Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Оинаи дил -

БО ПАРДАИ СЕТОР ТУ РОЗИ САҲАРЕ ГӮЙ!



Гулро ба замин ҳеҷ гаҳ аз даст напарто,
Ҳарчанд ки он аз дили ин хок бирӯяд...
Дилро ту ҳидоят бинамо ҷониби фардо,
Занбӯри асал ҳам гули бишкуфта бибӯяд!

Фарзанди асили ҳамаи давру замон бош,
Эй ҷони ҷаҳонам, ба ту иқбол бихоҳам.
Бо ҳастии айём раҳи Қоҳкашон бош,
То дида бубинад, ки дурахшон шуда роҳам.

Дар олами инсоф баинсоф шав, эй гул,
Аз субҳи таманнои дили ман хабаре ҷӯй!
Дар партави хуршед ҳаётест нав, эй гул,
Бо пардаи сетор ту рози саҳаре гӯй!

Як рози саҳар гуфтаву дилро ба хурӯш ор,
Чашмони дурахшони ту оинаи фардост.
Афтодаи ишқем, ба лутфе ту бубардор,
Сайёра ба сайёра расад, меҳр дар он ҷост!

Ман мӯъҷизаи давру замонро бупарастам,
Сарриштаи ҳар мӯъҷиза аз ишқ ҳувайдо...
Боғеву баҳореву гуле ҳаст ба дастам,
Гулро ба замин ҳеҷ гаҳ аз даст напарто!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »