НАМОИШИ СЕЮМ
Манзараи намоиши ду. Дар саҳна Роҳат ва дугонааш Ғолия. Вазъияти Роҳат тамоман бад аст. Вай ниҳоят ғамнок. Истодаш, гашташ ва нишасташ занони мотамдорро ба хотир меорад. Маълум мешавад, ки дугонаашро худаш даъват кардааст...
Роҳат. Агар ту намеомадӣ, ман девона мешудам... Дар рагу пайвандам як таркише ба амал омад.
Ғолия. Воҳима накун, дугона!
Роҳат. Ту ҳатто бовар карда наметавонӣ. Охир, мақсади маро худат медонистӣ. Падару модарам бо ман ҳамфикр буданд. Ана, акнун "худкардаро даво нест" шуда монд.
Ғолия. Ман ба кирдори ту ҳайрон мешавам. Аҷоиб одам баромадӣ.... Дар вақташ огоҳ карда будам, ки ба қишлоқӣ нарас. Ту гуфтӣ, ки вай баччаи детдом. Расидӣ. Ҳатто чанд муддат бо ман ногап гаштӣ...
Роҳат (Оҳ кашида). Гумон мекардам, ки ту аз рӯи ҳасад маро аз роҳ мезанӣ.
Ғолия (Механдад). Ҳасад?.. Кадом ҳасад?!
Роҳат. Ту ҳам ба Мурод хунсард набудӣ.
Ғолия. Ба ту чунин намудааст. Оҳ, агар падару модарат фаҳманд...
Роҳат. Боиси таънаву маломати сахт мешавам... "Худат ёфтӣ... Ба духтарони ин замона магар бовар кардан мумкин" ва монанди инҳо...
Ғолия. Ҳатто тасаввур карда наметавонам. Онҳо боз чиҳо мегуфта бошанд-а?.. Барои ин шуда, ту ишқи Иброҳимро рад кардӣ. Дидӣ, вай ҳозир ҷонишини вазир шудааст. Ҳа нагуфта, боз мебинӣ, ки...
Роҳат. Бас кун, Ғолия!.. Мурод ҳам саринженер шуд-ку.
Ғолия. Ҳавлии онҳоро намегӯӣ... Тамоман биҳишт. Модараш ҳам тамоман биҳиштӣ... "Ман ба касе мерасам, ки модараш набошад... Модаршӯ надоштан кайфияти хос дорад!.." Ана, ҳайҳот!
Роҳат. Ғолия, ту хуштолеъ будаӣ.
Ғолия. Аз кадом толеъ гап мезанӣ? Магар шавҳар накарда гаштан ҳам толеънокӣ мешавад?
Роҳат (Хаёл карда). Шӯ надорӣ... Модаршӯ надорӣ. Худат озодӣ. Дилат, ба ҳар тараф хоҳӣ, болу пар мезанад. Акнун ман чӣ кор мекарда бошам-а...
Ғолия. Ту пеш аз вақт мотам мегирӣ, Роҳат. Рафту, модари шӯят одами нағз бошанд. Аввал дидану санҷиданат лозим.
Роҳат. Гап дар сари ин не, дугона.
Ғолия. Хуб, дар сари чист?
Роҳат. Барои чӣ аз мо пинҳон кард? Вай гӯё хонадомод шуд. То омадани ҳамин мактуб "ғайр аз ту касе надорам" мегуфт. Ман ҳам шод будам. Чунон шод будам, ки гӯё дар олами афсонаҳо мегаштам. Ханда аз лабонам канда намешуд. Худат хабар дорӣ. Аммо ин мактуб... Бомбае буд, ки ба рӯи хонаи мо таркид...
Ғолия. Канӣ ҳамон мактуб?
Роҳат. Дар хона буд.
Ғолия. Мумкин як хонам?
Роҳат. Албатта, барои ту мумкин. Ман ҳозир мебарорам. Хоҳараш навиштааст. (Меравад).
Ғолия (Худ ба худ).
Ҳар куҷо зоғе ҳаст,
Дар дилаш доғе ҳаст,
Лола ҳам дорад доғ,
Ки нашуд сокини боғ!
(Қадам мезанад). Бечора модар чӣ гуноҳ дорад... Барои чӣ Мурод пинҳон карда бошад? Хайр, сабабаш маълум-ку. Падару модари Роҳат аз курорт оянд, дар ин хонадон бомба не, ягон чизи аз он ҳам зӯртаре метаркад... (Табассум мекунад). Бечора Мурод... Паноҳгоҳатро зудтар пайдо кун. Барои як мактубро баровардан ҳам ин қадар ҳаял-мӣ?! (Дар дасташ мактуб Роҳат мебарояд). Ин қадар ҳаял карда рафтӣ?..
Роҳат. Аллакай дар байни китобҳо баҷо кардааст. Хуб кофтам. Ма, бо диққат хон! (Мактубро медиҳад). Акнун ман на сар дораму на сомон...
Ғолия хатро гирифта, дар як гӯша барои хондан менишинад. Роҳат барои худаш кор пайдо мекунад. Вай як курсиро мегираду ба ҷои дигар мегузорад. Дигарашро аз ҷояш ҷунбонда мемонад. Баъд омада ба сари Ғолия рост меистад... Ғолия аз хат сар мебардораду хомӯшона ба чеҳраи Роҳат нигоҳ карда мемонад.
Хондӣ?
Ғолия (Оҳ кашида). Ҳа, хондам.
Роҳат. Пичинги хоҳарашро фаҳмидӣ?
Ғолия. Ин пичинг не, дугона.
Роҳат. Хайр, пичинг набошад, чӣ?
Ғолия. Гила... Гилаи хоҳар... Аз номи худашу аз номи модараш. Ҳоло онҳо намедонанд, ки Муродашон зан дорад. Барои ҳамин ҳам навиштааст:
"Магар ишқи ягон маҳрӯи шаҳрӣ,
Шуморо кард аз қишлоқ қаҳрӣ?!
Роҳат. Гуноҳи кӣ?
Ғолия. Ман намедонам, дугона. (Хатро баргардонда медиҳад). Инро мабодо надарронӣ?!
Роҳат. Акнун дарронам чию надарронам чӣ...
Ғолия. Худаш куҷо шуд?
Роҳат. Миёни замину осмон ғайб зад.
Ғолия. Ғайб зад?
Роҳат. Ман бо ӯ гап назадам. Баромада рафт. Аҷаб не, ки назди Афзал рафта бошад.
Ғолия. Афзал кист?
Роҳат. Касе, ки мактубро овардааст.
Ғолия. Дар ҳақиқат аламангез... Ба ҳоли духтари ягонаи падару модар раҳмам меояд. Эҳ, Роҳати роҳат надидаи ман! Иқтисодчии як идораи ба назар намоён... Чунон ҳам фиреб хӯрдӣ, ки... Исто, ки акнун чӣ нийят дорӣ?
Роҳат. Тамоман сари калобаамро гум кардам. Фақат роҳи падару модарамро поиданам лозим. Онҳо аз курорт меоянду ин хабари ногаҳониро фаҳмида, истироҳаташон аз бинниашон мебарояд... Ғолияҷон, чунин ҳодисаро касе ёд надоштагист-а?!
Ғолия. Бисёрҳо, шунидаам, ки аз набудани модаршӯ шикоят мекардаанд. Ту ҳам дар қад фарзанд дорӣ... Шояд зинда будани модари шавҳарат барои ояндаатон хуб бошад... Тобистонҳо баччаатро бурда медиҳию ҳамроҳи Муродат ба саёҳати даври олам мебароӣ.
Роҳат. Барои ин кор модари худам ҳастанд.
Ғолия. Ин тавр бошад... онҳо дар кӯҳистон зиндагӣ мекунанд. Ба ту вазниниашон намерасад. Хӯрок пухта тавонистан ё натавонистани туро онҳо намебинанд. Чӣ ғам мехӯрӣ?!
Роҳат. Холаамро медонӣ?
Ғолия. Ҳа, медонам. Чӣ буд?
Роҳат. Рӯзе набуд, ки он кас аз модари шавҳарашон шикоят карда наоянд... Дар назди модарам зор-зор гиря мекарданд. Ҳамаи онро ман медидаму мешунидам. Кӣ мехоҳад, ки айши вай талх шавад?
Ғолия. Холаи ту бо модаршӯяшон дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекунанд. Роҳи он кас тамоман дигар.
Роҳат. Намедонам. Аммо ман намехоҳам, ки гапҳои пасту баланди модари шӯ ва хоҳари шӯро шунавам. Барои инсон мустақилият аз ҳама чиз азизтар аст. Ман то имрӯз чунин мустақилият доштам. Мурод аз гапам намебаромад. Падарамро падару модарамро модар медонист... Акнун ҳамаи ин чӣ мешавад? Оҳ, дугонаҷон, чӣ мешавад?!
Ғолия (Хаёл карда). Дилатро хун накун. Ба ҳар як кор илоҷе ҳаст.
Роҳат. Ба ин кор чӣ илоҷ буданаш мумкин?
Ғолия. Аз худат вобаста.
Роҳат. Канӣ, гӯй! Чӣ кор кунам?
Ғолия (Осуда). Ҷудо мешавӣ...
Роҳат (Ҳайрон). Аз кӣ?
Ғолия. Аз Мурод.
Роҳат. Магар ақлат дар ҷояш?..
Ғолия. Ба назари ман, ягона илоҷ ҳамин. Ту намехостӣ, ки модаршӯ дошта бошӣ. Аммо вай будааст. Хоҳаршӯят ҳам будааст. Баъзе хоҳаршӯён ҷавоби сад модаршӯро медиҳанд. Ҳамин ки аз шавҳарат ҷудо шудӣ, ҷонат аз модаршӯ халос...
Роҳат (Соддалавҳона). Сонӣ чӣ мешавад?
Ғолия. Ҳеҷ чиз. Боз ба касе мерасӣ, ки модар надорад.
Роҳат (Оташин). Ҳамаи маслиҳати аз ту мебаромадагӣ ҳамин?
Ғолия (Бепарво). Алҳол ҳамин... Ман ба Мурод мерасидам...
Роҳат. Чӣ-ӣ?
Ғолия (Нигоҳ накарда). Модаршӯ доштан орзӯи ман аст.
Роҳат. Ту дугонаи ман шуда, чунин мегӯӣ?
Ғолия. Чӣ гуфтам?!
Роҳат (Ғазаболуд). Дилат ба Мурод кашол буданашро пай бурда будам. Аммо ин хел бепарда гап задани туро гумон надоштам.
Ғолия (Механдад). Ту натарс! Муроди ман бо ҳарфи хурд навишта мешавад.
Роҳат. Э, Ғолия... Оё дили ман ҳозир шӯхиро ғунҷонда метавонад?! Ҳеҷ фаҳмида наметавонам, ки одамон чӣ хел модар доштани худро руст мекунанд...
Ғолия. Шавҳари ту барин. Барои манфиати ишқу амалу кор...
Роҳат. "... амалу кор..."
Занги дар мешавад. Роҳат мебарояд. Ғолия аз паи ӯ менигарад. Дар саҳна як лаҳза хомӯшӣ. Роҳат дар даст телеграмма бармегардад. Вай дар нимаи роҳ беҳаракат мешавад. Ғолия ин ҳолати Роҳатро дида, хавотир шудааст...
Ғолия. Аз кӣ?
Роҳат (Як зайл истода). Аз падару модарам.
Ғолия. Чӣ менависанд?
Роҳат. Фардо меомадаанд...
Дар ҳамин фурсат Мурод даромада меояд. Вай ии саҳнаро дида, дар ҷояш таваққуф мекунад. Роҳат дар ҳолати аввалааш. Муродро намебинад. Чашмони Ғолия ва Мурод ба ҳам бармехӯранду баъд ба тарафи Роҳат нигаронида мешаванд…
Парда