Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Хотираҳо -

ҲАБИБУЛЛО ИМОДӢ

 

ҶИЛВАГАРИ ГУЛШАНИ АДАБ

Қавипайкару қоматбаланд
Дар хотираам устод Файзулло Ансорӣ то ҳанӯз ҳамон марди қавипайкару қоматбаландест, ки қад-қади гулгаштҳои хиёбони Рӯдакӣ бо салобати ба худ хос, гӯё заминро озор додан намехоста бошад, ғарқи хаёл қадам мезанад. Он даврон, аниқтараш солҳои шастум-ҳафтодуми қарни гузашта ӯро хурду бузурги ҷомеа ҳамчун вассофи ишқу муҳаббат ва дра­матурги боистеъдод мешинохтанд ва иззату эҳтиромаш мекарданд. Ваҷоҳату салобати ӯ ба дараҷае буд, ки на ҳар кас метавонист ӯро аз роҳ боздорад ва ба суҳбаташ мушарраф гардад. Аммо онҳое, ки ӯро аз наздик мешинохтанд, дар ғайбаш аз донишу ҷаҳонбинӣ ва ашъори рангини ӯ, қалби ҳассосу нозукаш қисса мекарданд.
Ӯ адиби лирик буд ва бо нафосату обуранги аҷиб қаҳрамони лирикӣ – духтарони соҳибҷамол ва сафобахшандагони ҳаётро васф менамуд:

          Сад парда, ҳазор парда дорад дили ман,
          Бар тори вуҷуди ман навоз, эй дилбар!
          Мизроб бар он туро шуморад дили ман,
          Бинвоз маро ба меҳру ноз, эй дилбар!

Маҳорату истеъдоди Ансорӣ дар офаридани асарҳои саҳнавӣ бошад, ҳанӯз дар солҳои панҷоҳум сайқал ёфта буд. Аввалин драмаи ӯ –  «Имтиҳон» ҳанӯз соли 1958 дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ пешкаши тамошобинон гардид ва қалби тамошобинонро тасхир намуда, солҳо саҳнаро тарк накард. Баъдан намоишномаҳои «Ҳаёт ва ишқ», «Иҷорашин», «Ҳукми модар», «Борони баҳр» рӯи саҳнаро диданд, ки ба мавзуъҳои бузургии мо­дар, қадру манзалати инсон, орзую умед, ишқи поки ҷавонӣ ва ғайра бахшида шудаанд.


Аз хотираи Ҳикмат Раҳмат
Ба хотири он ки ҳаёт ва эҷодиёти шоири шодравонро амиқтар пеши назар орем, чанде пеш мо бо адиби тоҷик Ҳикмат Раҳмат, ки худро аз шогирдони устод меҳисобанду аз рӯзгори он кас хабар доранд, ҳамсуҳбат шудем.
– Ман, – ба сухан оғозид Ҳикмат Раҳмат, – бо шоир Файзулло Ансорӣ дар солҳои донишҷӯӣ шиносоӣ пайдо кардам. Ҳамдеҳаашон, журналисти номӣ Раҷа­балӣ Қудратов ҳамкурси ман буд. Дар хонае иҷора менишастем. Ансорӣ баъзан ба дидани Раҷабалӣ меомаданд. Дар ҳамин хонаи иҷора суҳбат мекардем, чой менӯшидем. Бояд гуфт, ки он замон Ансорӣ ҳам бо аҳли оилаашон иҷоранишин буданд. Вақте ки дар паҳлӯи «Мағозаи тӯҳфаҳо», ки дар рӯ ба рӯи боғи зебои шаҳрӣ воқеъ буд, ба Ансорӣ хона доданд, ману Раҷабалӣ ба он кас ёрӣ расондем.
Минбаъд ҳам мо бо Ансорӣ вомехӯрдем, шеърҳояшонро аз рӯзномаву маҷаллаҳо мехондем. Инсони бисёр меҳрубон буданд.
Он солҳо Ансорӣ ба навиштани дра­маҳо хеле шавку ҳавас доштанд. Охири солҳои панҷоҳум драмаи аввалинашон дар Театри ба номи Лоҳутӣ ба саҳна гузошта шуд ва дар байни тамошобинон шуҳрат пайдо кард. Он кас ба ҳар намоиш ману Раҷабалиро даъват мекарданд. Баъд аз тамошои намоишнома аз ҷониби нависандагону ҳунарпешагон ва аҳли зиё муҳокима баргузор мегардид. Ман дар яке аз чунин таҳлилҳо дар бораи нақшҳо, бозии ҳунармандон ва сеҳри қалами драматург сухан ронда будам. Файзулло Ансорӣ аз суханони ман басо шод шуда, меҳрубонона дастамро фишурданд. Боз намоишномаҳои «Ҳаёт ва ишқ», «Ҳукми модар», «Модар нигарон буд» ва ғайра паси ҳам рӯи саҳнаро диданд, ки мардум онҳоро бо шавқу завқи зиёд тамошо мекард. Худи устод он солҳо роҳбари бадеии театр ҳам буданд. Мо зуд-зуд ба хонаашон мерафтем. Дар атрофи шеъру шоирӣ суҳбат мекардем, дар масъалаи таҳсил ба мо, донишҷӯён, маслиҳатҳо медоданд. Шеърҳоямонро мехонданд, камбудиҳоро мегуфтанд, барои ислоҳ кӯмак мерасонданд.
Боз як воқеаи аҷиби дигаре ҳам дар хотирам мондааст: Дар курси чорум мехондем. Ба яке аз хоҷагиҳои ноҳияи Ҳисор ба пахтачинӣ рафта будем. Рӯзе ҷамъомади донишҷӯён баргузор шуду аксари ҳозирин аз роҳбарияти онвақтаи донишкадаи омӯзгорӣ, ки пахтачинҳоро сарварӣ мекарданд, норозигӣ баён намуданд. Хархашаи нохуш ба вуқӯъ пайваст ва роҳбарият маро низ дар қатори чанд нафар дар ин амал гунаҳгор дониста, баъди бозгашт аз идрорпулӣ маҳрум кард. Ман дар вазъияти нохуш мондам. Бе идрорпулӣ он вақтҳо идомаи таҳсил мушкил буд. Аз ин рӯ, дар фикри он афтодам, ки коре кунаму пул пайдо намоям. Билахира, нишастаму таҳти унвони «Образи ҷавонон дар эҷодиёти шоирони ҷавон» мақолае таълиф кар­да, ба шуъбаи ҷавонии радио бурдам. Пирбой Бадалов ном корманди шуъба мақоларо хонда маъкул донист ва гуфт, ки хуб мешавад, агар устод Файзулло Ансорӣ низ онро хонанд. Устод, ки бо кадом масъалае дар он ҷо менишастанд, мақоларо бодиққат хонда ризоят доданд, ки шунавонда шавад. Ман аз хурсандӣ намедонистам ки чӣ навъ ташаккур изҳор кунам. Зеро аҳволи иҷтимоиам хеле танг буд ва ҳаққи қалами мақола маро наҷот медод.
Устод Ансорӣ инсони хайрхоҳ ва ғамхори донишҷӯён буданд. Барои ман ҳаққи устодӣ доранд. Одами бисёр некхоҳ буданд ва хеле боэҳтиёт сухан мегуфтанд. Хислатҳои одамдӯстӣ, саховатмандии он кас фаромӯшнопазир аст, – суханашро анҷом бахшид шоир Ҳикмат Раҳмат.

Аз суханони Карим Мӯсо
Қарор додам, барои пурратар баромадани ин маводам шахсони дигаре ҳам, ки бо устод Файзулло Ансорӣ ошноӣ доштанд, дар суҳбат шавам. Яке аз шогирдон ва ҳамдеҳагони устод Ансорӣ қаламкаши соҳибзавқ Карим Мӯсоро пайдо кардам. Давраҳои бачагӣ ва ҷавониашро, Файзулло Ансориро ба хотир меовард. Ӯ мегуфту ман гӯш мекардам:
– Ман бо Ансорӣ аз кӯдакӣ шинос будам. Чаро ки бо эшон на танҳо аз як деҳа, балки аз як гузарем. Хеле хуб ёд дорам, ки дар як рӯзи тамузи тобистони соли 1958 дар деҳа овоза шуд, ки Фай­зулло Ансорӣ аз Душанбе омадаанд ва хатнатӯйи писаронашон Ҷовиду Собитро барпо мекардаанд. Аз ин хабар шодию сурури моро ҳадду ҳудуд набуд. Ҳарчанд хурд будам, вале эҳсос мекардам, ки ҳамдеҳаи мо ҳамчун шоир ва драмнависи маъруф дар саросари кишвар шуҳратёр аст. Писари калони устод Ансорӣ Ҷовид ҳанӯз дар гаҳвора буду падар ҳини таҳсил дар Донишкадаи адабии шаҳри Маскав дар шеъри «Мактуб» бо меҳр ин мисраъҳоро навишта:

           Ниҳодам номи ту Ҷовид умедам,
          Ки бар иқболи ман ҷовид бошӣ.

Вале Ҷовид ҳам мисли падар умри тӯлонӣ надид. Агар гӯям, ки тамоми хислатҳои наҷиби Файзулло Ансорӣ дар Ҷовид Ансорӣ таҷассум ёфта буданд, ҳеҷ иштибоҳе намешавад. Зеро Ҷовид ҳам мисли падараш ҳалим, хоксор ва шахси беозор буд.
Ҷовид, ки ҳар сол ба деҳа меомад, бо ман унс гирифта буд ва баъдтар ман ҳам сокини пойтахт шудаму ҳангоми мулоқот бо ӯ аз чиликбозиву рустакшавиҳоямон ёдовар мешудем. Дареғо, ҳасрато, ки ин рафиқи кӯдакии ман дар синни 40-солагӣ ин дунёро падруд гуфт. То ҳанӯз модараш ба ёди Ҷовиди ҷавонмарг ашк мерезад.
Устод Ансорӣ аввалин нафареанд, ки аз деҳаи мо маълумоти олӣ гирифтанд ва ба он кас шоир Убайд Раҷаб, Шарофиддин Рустамов, Низомиддин Баҳриддинов пайравӣ намуданд. Ба ҳар кадоми онҳо устод Ансорӣ некие кардаанд. Масалан, Убайд Раҷаб ва Шаро­фиддин Рустамовро дар ҷумҳурӣ касе нест, ки нашиносад. Дар вақташ Убайд Раҷаб ба факултаи физика ва Шарофид­дин Рустамов ба факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҳуҷҷат супурда буданд. Чун устод Ансорӣ аз воқеа воқиф мешаванд, ба раъйи онҳо монеъ гашта, мегӯянд, ки ҳарду ба фа­култаи забон ва адабиёт бояд ҳуҷҷат супоранд. «Чунки якеатон бояд шоир шаведу дигаре олим», – таъкид мекунанд устод Ансорӣ. Воқеан ҳамин тавр шуд.
– Солҳои охири ҳаёти устод қариб ҳар рӯз бо он кас вомехӯрдам, – идома дод хотироташро Карим Мусо ва афзуд: – Одате доштанд, ки ҳар рӯз дар боғи марказӣ сайр карда, сипас ба Чойхонаи «Роҳат» мерафтанд.
Як бегоҳии рӯзи ҷумъа ҳамон ҷо таом мехӯрдам, ки устод омаданд. Суҳбати гарм ба вуқӯъ пайваст. Аз душворию нодориҳои давраҳои ҷангию баъдиҷангӣ, гуруснагиву қашшоқии мардуми деҳот ҳикоят карданду пешниҳод наму­данд, ки қабри устод Садриддин Айниро зиёрат кунем. «Ҳар бегоҳ ман танҳо мерафтам, имрӯз Шумо маро ҳамроҳӣ кунед», – гуфтанд.
Ҳанӯз троллейбус ба Донишгоҳи кишоварзӣ нарасида устод гуфтанд: – Пиёда меравем.
Пурсидам: – Чаро?
Гуфтанд: – Аввал муҷассамаи устод Рӯдакиро зиёрат мекунем, пасон ба назди устод Айнӣ меравем.
Дар хотир дорам, як рӯз дар сари марқади устод Айнӣ ба хаёл рафтанд. Аз ваҷоҳаташон аён буд, ки хеле дилтанганд. «Оқибат манзили мо водии хомӯшон аст», – гуфтанду сӯи марқади аллома Бобоҷон Ғафуров раҳсипор шуданд. Аз он ҷо берун омадему устод гуфтанд: – То назди мӯйсафед пиёда меравем.
Ман он вақт ҷавони 22-сола будам ва пинҳон ҳам намекунам, ки то назди кадом мӯйсафед рафтанашонро намефаҳмидам. Баъди то назди ҳайкали ус­тод Рӯдакӣ пиёда омадан дарк кардам, ки он кас киро дар назар доштаанд.

Зодаи куҳсорон
Як рӯз устод Ансорӣ аз ман пурсиданд: Шеърҳои ба Самарқанд бахшидаи маро хондӣ? Гуфтам:
–   Хондам.
–   Чӣ бардоштӣ? – боз пурсиданд.
Ман чӣ ҷавоб доданро надониста, аз Самарқанди бостонӣ сухан оғоз кардам.
–   Андак ист, – сухани маро буриданд устод, – баъзеҳо гап паҳн кардаанд, ки гӯё ман аз куҳистонӣ будани худ ор карда бошам. Ҳеҷ гоҳ ин тавр нест! Инро гуфтанду ин шеърро хонданд:

          Маро ҳамраъй бишморед, ёрон,
          Ки ҳастам зодаи ин куҳсорон.
          Сароям иқтидори рӯзгорон
          Ҷаҳони руҳро ман дӯст дорам,
          Забони куҳро ман дӯст дорам.

Ва баъди каме ист идома доданд:

          Куҳи диёрам ба сафо маснадӣ,
          Дар шарафу шуҳрати худ сармадӣ,
          Модари дарёи Зарафшон туӣ,
          Рамзи вафои ҳама мардон туӣ.
          Оби Зарафшон ҳама дам хӯрдаам,
          Буд ба ҳар воситае бурдаам.

Шеъре пеш аз марг

Устод Ансорӣ зодгоҳашро аз таҳти дил дӯст медошт ва ҳамин меҳр буд, ки дар оғози баҳор, як саҳар ӯ аз дили шаҳр раҳи хеш ба куҳсор кашиданд, то аз он ҷое, ки пой ба арсаи ҳастӣ гузошта буданд, бори дигар дидан кунанд ва ин дидорбинии охирин буд. Чун ба деҳа расиданд, сактаи қалбаш гирифт ва дар синни чилунӯҳсолагӣ ин ҷаҳони фониро падруд гуфтанд. Мегӯянд, ки ҳангоми ҷон додан шеъри «Деҳаи ман»-ро мехонданд...

Ёдашон ба хайр бод!

 

 



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »