Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Оинаи дил -

ЧАШМОНИ СИТОРАИ ШУМОРО…



Чашмони ситораи Шуморо
Оинан рӯзгор донам,
Лабханду назораи Шуморо
Гулғунчаи навбаҳор донам.

Нури саҳареду нури бахтед,
Дар тори вафо суруд бошед!
Зӯри саҳареду зӯри бахтед,
Завқи дили хушнамуд бошед!

Дар олами ҳастии дили ман
Сарпардаи ҳар наво Шумоед!
Нози гулу рози боғу гулшан,
Дар болу пари шифо шумоед!

Чашмони ситораи Шуморо
Оинаи рӯзгор донам.
Лабханди назораи Шуморо
Гулғунчаи навбаҳор донам.

Парвонаи гирди шамъи уммед
Дар сӯхтанаш – ҳаёт бинад.
Парвонаатон манам, бубинед,
Табъам дили ҳиссиёт бинад!

То бар сари ин ҳаёти фирӯз
Хуршеду ситора нур пошанд...
Гулҳои чаман шукуфта имрӯз –
То дастагуле ба тӯй бошанд!

Чашмони ситораи Шуморо
Оинаи рӯзгор донам.
Лабханду назораи Шуморо
Гулғунчаи павбаҳор донам!






« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »