мӣ, ки вай хурсанд нашавад... Ҷонам гӯяд... Ба Афзалҷони ман таҳсин хонад... Шуморо болои тахти заррин нишонад...
Афзал (Хандида). Ҳай, воҳима кардед, очаҷон!.. Гузашта, ҳоло аз болои ин (катро ишора мекунад) тахти оҳанин нишаста истетон... (Хоҳарон аз болои кат менишинанд. Афзал дар як гӯшаи он нишаста, чой мекашад). Ҳа нагуфта, омада мемонад... Шаҳр калон-дия, холаҷон. Мо аз як гӯшааш омадему гӯё ба худи шаҳр надаромадаем…
Модар. Ҳамту гӯй!.. Ба туфайли ту ман ҷаҳонгашта шудам... Вай роҳа бину... Хоҳарак, ту бо ин роҳи печдарпеч гузаштаӣ?
Модари Афзал. Чанд бор, апаҷон. Аз афташ, хуб азоб кашидед.
Афзал. Холаам тамоман қаҳрамонӣ карданд.
Модар. Не, азоб накашидаам. Аммо камтар дур будааст...
Модари Афзал. Аз рафтан бо самолёт меравед. Ҷони одам ҳузур мекунад... Латофатҷон ба Шумо чандвақта иҷозат дод, апа?
Модар. Вай омадани ман-а тамоман намехост. Хайрият, ки Афзалҷон восита шуд. Хабари зан гирифтани акояшро шуниду тӯқума чаппа зад. Мегӯяд, ки "Дигар рӯи акоямро набинам!"
Модари Афзал. Наход! Аз як ҷиҳат, ҳақ ба ҷониби Латофат...
Афзал. Он кас сари ҷаҳл ҳамту гуфтанд. Магар гӯшта аз нохун ҷудо карда мешавад?..
Модар. Охир, ин Муроди ман он қадар гӯшти тоза набаромад-дия... Наход, ки тӯй қунаду модару хоҳар дар он хизмат накунад... Вай ба ҳавлии шумоён омада меравад, хоҳарак?
Модари Афзал. Кӣ?
Модар. Мурод-дия...
Модари Афзал. Не, апаҷон. Аз тӯяш ҳам мо хабар надоштем...
Модар. Наход?! Бечора баччем танҳоӣ кашидагӣ... Акнун ман омадам... Тӯямонро якҷоя карда медиҳад... Занаш хушрӯ бошад?.. Падару модари занаш одамони нағз бошанд?!
Афзал. Онҳо... Онҳо одамони обрӯманд.
Модари Афзал. Омадед, акнун шинос мешавед.
Модар. Муродам маро шинос мекарда бошад?!
Афзал. Аҷоиб гап мезанед, холаҷон!..
Модар. Охир, ман як пиразани кӯҳистонӣ... Расми нишасту хести шаҳрро намедонам. Онҳо, худат гуфтӣ, ки одамони обрӯманд... Мумкин аст, Мурод номус кунад, шарм дорад...
Модари Афзал. Шумо, апаҷон, қудо ҳастед... Ҳозир хоҳарзодаи "баоқубатам" меояду дастонашро ба гарданатон ҳалқа мекунаду "Хезед, ба хонаи қудоятон барам!" – мегӯяд...
Афзал. Шояд ҳамин тавр шавад.
Модари Афзал. Шубҳа дорӣ?
Афзал. Не, не, очаҷон...
Модар (Ба хаёл рафта). Метарсам, ки аз дарвоза даромада "чаро омадед" нагӯяд… Афзалҷон, ту бо худаш гап зада будӣ?
Афзал. Ҳа, ҳолаҷон. Гӯшаки телефонро худаш гирифт... Канӣ, ман рафта бинам, ҳавлии моро кофта нагашта бошад...

Афзал зуд баромада меравад.

Модари Афзал. Ким-кайҳо як бор омада буд. Роҳро гум карданаш ҳам аҷаб нест.
Модар. Меҳру оқубат кам шудааст, хоҳарак. Муроди ман насиҳати падарро нашунида калон шуд. Ҳамин ҳам ба бачча таъсир мекардааст... Афзали ту, хоҳарак, қиёмат бачча... Оташ... Оташ!..
Модари Афзал. Шикоят надорам, апаҷон. Ҳамаи ҳамсояҳо ҳамин хел мегӯянд. Дар корхонааш ҳам обрӯяш бад набудагӣ барин... Тамоми баччаҳои маҳалла ҳам ӯро чунон нағз мебинанд, ки... Мабодо дар кӯҳ дертар монад-ку... "Афзал-аком кай меоянд?" гуфта, маро гаранг мекунанд.
Модар. Дар қишлоқ Латофат ба ҳамин мартаба соҳиб...

Мурод ва Афзал меоянд. Мулоқоти Мурод бо модар ва холааш чандон самимӣ нест. Маълум мешавад, ки вай аз рӯи ноилоҷӣ ба ин ҳавлӣ омадааст. Ҳеҷ ҳис карда намешавад, ки вай се сол модарро надида бошад. Афзал, ки воқеаро медонад, ин рафторро дида, дар харак сигарет кашида мешинад...

Модари Афзал. Биё, биё, Муродҷон!
Мурод. Салом, хола. (Даст медиҳад).
Модар. Муродҷонакам, ҷонам садқа, туро медидагӣ рӯз ҳам будааст-дия (Аз ҷо мехезад).
Мурод. Салом, модар! (Даст медиҳад. Модар ҳам ноилоҷ даст медиҳаду ҳайрон мемонад). Шинед!.. (Модар мешинад. Мурод ҳам аз гӯшаи кат мешинад). Аз ҳамон қадар роҳ заҳмат кашида омадед?.. Худам мерафтам. Хат навишта будам-ку...
Модар (Аз рафтори писараш маъюс шуда). Ҳа, ҳамон хатат шуд… Зан гирифтанатро дониста, муборакбод кунам, гуфта омада будам... (Бо киноя). Охир, мардум маро модари ту гуфта мешиносанд.
Мурод (Чашм ба ҳар сӯ давонда). Мебахшед, ҳамин тавр шуда монд. Ба шумоён хабар дода натавонистам.
Модар (Ғамгин). Мебинам, ки ту аз ин омадани ман хурсанд нестӣ!?
Мурод. Барои чӣ?.. Ман хурсанд...
Модари Афзал (Оташин). Хурсандиат ҳис карда намешавад-ку, Муродҷон?! Магар одам бо модари худаш ҳамин тавр мулоқот мекунад? Давида ба гарданашон даст халқа намекунӣ?.. Ҳай, шарманда-е...
Мурод. Маро "шарманда" нагӯед, хола! Ҳақ надоред.
Модари Афзал. Кӣ ҳақ дорад?
Мурод. Агар аввал ба хонаи ман меомаданд, албатта, дастамро ҳалқа мекардам.
Модари Афзал. Чашмонатро шира гирифтааст. Кӯр шудаӣ!
Мурод. Хонаи худам гуфта, гапро аз ҳад нагузаронед, хола!..
Модари Афзал. Хонаи туро чӣ хел меёфтанд?
Мурод. Пешакӣ хабар медоданд. Ман баромада пешвоз мегирифтам.
Модар. Ташаккур, нағз пешвоз гирифтӣ... Ҳатто хоҳаратро як даҳан напурсидӣ?!
Мурод. Ҳоло вақти пурсидан нашудааст-ку... Наранҷед, мепурсам. Ин омаданатон барои ман ногаҳонӣ буд. Худамро гум карда мондам.
Модари Афзал. Дар дигар масъала худатро гум накардӣ.
Модар (Худ ба худ). Ман гапи Латофатамро гӯш накардам. Ҳамин қадар кӯҳу тал гузашта омадам. Чӣ заҳматҳо кашида, калон карда будам. Сад ҳайф... ҳазор ҳайф!..
Модари Афзал (Ба Мурод). Ҳой, "мебахшед!" гӯй. Дилдорӣ кун!.. Ба ту чӣ ҷин зад?
Мурод. Ба ман баланд гап назанед, хола! Ҳозир ба хонаамон мебарам. Дар ҳамон ҷо аз дилашон мебарорам.
Модари Афзал. Апаҷон, намеравед!
Модар. Латофатҷонам ҳам ҳамин гапи туро гуфта буд.
Афзал (Тоқат накарда, аз ҷо мехезад). Ман то ҳол туро нашинохта будаам, Мурод! Туро беақл мегуфтам, бинам, ки аблаҳ будаӣ...
Мурод. Ҳой, оҳистатар!
Афзал. Дилат гарм набошад, барои чӣ омадӣ?
Мурод. Телефон кардӣ, омадам. Модарбинӣ омадам.
Афзал. Одам модарбинӣ ҳамин хел меояд?.. Ба модари ман иллат мекунӣ... Ту агар ҳисси инсонӣ медоштӣ, "ман модар надорам, ман ҳеҷ кас надорам!" –гуфта, зан намегирифтӣ.
Мурод. Ин гапҳоро бас кун, Афзалҷон!
Афзал. Не, бас намекунам. Акнун бас намекунам. Модару хоҳар доштани туро, ҳоло фақат занат донист. Падару модари вай намедонанд.
Мурод (Дасту по гум карда) Афзалҷон!..
Модар (Бо ҳайрат). Онҳо намедонанд?
Афзал. Не, намедонанд. Ту акнун даҳони маро баста наметавонӣ, инжинер!
Модар (Ба Мурод). Ту модаратро пеш аз маргаш гӯронда будаию мани беандеша сӯзанӣ дӯхта гашта будаам. Чӣ хел забонат гашт? Гунг нашудӣ?!
Модари Афзал. Вой, ин чӣ шармандагӣ буд?!
Афзал. Ман худам ба падару мадари занат ҳамаи воқеаро мегӯям. То имрӯз умед доштам, ки худат мегӯию онҳо аз гуноҳат мегузаранд...
Мурод (Илтиҷоомез). Афзалҷон!... Ҳамроҳ мегӯем.
Афзал. Маро "Афзалҷон" нагӯй! Зуд аз ҳавлии мо баромада рав! Холаамро ман овардам, боз худам беозор ба дасти Латофат бурда месупорам. Ҳар қадар истанд – дар ҳавлии мо меистанд!
Мурод. Маро пеш накун, худам меравам. Модарамро ҳамроҳ мебарам. Рост ба ҳавлии қудояшон мебарам! Ҳозир рафта, такси меорам. (Тарафи дар меравад). Шумо, тайёр шавед, модар!
Модар (Қатъӣ). Ташвиш накаш! Ман намеравам! Барои занат ва хешу табори вай ман "мурдагӣ" бошам, бигзор, ҳамин тавр монам... Аммо ман барои Латофат зинда ҳастам! Вай маро саробонӣ мекунад!
Мурод. Модар, мабодо пушаймон нашавед?!
Афзал. Аз чӣ пушаймон шаванд?
Модар. Бале, бале!.. Ман пушаймон ҳастам, ки туро таваллуд кардаам!..

Модар рӯй мегардонад. Афзалу модараш ба Мурод теҷ кашида нигоҳ мекунанд. Мурод дар ҷои истодааш шах шуда мемонад.

Охири намоиш





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »