Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Оинаи дил -

ДАР БАЗМИ БАҲОР МЕНИШИНАМ



Дар сӯҳбати ёр менишинам,
Орому қарор менишинам.

Дар хандаи ӯ нигоҳ лағжон,
Ман зору низор менишинам.

Ҳангома намудан омад ин дил,
Аммо ба хумор менишинам.

Шуд "чашмаки ман ва чашмаки ту",
Охир, ба чӣ кор менишинам?!.

Ку ҷуръати як калима гуфтан?
Андешасавор менишинам...

Илҳом, куҷостӣ, биё зуд, –
Дар базми баҳор менишинам.

Ансории ошиқам, ки умре
Дар сӯҳбати ёр менишинам!


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »