Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Оинаи дил -

БАҲОРИ САНЪАТИ ТОҶИК

Ба артисти халқии СССР Аслӣ Бурҳонов бахшида мешавад.


Саҳар омад, суруди тоза сар кард,
Вуҷуди ошиқонро поктар кард.
Диле дорӣ, муборак дил, накӯ дил,
Ҷаҳони орзуҳоро ба бар кард!

Муборак бод рӯзи нек, артист,
Баҳори саҳнаи тоҷик, артист!
Ту доим кори некӯе намудӣ,
Ки гаштӣ лоиқи табрик, артист!

Раҳи тайкардаи бисёр дорӣ,
Даруни сина меҳри кор дорӣ.
Тавоноии ту дар ҳиммати туст,
Дили ганҷинаи кӯҳсор дорӣ!

Ҳамеша зиндаӣ бо фикри фардо,
Ба худ лоиқ надонӣ андакеро…
Басо кӯшидаву меҳнат намуда
Намоиш додӣ нақши Рӯдакиро!

Ба ёди Рӯдакӣ – он ахтари назм,
Ба ёди Рӯдакӣ – сардафтари назм,
Тамоми мухлисон гулдаста буданд,
Ки ҳастанд ифтихори кишвари назм!

Ҳаёти худ ба санъат баста дорӣ,
Зи меҳри мо ба каф гулдаста дорӣ.
Зи ҳар бозии ту дил мехурӯшад,
Диле дорӣ ту – дил шоиста дорӣ!

Вале як нақшро бозӣ намудӣ,
Ки худ бо мо сарафрозӣ намудӣ.
Замину осмон карданд тавсиф,
Ба боли меҳр парвозе намудӣ!

Ту симои падар – доҳии моро
Намоиш додӣ баҳри мардуми мо.
Туро дар нақши Ленини муаззам
Тамошо карда гуфтем офаринҳо!

Муборак бод рӯзи нек, артист,
Баҳори саҳнаи тоҷик, артист!
Ту доим кори некӯ менамоӣ,
Ки ҳастӣ лоиқи табрик, артист!


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »