Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Оинаи дил -

САҲАРИ ВАХШИ ДИЛАФРӮЗ БА ЁДАМ ОМАД



Саҳари Вахши дилафрӯз ба ёдам омад,
Духтари таҷрибаомӯз ба ёдам омад.
Назари худ ба ҳамон сӯй ба ҷон дӯхтаам,
Оҳ, як тобу табу сӯз ба ёдам омад...

То равам бори дигар, бори дигар боз оям,
То барам завқи дил он ҷову сарафроз оям.
Гузарам аз дили ҳар фарди наҷиби водӣ,
Бо суруди зафари ишқ ба парвоз оям!..

Меравам бо ҳаваси нек бар он махзани ишқ,
Мебарам меҳри бузурге ба ҳамон маскани ишқ.
То ҳаётам, ба дил илҳоми навин меҷӯям,
Ки дарорам ғазали бахт ба пироҳани ишқ!

Менависам ғазал аз мардуми бебоки диёр,
Менависам зи ҳама ҳастии ин хоки диёр.
Менависам, ки муҳаббат шарафи роҳи ман аст,
Дода онро ба дили ман саҳари поки диёр!

Ман ҷаҳондори ҳамин рӯзаму меболад дил,
Ҳамсафи одами фирӯзаму меболад дил.
Ҳар қадар хондаам аз мактаби устодонам,–
Боз як таҷрибаомӯзаму меболад дил.

Дӯстонам ҳама дам рӯзи саидам хоҳанд,
Ба амал омадани ҷумла умедам хоҳанд.
Боз як марҳамате хостаам ин саҳарӣ:
Сафарӣ ҳастаму як роҳи сафедам хоҳанд!

Духтари таҷрибаомӯз ба ёдам омад,
Саҳари Вахши дилафрӯз ба ёдам омад.
Назари чашми дил он сӯй ба ҷонам дӯзам,
Ки ҳамон тобу табу сӯз ба ёдам омад!..





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »