НАМОИШИ ШАШУМ
Манзараи намоиши чорум. Модар болои суфа нишаста, болои матои сафед нақша медӯзад. Вай ҳар замон аз кор сар бардошта, ба як нуқтаи дур чашм медӯзад, ки дар доираи чароғ сурати Мурод пайдо мешавад. Модар сарашро болои сӯзанӣ хам мекунад ва шакли писараш ғайб мезанад. Модар боз сар бардошта ба дигар нуқта чашм медӯзад. Сурати Латофат ба назараш менамояд ва модар табассум карда, тез-тез сӯзан мезанад. Боз сар мебардорад ва акси Муродро дида, дертар нигоҳ карда мемонад. Сурат ғайб мезанад. Овози Хор ба гӯш мерасад. Модар хомӯшона нигоҳ мекунад. Як нафар аз Xор, ҳамоне ки дар намоиши аввал хонда буд, сатрҳои зеринро мехонад...
Дили модар-дия! Чун беғубор аст,
Муродашро зи нав ӯ интизор аст!..
Туро, модар, чунон як қудрате ҳаст,
Наё назди чунин фарзандҳо паст!
Муродатро ба дасти Роҳаташ мон,
Латофатро саробони сарат дон!
Сурати Латофат пайдо мешавад.
Ки аз ҷонаш туро маҳбуб донад,
Туро дар курсии заррин нишонад!
Сурати Латофат ғайб мезанад.
Модар (Худ ба худ). Латофати ман, саодати ман!.. Ту ягона қуввати дили ман ва кушояндаи гиреҳи мушкили ман ҳастӣ... Маро мебахшӣ, ки боз акоят дар пеши назарам пайдо мешавад. Имшаб ӯро дар хобам дидам... Вай парешон аст. Яккаву танҳо дар лаби дарё нишаста... Ба сафари бебарори ман як моҳи расо шуд. Ҳозир шукр мекунам, ки сари чаҳл, шири сафедамро ба ӯ маломат накардам. Дар хоб дидам, ки вай пушаймон аст... Ман сӯзаниашро бурдаму аммо надода омадам. Ба гумонам, ки нағз накардам. Он сӯзаниро бо нийяти вай дӯхта будам... Духтари ширинам, роҳи бахтат монанди шоҳии овардаат сафед бод!.. Бо нийяти ту нақшаи нахустинашро дӯхта шудам... (Табассум мекунад... Хаёлҳои ширин ӯро мебарад). Дар тӯи ту ман рақс мекунам! (Чашм мепӯшад ва дар саҳна Зулфира Асанова мерақсад). Дар тӯи ту ман суруди "ёр-ёр" мехонам!.. (Аз паси саҳна суруди "ёр-ёр" ба гӯш мерасад)
Модар бо хатми "ёр-ёр" аз ҷо мехезад. Ба хаёлу андеша ба ду нуқта чашм медӯзад. Аввал Латофат, баъд Муродро мебинад. Қадам мезанад. Омада дар паҳлӯи суфа рост меистад. Мусиқӣ садо медиҳад. Модар сурудашро месарояд...
Суруди Модар:
Дил даруни сина бо ёди шумоён шод бод,
Хонаи уммеди дилҳои шумо обод бод!
Аз яке ғам дораму аз дигаре дорам суруд,
Мақсадам ин, ки бинои ғуссаам барбод бод!
Нийяти бадро ба фарзандон набинам ман раво,
Ҳар якеро ақли солим аз паи имдод бод!
Қадри модарро касе нашнохт, рӯзи хуш надид,
Панди пирон навҷавононро абад дар ёд бод!..
Саттор меоянд. Модар ӯро намебинад.
Саттор. Овозатон ҳаргиз хаста нашавад, апа!
Модар (Сатторро дида). Ҳо, Сатторбек!.. Салом.
Саттор. Салом!.. Табъатон хуш.
Модар. Гӯш кардед?
Саттор. Суруди Шумо дар тамоми деҳа акси садо медиҳаду чӣ хел гӯш накунам...
Модар. Пирию ҳавсалае...
Саттор. Овозатон – овози ҷавондухтарон барин ҷарангосию... худатонро пир мешуморед.
Модар (Хандида). Чӣ хабари хуш овардед?
Саттор (Гӯё нашунида бошад). Сурудатон байти зӯр дошт:
"Ҳар куҷо домод бошад шод аз модарарӯс,
Ҳам арӯс албатта шод аз модари домод бод!"
Модар (Оҳ мекашад). Ҳа, Сатторбек. Ҳамин хел шуданаш зарур. Ё шумо розӣ не-мӣ?
Саттор. Не, ман розӣ... Латофат канӣ?
Модар. Вай дар корхонааш. Имрӯз барвақттар омаданӣ буд. Барояш хат овардед?
Саттор. Ба дасти худашон медиҳам. Духтурхонум барои ман суруд ваъда кардагӣ. Аммо барои Шумо...
Модар. Чӣ барои ман?
Саттор. Дилатон боқувват-мӣ?
Модар. Шикоят надорам... Чӣ буд?
Саттор. Мегӯям-дия. Духтурхонум нестанд... Ман бошам, марди эҳтиёткор...
Модар (Бетоқат). Чӣ гуфтанӣ ҳастед? Тезтар гӯед, Сатторбек!
Саттор. Дар хона об ҳаст?
Модар. Ҳа, ҳаст.
Саттор. Бошад – шуд. Мегӯям... Ман имрӯз вазифаи хаткашониро ба вазифаи роҳбаладӣ иваз кардам.
Модар. Чӣ хел?
Саттор. Дар истгоҳи автобус меистодам. Яке бинам, дар қатори одамони шинос як духтари ношинос аз мошин фаромад...
Модар. Хайр?!
Саттор. Вай рост ба тарафи ман омаду салом доду Шуморо пурсид...
Модар. Маро?
Саттор. Ҳа, Шуморо... Модари Муродро.
Модар. Шояд ягон дугонаи Латофатҷон бошад?!
Саттор. Вай модари Латофатро-не, модари Муродро пурсид.
Модар (Худ ба худ). Вау намеояд, Кӣ бошад?.. (ба Саттор) Шумо ба вай чӣ гуфтад?
Саттор. Гуфтам, ки Шумо дар ҳавлиатон. Баъд роҳи ҳавлиатонро пурсид. Гуфтам. Андак хаёл карда рост истоду боз ба ман бо ҳурмат рӯй оварда, бо як ҳалимӣ хоҳиш кард, ки роҳбаладӣ кунам... Ман ба ғайр аз розӣ шудан илоҷи дигар надоштам...
Модар. Ҳамроҳатон наомад-ку... Канӣ худи вай?
Саттор. Ба тамошои Чашмаи Булӯрин монд. Маро пештар фиристод, то аз Шумо пурсам, ки меҳмони нохондаро қабул мекунед ё не?
Модар. Э, албатта, қабул мекунам. Кӣ набошад, қабул мекунам... Зудтар гирифта биёред!
Саттор. Алҳол, об ҳам лозим нашуд...
Саттор рафтанӣ мешавад. Аз берун овози Латофат шунида мешавад: "Марҳамат, дароед! Модарам дар ҳавлӣ..." Марҳамат! Латофат ва Роҳат дохили ҳавлӣ мешаванд…
Мана, худашон... Хайрият, духтурхонум ҳам омада монданд.
Латофат. Саттор амак, меҳмонро дар нимаи роҳ монда омадед?!
Саттор. Духтурхонум, худашон хоҳиш карданд.Чӣ мегуфтам?
Модар. Биёед, духтарам! Қадами меҳмон муборак аст... Наход Шумо одам фиристонед, ки ман қабул мекунам ё не, гуфта?
Роҳат. Бубахшед, ман шароити ин ҷойҳоро намедонистам. Ба шумоён саломи Афзалро овардам! (Модар ва Латофат ба ҳамдигар нигоҳ карда мегиранд). Он кас таъкид карданд, ки ман шумоёнро бинам...
Модар. Ташаккур. Марҳамат, аз рӯи суфа!
Латофат (Бо меҳр). Меҳмони азизи мо мешавед. Афзал аком киро ба ин ҷо фиристоданашонро медонанд...
Саттор (Ба Латофат). Суруди ваъдагӣ!..
Латофат. Мешавад, амакҷон. Барои ман ягон хабари нав ҳаст?
Саттор (Дар оҳанги Латофат). Мешавад, духтурхонум... Суруди ваъдагӣ!
Модар. Хоҳиши Сатторбекро иҷро кун, Латофат!
Латофат. Модарҷон, мо бо амакам шарт дорем, ки як суруд ба ду хабар... Албатта хат ё телеграмма.
Модар. Аҷаб не, амакат ҳам аз рӯи ҳамин шарт талаб кунанд...
Латофат. Саттор амак! (Саттор сар меҷунбонад). Дар назди меҳмон чӣ хел мешавад-а?!
Роҳат (Табассум карда). Ман ҳам гӯш мекунам.
Латофат. Ин тавр бошад, ҳама шинед! (Ҳама менишинанд). Амак, агар фиреб диҳед, хафа мешавам... (Саттор ба ишораи "не" сар меҷунбонад).
Латофат сулфида мегирад. Мусиқӣ сар мешавад. Латофат ҳам сурудашро оромона сар мекунад...
Суруди Латофат:
Эй бод, саломамро бар гулшани ҷонон бар,
Меҳри дили покамро бо накҳати райҳон бар!..
Саттор. Бар ваъда хуб вафо кардед!
Роҳат. Сурудатон хело самимӣ садо дод.
Модар. Сатторбек, акнун зуд хаташро диҳед!
С а т т о р. Хат не, телеграмма.
Латофат. Телеграмма?
Саттор (аз кисааш барварда). Бале, хонум! Мана... аз... ҳӯ-ӯ...
Латофат (Даруни дил хонда, модарашро мебӯсад). Модарҷон, меомадааст.. Фардо меомадааст!
Модар. Тамоман?..
Латофат. Ба отпуск. Раҳмат, Саттор амак!
Модар (Ба Роҳат). Нисбаташ... Вай духтури ҳарбӣ.
Саттор. Шод бошед, духтурхонум. Ман кӯшиш мекунам, ки ба Шумо тез-тез хату хабар биёрам... Газетаву журналҳо бо роҳи худаш...
Латофат (Болида). Барои суруд хат ва телеграмма шарти асосии мо.
Саттор. Медонам. Вай, ки ба отпуск ояд, ин дафъа аз акоятон Мурод хат меорам.
Латофат (Авзоъаш зуд дигар шуда). Монед гапи акоямро!.. Саттор амак. Мо он касро бебозгашт ба занашон Роҳат (Роҳат бетоқат мешавад) ва падару модари он танноза тақдим кардем.
Саттор. Барои чӣ ин хел мегӯед, духтурхонум?!
Латофат. Барои он ки модарамро дар Душанбе хуб иззату обрӯ карда гуселонидаанд.
Саттор. Наход?!
Латофат. Аз модарам пурсед... (Ба Роҳат). Меҳмон, мебахшед, ин мавзӯи дохилӣ... Номатонро ҳоло намедонам. "Меҳмон" гуфта муроҷиат кунам, мабодо хафа нашавед?!
Роҳат (Саросема шуда). Не, не… Марҳамат, марҳамат...
Саттор (ба Роҳат) Номатонро мегуфтед...
Модар. Барои муроҷиат кардан осон мешуд.
Роҳат (Хиҷолат кашида). Номи ман... Номи ман... ҳум... Роҳат!
Латофат (Ҳайрон). Чи-ӣ?
Модар (Бо тааҷҷуб). Чӣ?
Роҳат (Худашро ба даст гирифта). Номи ман Роҳат!
Саттор (Сабук нафас кашида). Ин кас арӯсатон!.. (Латофат бо ҳайрати зиёд ба модараш менигарад). Шинохта гиред! Ман вазифаамро як дараҷа адо кардам.
"Ҳар куҷо домод бошад шод аз модарарӯс,
Ҳам арӯс албатта шод аз модари домод бод!"
Роҳат (Баъди хомӯшӣ). Барои чунин омаданам аз шумоён узр мехоҳам. Ман дигар илоҷ надоштам. Маро падару модарам фиристоданд... Онҳо аз Душанбе рафтани Шумо бехабар буданд, модар! Онҳо, умуман, аз будани Шумо хабар надоштанд. Хайр, ман, аз номаи Латофат фаҳмида будам... Баъди ба қишлоқ баргаштанатон, як бегоҳ дар ҳавлии падару модарам будем, ки Афзал омад... Вай қиссаи шудагиро ба падару модари ман гуфт. Онҳо ба сари ману Мурод сахт шӯриданд. Падарам аз ғазаб пиёлаи дар дасташон бударо ба замин зада шикастанд. Мо аз тарс хомӯш менишастем. Модарам гиряро ба сар бардоштанд... Худатон тасаввур кунед!.. Падарам моро аз ҳавлиашон пеш карданӣ шуданд... Афзал ба миёна даромад. Падарамро каме осуда кард. Он кас баъди андак сокит шудан, дар назди ману Мурод шарт монданд... Он шарт барои ман хело сахт буд... Мо дар давоми як моҳ, росташро гӯям, ҷои нишасту хестамонро намеёфтем...
Модар (Мутаассир шуда). Чӣ хел шарт, духтарам?
Роҳат. Шарти зӯр, модарҷон... (Оҳ мекашад) Акнун фақат Шумо метавонед, ки Муродро хушбахт гардонед. Маро ҳам... (Модар ба хаёл меравад). Барои ин гуноҳи азим мебоист Муродро партоям... Аммо чӣ илоҷ, ки вақтам наздик аст... Вай то маркази район ҳамроҳ омад. Ба ин тарафаш ҷуръат накард... Маро пеш фиристод... Ҳамин буд, ки ман аз Саттор амак имдод пурсидам... Агар Шумо шавҳари маро набахшед, падарам маро "оқ" мекунанд... Дигарашро худатон медонед!.. Магар ин ҷо омадан барои ман осон афтод?! (Модар бо хаёл, гап назада, ба хона даромада меравад. Ҳама бо тааҷҷуб аз паи ӯ нигоҳ карда мемонанд). Чаро ин кас рафтанд?! (Ба Латофат). Акоятон бо автобуси дуюм расида омаданӣ буд. Вай барои чӣ дер монда бошад?!
Саттор (Ба соат нигоҳ карда). Автобуси дуюм кайҳо омад...
Модар аз хона сӯзаниро гирифта мебарояду хомӯшона ба Роҳат наздик мешавад. Роҳат ин ҳолро дида, каме осуда мешавад.
Модар. Падару модари хуб доштаед! Раҳмат ба онҳо, ҳазорон бор раҳмат!.. Агар онҳо намебуданд, модар нигарон буду модар нигарон мемонд... Ман ин сӯзаниро ба нийяти хайр дӯхта будам... Ба шаҳр бурдаму боз овардам... Сабабашро медонед. Ба ҳурмати падару модаратон, акнун гиред! Насиб кунад!
Модар Роҳатро ба оғӯш мекашаду бо навозиш мебӯсад. Латофат ва Саттор ба он тараф чашм дӯхтаанд. Мурод дар ин вақт дохили ҳавлӣ мешаваду ин манзараро дида ба тарафи модараш ва занаш бо ҷуръат қадам мемонад...
Соли 1971, шаҳри Душанбе.
П а р д а