Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

ОИНАИ МАХМАЛПЕЧ - ҚИСМИ ДУЮМ

НАМОИШИ ЧОРУМ




Дар қафои саҳна манзараи кӯҳистон... Рӯи ҳавлии Модар. Аз як тараф даромади хона. Назди он суфае ҳаст, ки болояш қолин густурда, кӯрпачаҳо паҳн кардаанд. Модар машғули сӯзанидӯзӣ... Вай ба чашмонаш айнак ба сӯзан ришта мегузаронад. Аз дур бааси гову маоси гӯсфанд ба гӯш мерасад. Модар ба ҳамон тараф нигоҳ карда мегирад. Мусиқии суруд оҳиста-оҳиста баланд мешавад. Модар сӯзан мезанаду суруд мехонад...

Суруди Модар:

Фарзанди азиз, ёди рӯят дорам,
Ду дидаи худ ҳамеша сӯят дорам.
Парвозкунон биё, ки ин шому саҳар
Тайёрии андакак ба тӯят дорам.

Ин сӯзаниро бароятон медӯзам,
Меҳри дили худ ба рӯи он медӯзам.
Фардо ба шумо нишона монад аз ман,
Ҳар нақшаи он зи мағзи ҷон медӯзам.

Дар ҳастии ман ту нек хоҳар дорӣ,
Сарсабзии боғи умри модар дорӣ.
Аз қисмату бахти хеш ёбӣ барака,
Дар деҳаамон кунун ту дилбар дорӣ!

Фарзанди азиз, ёди рӯят дорам,
Ду дидаи худ ҳамеша сӯят дорам.
Парвозкунон биё, ки ин шому саҳар
Тайёрии андакак ба тӯят дорам...

Модар охирин нақши сӯзаниро дӯхта мешавад. Риштаи онро бо дандон меканад. Сӯзанро ба сӯзандон мегузорад. Аз ҷо мехезаду сӯзаниро калон кушода, бо завқ тамошо мекунад.

Модар (Худ ба худ). Ин сӯзанӣ албатта ба табъи арӯсшаванда мефорад. Ҳоло ҳам аз дастам ҳамин қадар кор меомадаасту... Ман бошам худамро паст мезанам. Писаракам ояд, духтари Савлатбегима писанд намояд, ман аз ин тӯҳфаи худ розӣ мешавам. Ба ҳардуяш насиб кунад... (Бо орзу) Умрам боқӣ бошад, тӯи Муродамро ба некӣ бинам, то аз аскарӣ омадани домодшаванда барои Латофатҷонакам ҳам як сӯзанӣ медӯзам. Худоро шукр, ки бо айнак чашмам чокро нағз мебинад. Ин сӯзаниро аз духтар рустӣ дӯхтам. Ваяшро ошкоро медӯзам. Худаш ҳам ёрдам медиҳад. Вай ҳамин лаҳза аз кор меомадагист. То омадани Латофат ин корамро ба ҳамсоя нишон диҳам канӣ, чӣ баҳо медода бошад... Ба ҳар ҳол пирон қадри кори пиронро хубтар медонанд... Сонӣ, аз Латофатҷонам шодиёна мегирам. Бечора баччекам имшаб навбатчӣ буд... Ғами тансиҳатии мардумро мехӯрад... Илоҳо доғата набинам!..

Модар сӯзаниро таҳ карда, ба зери каш мегираду баромада меравад. Саҳна каме холӣ мемонад. Латофат меояд. Вай ин тарафу он тарафро аз пеши назар мегузаронад, ба хона медарояд. Вай сумкаашро ба хона монда мебарояд. Ба ғундоштани саҳни ҳавлӣ машғул мешавад.

Латофат. Модарам куҷое рафтаанд. (Дар болои суфа сӯзандонро мебинад). Он кас ягон чиз дӯхта, барои нишондиҳӣ рафтагӣ барин... (Оҳанги мусиқӣ... Латофат суруди шӯхе месарояд).

Дар хонаи ҳамсоя гули бодом аст,
Гулпарвари номӣ ҷӯраи додом аст.
Додои маро насиб накард умри дароз,
Аммо ба миёни мардумон хушном аст.

Ман духтари додои азизам ҳастам,
Бо кори табибии худам сармастам.
Кай духтури ман биёяд аз хизмати дур,
То ҳалқа кунам ба гардани ӯ дастам?!

Ман шаҳри азим намеравам, корам нест,
Албатта намеравам, ки дилдорам нест.
Ман аз сари қуллаҳо сароям ғазалам,
Дар ҳар ғазалам ба ҷуз дили ёрам нест.

Латофат дар ҳавои сурудаш мерақсаду меболад. Дастонашро ба ҳар тараф меёзонад. Баъд кӯрпачаҳои рӯи суфаро дуруст мекунад. Сӯзандонро мегираду ба хона дароварда мемонад. Баргашта меояду дар як гӯшаи суфа менишинад. Ба тарафи ҳавлии ҳамсоя чашм медӯзад...

Чаро модарҷонам ҳаял карданд?! Охир, он касро ман як шабу як рӯз надидам. Як лаҳза набинам – пазмон мешавам... Оҳ модарҷони ғамбарори ман! Як лаҳза озори дили шуморо намехоҳам. Фақат ғами бепарвоию бемеҳрии акоям шуморо пир мекунад. Вай се сол аст, ки барои дидорбинӣ намеояд. Шумо ғами тӯи ӯро хӯрда гаштаед. Кас намедонад, ки худи вай дар дил чӣ мақсад дорад... Серкориашро баҳона мекунад. Аммо даври отпускашро дар курортҳо мегузаронад. Охир, қишлоқи худамон аз кадом курорт кам?.. Дилам гоҳо гувоҳӣ медиҳад, ки дар ин рафтори акоям ягон сирру асроре ҳаст. Агар аз ака Афзал пурсам, чизе намегӯянд... Ман дар Душанбе нахонда бошам, ки ба воситаи дугонаҳоям фаҳмида гирам...

Латофат хаёл карда мемонад. Мусиқӣ садо медиҳад. Вай дар ин оҳанг месарояд.

Ҳар саҳар мебарад андешаам аз роҳи хаёл,
Ҷустуҷӯ мекунам ин субҳ паногоҳи хаёл.

То ба дарвозаи уммед қадам бигзорам,
Ки барояд ба тамошогаҳи дил шоҳи хаёл!

Ғами модар, ки зи бемеҳрии фарзанд бувад,
Бигзарад аз дили ман бо ғаму бо оҳи хаёл.

Сар ба домони муҳаббат бизанад хотири ман,
Лекин аз боди акоям бипарад коҳи хаёл.

Модарам шавкату шаъни ҳамаи ҳастии ман,
Кай бурун мешавад аз ғуссаву аз чоҳи хаёл?

Ман парешонии модар, ки намехоҳам ҳеҷ,
Ҳар саҳар мебарад андешаам аз роҳи хаёл!

Модар меояд. Дар бағалаш ҳамон сӯзанӣ. Духтарашро дида хушҳол мешавад. Латофат ҳанӯз ӯро надидааст...

Модар. Балоят ба ҷонам, омадӣ?
Латофат. (Модарашро мебинад). Ассалом, модарҷон! Субҳатон бахайр бошад!
Модар. Барои ту ҳам... Ман тамоми шаб хавотир шуда баромадам.
Латофат. (Хандида). Аз ман чӣ хавотир мешавед? Навбатчигии ман маротибаи аввал не-ку... (Ба бағали модараш ишора карда) Ин чист?
Модар. (На якбора). Сӯзанӣ.
Латофат. Сузанӣ?
Модар. Ҳа, нусхаашро бардорам мегӯям.
Латофат. Барои чӣ?
Модар. Агар ба ту маъқул шавад (Латофат сӯзаниро тамошо мекунад). То рӯзи тӯи ту, давраҳои ҷавониамро ёд оварда, ягонта дӯзам, мегӯям...
Латофат. (Рост ба модараш нигоҳ карда). Ин кори дасти Шумо... Шумо инро аз ман рустӣ дӯхтагӣ.
Модар. Не-е, духтарам... Инро аз ҳамсоя гирифтам.
Латофат (Бо табассум). Ман омадам, ки дар рӯи суфа сӯзандонатон меистод. Шумо ин сӯзаниро ба ҳамсоя бурда нишон дода омадед. Ҳамин тавр не, модарҷон?
Модар (Бо нимханда). Аз ҳамсоя гирифтам. Бовар кун, духтарам.
Латофат. Аввалаш, ки шумо дурӯғ гуфта наметавонед. Сониян, магар писаратонро монда, барои ман медӯзед?! Сӯзандони болои суфа сирратонро фош кард... Мана, ин нақшаро ҳозир дӯхта шудаед... Бисёр зебо, модарҷон. Ба келинатон насиб кунад. Агар акоям розӣ шаванд, вай кирои келин гуфтан...
Модар. Сӯзанӣ маъқул шуд?
Латофат. Аз ин беҳтарашро надидаам. Ҳаргиз дастатон дард набинад.
Модар (Қаноатманд). Акнун навбати ту. Мебахшӣ, ки инашро аз ту пинҳонӣ дӯхтам. Тарсидам, ки "нури чашмонатонро меравонед" гӯён ҷанг мекунӣ.
Латофат. Будагӣ гап... Рафтори акоям ба ин хел кори шумо муносиб нею... Агар гапи шуморо нагардонанд, ман розӣ.
Модар (Аз рӯи суфа нишаста). Аз вай ягон хабар нест? Ҷавоби мактубат наомад?
Латофат (Узрхоҳона). Модарҷон, ба почта даромада натавонистам. Агар хат меомад, амаки Саттор меоварданд-дия... Воқеан, дина ман Афзал акоямро дидам. Он кас ба Зартуч гузашта рафтанд.
Модар. Ягон чиз нагуфт?
Латофат. Фурсати гап нашудааст. Имрӯз ваъда доданд, ки меоянд. Шуморо як хабар мегирифтаанду баъд ба Душанбе мерафтаанд.
Модар (Бо хаёл). Кошкӣ аз рӯи қавлаш маро ҳам бо худаш мебурд...
Латофат (Ҳайрон). Шумо чӣ, рафтанӣ шудед?
Модар. Холаатро ҳам як сол шуд, ки надидаам. Ҳамин шаб ба сарам зад, ки: "Як равам намешавад?"
Латофат. Шумо равед агар, акоям меомадагӣ бошад ҳам, дигар намеояд. Ақаллан, ман ба отпуск мебаромадам, ҳамроҳӣ мекардам...
Модар. Ҳоло ин ҳамту хаёл-дия. Хайр, ман сӯзаниро бурда, ба сандуқ баҷо мекунам. (Рафтанӣ мешаваду аз роҳаш истода). Духтарам!
Латофат. Лаббай!
Модар. Моҳонаатро гирӣ – як даҳ метр шоҳии сафед биёр.
Латофат. Шоstrongҳии сафед дар магазинҳо нест, модарҷон.
Модар. Ягон илоҷашро ёб-дия... Ё ба Афзал-акет таъин кун, вай ба ҳар тараф мегардад...
Латофат (Механдад). Он кас бисёртар кӯҳ ба кӯҳ мегарданд.
Модар. Метавонӣ, ки ба маҳбубат хат нависӣ. Вай дар ҳарбӣ духтур-ку... "Барои сӯзании тӯямон лозим" гуфта навис… (Меравад).
Латофат (Худ ба худ). "Барои сӯзании тӯямон лозим" гуфта нависам... Оҳ, модарҷонам! Як ҳафта шуд, ки аз духтури ман, аз лейтенанти ман ҳам хат нест. Модарам аз писарашон хат интизору ман аз вай... (Оҳ мекашад). Дар ин ҳавлӣ ду каси интизор зиндагӣ мекунанд... Кошкӣ ҳозир Саттор амак аз дар дароянду гӯянд, ки "Мана, хонум...".

Афзал меояд. Либоси кӯҳканон дар бараш. Латофат ӯро намебинад.

Афзал. Ҳа, хонум!
Латофат (Нигоҳ мекунад). Афзал ако!
Афзал. Салом, Латофат. Мана, омадам.
Латофат. Салом. Ман ҳам нав омадам...
Афзал. Киро "хонум" мегуфтед?
Латофат. Саттор амак маро ҳамин тавр мегӯянд. Хаткашонамон. Марҳамат, аз болои суфа гузаред.
Афзал. Холаам канӣ?
Латофат. Он кас бо сандуқашон овора... Ман бехабар, он кас як сӯзание дӯхтаанд, ки...
Афзал (Аз гӯшаи суфа нишаста). Наход?! Барои тӯи Шумо тайёрӣ будагист.
Латофат. Не, барои аком.
Афзал. Барои Мурод?!
Латофат. Ҳа-а... Яккаписар, ҷони модар… Оё он кас сазовор нестанд? (Дар ин гуфтораш каме оҳанги рашк ҳаст). Чаро ин тавр мепурсед?
Афзал. Ҳа, ҳамту... Дар шаҳр сӯзанӣ аз расм баромадагӣ...
Латофат. Ҳеҷ воқеа не. Боз расм шуда меравад. Модҳои нав барин. Дар тӯи арӯсӣ сӯзанӣ чизи хуб-дия!
Афзал.О-ҳо...
Латофат (Шарм дошта). Ман умуман мегӯям.
Афзал. Аз Мурод ҷавоби хат омад?
Латофат. Ҳанӯз не.
Афзал Вай "менависам" гуфта буд. (Хаёл карда). Барои Мурод ҳам душвор шуда монд.
Латофат (Ҳайрон). Чӣ душвор шуда монд?
Афзал. (Гапро дигар карда). Холаам намебароянд?
Латофат. Ба саволам ҷавоб надодед.
Афзал. Кораш бисёр... Саринженери як сохтмони калон.
Латофат. Кори кӣ душвор не?... Модарам ҳамроҳи шумо нийяти рафтан доранд.
Афзал. Аҷоиб-ку... Хайр, хоҳанд – мебарам. Мошин тайёр. Аз кӯҳ гузашта меравем. Мошин – мошини управленияи худамон.
Латофат. Аз омаданатон он кас бехабар. Ҳозир мегӯям. (Меравад).
Афзал (Худ ба худ). Ба ман аз ҳама ҳам душвор шуда монд-ку... (Аз ҷо мехезад). Гӯям ё нагӯям?.. Барам ё набарам?! Вай хат накардааст. Беҳаё... Чӣ хел мегӯям?... Мабодо дилашон накафад... Он дафъа нагуфтам, имконияти нагуфтан буд. Акнун рафтанӣ шудаанд... Чӣ кор кунам? Агар хаташ пеш аз ман меомад, ин касро ором карда, баъд ҳамроҳ мебурдам... (Яке ба қарор меояд). Хайр, мебарам. Дар роҳ аз ҳар тараф мисолҳо оварда, ин касро ба шунидани он хабар омода мекунам. Баъд, ба воситаи модарам мефаҳмононам... Дигараш вобаста ба Муроду занаш. Холаи бечораам… Бо нийят сузанӣ дӯхтаанд-а...

Модар ва Латофат пасу пеш мебароянд. Афзал барои мулоқот кардан тарафи Модар моил мешавад. Модар сари ӯро сила мекунад.

Модар. Холаат садқа, омадӣ! Муродро наовардӣ?... Акнун маро мебарӣ... Модарат саломат аст?!
Афзал. Шуморо мепурсанд, холаҷон. Он кас ҳамеша ёди Шуморо доранд.
Модар. Ман ҳам ба назди хоҳаракам меравам.
Афзал. Муборак шавад, хола, сӯзанӣ дӯхтаед.
Модар. Нийят-дия, баччем. Раҳмат! Э, Латофат, дастархон барор! Канӣ, Афзалҷон, аз рӯи суфа гузар!..

Латофат ба хона медарояд. Афзал ва Модар дар суфа менишинанд. Латофат дастархону нон мебарорад. Модар дастархон паҳн мекунад. Афзал ёрдам медиҳад. Латофат нонро ба модар медиҳад. Аз берун овози "Ҳой, хонум... Ҳой, духтурхонум..." гуфтани касе ба гӯш мерасад. Латофат "Ин Саттор амак!" гӯён ба он тараф моил мешавад. Саттор дар китф сумкаи хаткашонӣ медарояд... Латофат ва Саттор амак дар гӯшаи саҳна вомехӯранд. Саттор аз ҳамон ҷо ба тарафи Модар ва Афзал имои салом мекунаду ҷавоб мегирад. Баъд бо Латофат машғул мешавад...

Саттор. Мана, хонум... Газетаи тиббиатон. Ин журнали "Садои Шарқ". Ин газетаи "Маориф ва Маданият..."
Латофат. Аз мактуб гап занед, амак!
Модар (Аз ҷояш). Аз Мурод хат ҳаст?
Саттор. Сабр кунед! Ин журнали "Вокруг света"... Ана, инаш хонум газетаи "Советская культура", ин журнали "Занони Тоҷикистон"... Инаш "Советская женщина". Мана, ин хонум, журнали ҷарроҳӣ. Дигараш ҳам даркории худатон... Хуб, ки бошад. (Аз сумкааш ду хат мебарорад). Ана, инаш махсус барои худатон. Аз... Ҳӯ!..
Латофат. Раҳмат! (Хатро мегирад).
Саттор. Бо "раҳмати" хушк намешавад.
Латофат. Сонӣ, амакҷон, сонӣ... Ин хати аком будагист. (Чанг зада гирифтанӣ мешавад, Саттор хатро баланд мебардорад). Амакҷон, диҳед!
Саттор. Ин ба ҳисоби ман чорум хати Мурод, ки ба ин даргоҳ меорам. (Медиҳад).
Модар. Аз Мурод? (Аз ҷо хеста меояд). Аз писаракам. (Хатро гирифта ба чашмонаш мемолад). Раҳмат, Сатторбек! Гузаред, чой менӯшем...
Саттор. Дигарон интизор. Худам ҳам як хат гирифтаму димоғам сӯхт.
Модар. Барои чӣ?
Саттор. Ман ҳам аз писарам хат гирифтам.
Модар. Кас аз писар хат гирад, димоғаш намесӯзад, Сатторбек!
Саттор. Ин гапатон дурусту...
Латофат. Вай чӣ навиштааст?
Саттор. Эҳ, духтурхонум... Вай панаълат "аз шаҳр якта ёфтам" гуфта навиштааст...
Модар. Ҳум-м...
Саттор. Ҳоло намедонам, ки модараш чӣ мегуфта бошад?! Хайр, саломат бошетон! (Меравад).
Латофат (Аз паи Саттор). Ташаккур, Саттор амак!
Модар (Ба Латофат). Ма, тез хати акоятро хон!

Латофат хатро аз дасти модараш мегираду газетаву журналҳоро ба як гӯша гузошта, хатро мекушояд. Модар ба ҷояш гузашта мешинад ва чашм ба Латофат медӯзад. Афзал сар хам карда нишастааст. Латофат хатро ба пеши чашмонаш мебараду овози Мурод шунида мешавад...


Овози Мурод:

"Саломи оташин, Модар, Латофат!
Ба хат кардан накардам ҳеҷ одат...

Барои ин маро маъзур доред,
Пичингу таънаам бар сар наборед.

Хаёлам мекашад сӯи шумоён,
Валекин кори ман бисёр алъон.

Илоҷе кардаву гар вақт ёбам,
Ба сӯи деҳ ҳамоно мешитобам.

Нагардетон шумо аз ман хавотир,
Тамоми кору борам нағз ҳозир!

Аз ин ҷо шавқу шодӣ ман гирифтам,
Бубахшетон маро, ки зан гирифтам..."

Модар (Нимхез шуда). Чӣ-ӣ?..
Латофат (Бо тарс).
"Бубахшетон маро, ки зан гирифтам..."

Модар дилашро дошта, ба ҷояш нишаста мемонад. Афзал аз ҷояш ҷаста, назди холааш мегузарад. Латофат тозон набзи модарашро медорад. Баъд зуд мехезаду ба хона даромада меравад... Аз он ҷо дору мебарорад...

Афзал. Холаҷон, холаҷон! Ба шумо чӣ шуд?
Латофат. Модарҷон! (Модар хомӯшона нигоҳ мекунаду гап намезанад). Модарҷон, ин доруро ба таги забонатон гиред. Ҳозир, ҳамааш нағз мешавад. (Ба Афзал) Барои чӣ шумо маро огоҳ накардед? Албатта Шумо медонистед...
Афзал (Худ ба худ). Ман аз ҳаминаш метарсидам.
Латофат. Айби ман. Хатро аввал худам бояд мехондам. Охир, "Хон!" гуфтанд... Модарҷон, каме сабук шудед?
Модар. Раҳмат, духтарам... Барор сандуқро, сӯз!
Латофат. Шумо чиҳо мегӯед...
Модар. Сӯзаниро ҳам сӯз!
Афзал. Холаҷон, сандуқ айб надорад, Сӯзаниро Шумо дӯхтагӣ... Ин қадар ғам нахӯред. Ҳеҷ воқеа не... Шуморо аз ташвиши тӯй озод кардааст.
Модар (Бо алам). Наход монанди писари Сатторбек ақл накард, ки пешакӣ як даҳан хабар диҳад... "Мегирам" ҳам не... "Гирифтам!" будааст...
Латофат. Хайрият, ки ҳоло ба хонаи Савлатбегим кас намонда будед... Вагарна...
Модар. Интизор будам, интизор!.. (Хомӯш мемонад).
Латофат. Ман аз чунин хомӯшии акоям ҳамеша дар дилам шубҳа доштам. Шумо, Афзал-ако, бояд моро хабардор мекардед!..
Афзал (Узрхоҳона). Мебахшед. Росташро гӯям, худи ман ҳам ба қарибӣ фаҳмидам.
Латофат. Алам мекунад, ки вай моро ба қатори одам ҳисоб накардааст... Магар мо хонаашро ғорат мекардем?.. Ё ошаш намерасид? Хайр, ман ҳеҷ гап не. Як хоҳар-дия... Бошад ҳам мешавад, набошад ҳам мешавад...
Афзал. Ин тавр нагӯед!..
Латофат. Магар одам Модарро дар тӯяш намегӯяд? Фарз кардем, ки маслиҳат карданро раво надид... Ё вай бе модар ба дунё омадааст? Аз осмон афтодааст?! То зинда бошам, ба рӯяш нигоҳ намекунам! Акнун модарам намераванд!
Модар (Баъди хомӯшӣ). Меравам, духтарам... Ту аз ҷаҳлат фаро.
Латофат. Не, модарҷон, намеравед!
Модар. Акнун рафтанам шарт... Афзалҷон, маро мебарӣ?

Афзал ба Латофат нигоҳ мекунад.

Латофат. Ман намемонам. Модарҷон, акнун рафтан чӣ лозим?
Модар (Аз ҷо мехезад) Рафтан лозим, духтарам... Вай писари ман аст. Модарон аз фарзандонашон рӯ намегардонанд... Ту, албатта, ба ман иҷозат медиҳӣ... Ман медонам, дили ту нарм аст!..

Модар оҳиста-оҳиста ба хона даромада меравад. Латофат аз паи модараш меравад. Афзал аз паи онҳо нигоҳ карда, дар саҳна рост мемонад...

Охири намоиш.




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »