Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Хотираҳо -

ҶӮРАБЕК НАЗРӢ

ФАРОМӮШШУДАГОНРО ҲАМ ЁД БОЯД КАРД

Чунонки ишора шуд, соҳибунвону ҷоизадорони беҳудаю баҳуда дар қаламрави адабиёту ҳунар зиёд гаштанд, ки бештарашон шояд арзанда ҳам набошанд. Вале буданд шахсоне ба мисли Файзулло Ансорӣ, Мастон Шералӣ, Искандари Хатлонии ҷавон, хеле ҷавон (афсӯс, ки дунёро зуд падруд гуфт), ки дар адабиёти муосир нақше гузоштанд ва аз назари эҷод ва хираду фазилат ҳам бо ченаки имрӯзӣ аз аксари «халқӣ»-ҳо ва ҷоизадорони шурӯъ аз солҳои «бозсозӣ» то ба имрӯз камтар набуданд, агар сазовортар набошанд, чаро ин унвонҳоро соҳиб нагаштанд? Чунки масъулият буд, то оғози «бозсозӣ»-маймунбозиҳои горбачовӣ-елтсинӣ.

Соҳиби ин унвону ҷоизаҳо гаштан кори андак набуд, яъне шиор «беҳтарин»-ҳо ба маънои кайфияту моҳияту сифат буд, на камияту миқдору шумор. Хонандаи арҷманд ёд биоварад асарҳои саҳнавии Файзулло Ансорӣ «Имтиҳон» (1958), «Ҳаёт ва ишқ» (1958), «Ҳукми модар» (1962), «Ойинаи махмалпеч» (1965), «Зинапоя» (1974) ва ғайраро ва худ қазоват кунад, ки ӯ чӣ хидмате кардааст дар рушди драматургияи тоҷик. Дар ин асарҳо муаллиф тавонист, ки хислату хусусият, азму талоши ҷавонони деҳот барои бунёдкорӣ, ташаккули одами нави даврони худ, орзуву омол ва муборизаи қаҳрамонон ба муқобили нобасомонию норасоиҳои зиндагӣ, роҳҳои пешгирию рафъи онҳоро хуб инъикос кунад. Як худи намоишномаи «Имтиҳон» беш аз бист сол саҳнаи Театри давлатии ба номи Лоҳутиро оро дод, бо толори ҳамеша пур аз тамошобин. Ба гумонам намоишноманависон пеш аз он ки барои гирифтани «Ҷоиза» фикр кунанд, бояд намоишномаҳои дархурди рӯз ва чун Файзулло Ансорӣ асарҳои мондагор бинависанд, бахусус барои баланд бардоштани ахлоқи ҳамидаи ҷавонон, ки замон ба он ниёз дорад.

 

(Аз китоби

«Сухане чанд аз адабу адабиёти муосири тоҷик»

ё «Дарёи сухан пуроб бояд»)



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »