Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Хотираҳо -

Кори дипломии ШАБНАМИ РАХМОНАЛӢ

ФАЙЗУЛЛО АНСОРӢ

Адабиёти пурғановати мо дар домани пурбаракати худ шоирони номдору номвареро зиёд парвариш намудааст, ки ҳар яке ба андозаи фазлу истеъдоду ҳунари хеш як гӯшае аз ин боғи сердарахтро сабзу хурраму шодоб нигоҳ доштаанд. Он дар маҷмӯъ майдонест фарох ва моломоли имконот барои сухан гуфтан, баёни орзуву омол намудан, изҳори андешаву ақида кардан, ниёзмандиҳои ботинии хешро рафъ сохтан ва бо як калом зиндагӣ кардану зебоӣ офаридан.

Мусаллам аст, ки ин ҳадафҳои наҷибро наметавон якранг, бо тарзу шеваи ягона амалӣ сохт. Зеро завқу салиқа, дидгоҳҳо, истеъдодҳо дар зоти худ наметавонанд ягонаву якранг бошанд. Гузашта аз ин ҳар як соҳибҳунар ҷаҳон ва падидаҳои онро аз равзанаи зеҳни худ мебинаду наззора мекунад. Яке самараи зеҳну хиради хешро бо зиддият изҳор доштааст. Дигаре дар атрофи масоили рӯзгор, дардҳои зиндагӣ, аз равзанаи панду ҳаҷв шоҳид будааст.

Агар таваҷҷуҳи гурӯҳе аз адибонро мазмунҳои панду ахлоқӣ, масоили фалсафӣ, ирфонӣ ба худ ҷалб намуда бошад, диққати бахши дигарро бештар масъалаҳои иҷтимоӣ ба худ кашидааст. Гузашта аз ин, нигоҳи забону баёни бархе печидаву мушкилфаҳм бошад, иддаи дигар саъй намудаанд, ки шеваву сабки забонашон баробар бо забону зеҳни мардум бошад. Содда бинависанду содда бигӯянд, то гуфтаашон қалбҳоро тасхир кунад ва тирашон нишонрас бошад.

Шоир ва драматурги тоҷик Файзулло Ансорӣ 20 марти соли 1931 дар деҳаи Некноти ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1951 факултаи омӯзгории Душанберо хатм ва дар ҳамон ҷо муаллимӣ кардааст. Аз соли 1954 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Соли 1953 корманди шӯъбаи мусиқии радиои тоҷик, соли 1956 мудири шӯъбаи нашриёти давлатии Тоҷикистон, соли 1959 сармуҳаррири адабии телевизиони тоҷик буд. Соли 1962 курси дусолаи Донишгоҳи адабии Маскавро хатм кард. Узви ҳайати филмноманависони «Тоҷикфилм», узви ҳайати барномасозии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, мудири қисми адабии Театри давлатии Лоҳутӣ, муҳаррири калони Кумитаи табъу нашри Тоҷикистон буд. Шоири ширинкалом ва драматурги тоҷик Файзулло Ансорӣ  28 апрели соли 1980 аз олам гузашта, мероси гаронбаҳое ба насли баъдӣ боқӣ гузошт.

Шеърҳои аввалинаш ҳанӯз соли 1948 пайдо шуда буданд. Маҷмӯаҳои «Калхот ва кабӯтар» (1954), «Гулдастаи дӯстӣ» (1956), «Офтоб дар роҳ» (1957), «Гулшан» (1958), «Шарофат» (1963), «Буттаи гул» (1969), «Оинаи дил» (1973), «Сарвати дил» (1982), «Китоби Ватан» (1991) ва ғайра ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Соли 1957 маҷмӯаи русиаш бо номи «Солнце в пути» ва соли 1967 маҷмӯаи «Звезда любви» чоп шуд.

Бисёр шеърҳояш ба сурудҳои дӯстдоштаи мардум мубаддал шудаанд. Аз охири солҳои 50 чун дромнавис ном баровард. Дромҳои «Имтиҳон» (1958), «Ҳаёт ва ишқ» (1958), «Иҷорашин» (1961), «Ҳукми модар» (1962), «Борони баҳор» (1967) дар Театри давлатии Лоҳутӣ рӯи саҳнаро дидаанд.

Пийесаҳои «Баъди имтиҳон» (1971), «Модар нигарон буд» (1972), «Мактубро ман навишта будам» (1973), «Духтари ҳунарпеша» (1973), «Зинапоя» (1974), «Тӯй барпо нашуд» (1978) ва ғ. асарҳои пешазмаргии ӯ буданд. Дромҳои беҳтаринаш дар китобҳои «Имтиҳон» (1961), «Тори илҳом» (1963), «Зинапоя» (1974) гирд омадаанд.

Бояд қайд кард, ки қиматтарин неъмати рӯйи дунё, сарчашмаи  муҳаббати беканор, ҳимматбаландтарин шахси башарият модар аст. Аз ин рӯ, вай дар эҷодиёти адибони тамоми дунё мавқеи хоса дорад. Маҳз меҳри  бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати  шабонарӯзӣ, бедорхобӣ,  пурбардории ӯ танҳо  ба худаш хос  буда,  касро  ба ҳайрат  меорад. Мо дар канори  модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстиро меомӯзем. Канори модар худ мактаби аввалини ҳаёти  мост. Китоб ё муқаддасоти дигарро ба зери болини кӯдак гузоштани модар рамзи худро дорад. Модар мехоҳад, ки тифлаш бе нуқс сабзида,  мададгори даврони пирӣ гардад.

Оре, модар мисли замин танҳо ва яктост.

Модар дар ҳама ҳолат  чӣ ҳозиру ғоиб пайваста  дар ёди  фарзанд буда, хушҳолии ӯро дида, меболад. Ҳама олимону шоирон,  ҳунармандону косибон парвардаи боғи муаттари дунёи орзуҳои  модаранд. Аз ин рӯ, образи ин шахсияти нотакрор дар адабиёт мақоми хоса дорад. Шоирону адибон симои воқеии ӯро бо сухан нишон дода, номашро то моҳ баровардаанд. Бемуҳобот, модар ба чунин қадрдонӣ сазовар аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Ана, ҳамин  бузургию ҳашамати ӯро  ба назар  гирифта, модарро тимсоли Ватан медонанд. Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш хушбахту шӯҳратёр мегардад. Ба ин маънӣ Файзулло Ансорӣ дар шеъри «Беҳтарин шеърам ба васфи модарон» фармудааст:

Боз пурсиданд аз ман, рӯзи ид

Шеър бинвисам ба васфи модарон.

Росташ, ки дар чунин рӯзи саид

Ҳарфи бикре гуфтани ман шуд гарон.
 

Шеър ҳам монанди рӯи одамист,

Он яке гарму дигар бисёр сард.

Дур аз ман лаҳзаҳои беғамист,

Ки бимонам бар ҳама кирдор сард.
 

Як тараф бинам ҳаёти дилкаше,

Як тараф бинам ҷаҳони гирудор.

Як тараф бинам дили пуроташе,

Як тараф сад турбате андар мазор.
 

Синаи ман мешавад сад бор чок

Аз ғами он мардумони дарднок.

Лек медӯзам тамоми чоки дил

Бо нахи гулҳои ин дунёи пок.
 

Кишвари ман, сарзамини поки ман,

Мулки модарҳои нусратноки ман,

Ғамгусори халқи олам гаштааст,

Ки ҳамеболад дили бебоки ман.
 

Иди модар мешавад ҳар бор ҳам,

Васфи модар мешавад такрор ҳам.

Буди мо аз модару шояд кунанд

Аз "ҳаво" афтодагон инкор ҳам...
 

Рӯи модар гармтар аз офтоб,

Бӯи модар беҳтар аз бӯи баҳор.

Меҳри модар дода моро обутоб

Мефиристонад ба ҳар як корзор.
 

Беш дар ин боб шеъри шоирон,

Сатр андар сатр дар ёди ман аст.

Беҳтарин шеърам ба васфи модарон –

Рӯзи тавлидам – ҳамон доди ман аст.

Забони ҳар халқу миллат азизтарину шарифтарин сарват, рози дил ва воситаи эътирофу мавҷудияти ҳар халқу миллат ва шиносномаи ӯст. Дар забон одатан табиат, хислату характер ва дараҷаи маданияту саводи вай дарҷ аст. Забони ҳар халқ ифтихори миллӣ, нангу номус, қудрату тавоноӣ, воситаи асосии пойдорию бақо, асоси мавҷудият ва таърихи ӯст. Забон баёнгари эҳсосоту андешаҳои мардум ва сабткунандаи арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва рӯҳонию таърихии онон аст. Ҳама он арзишҳои фарҳангие, ки имрӯз миллати тоҷик аз он ифтихор дорад, ба воситаи забон шинохта шудаанд. Маҳз тавассути забон таъриху тамаддуни ин ё он халқ ба наслҳои баъдӣ мегузарад. Аз ин рӯ, дар ҷаҳон халқу миллат ва давлати безабон вуҷуд надорад ва мавҷудияту мансубияти ҳар халқу миллат ба забони он сахт марбут аст.

Боиси хурсандист, ки туфайли истиқлолият бо ташаббуси Сарвари давлат  имрӯз забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дорад. Бояд мо ба қадри он расида, забонамонро аз забонҳои дигар тоза нигоҳ дорем ва шукр кунем, ки мо тоҷикему забони мо давлатист. Забони мо баёнгари сарнавишти мо, пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост. Аз ин рӯ, набояд фаромӯш кард, ки қадрдонӣ ба забон худ қадрдонӣ ба модар ва қадрдонӣ ба Ватан аст.

Тавре ки гуфтаанд: «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ!». Ба ин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҷавононро пайваста ба забономӯзӣ ҳидоят менамоянд. Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки барои ба ин муваффақ шудан пеш аз ҳама забони миллату давлати худро бояд донист, зеро ҳар қадар, ки мо забони модариамонро беҳтару хубтар омӯзему донем омӯхтану донистани дигар забонҳо осон мешавад. Маҳз ба туфайли донистани забони ин ё он миллат кас метавонад фикру ақидаашро бемонеа дар ҳама ҷо иброз намояд. Ин мавзуъ дар шеъри «Забондонон касони дилкушоданд»-и устод Файзулло Ансорӣ хеле хуб инъикос ёфтааст:

Забонҳо дар Замини мо зиёданд,

Ки ҳар қавме забони хос дорад.

Ба ҳар инсон мувофиқ ном доданд, –

Чу ҳар дил лоиқаш эҳсос дорад.
 

Забонҳо дар Замини мо зиёданд,

Вале на ҳар касе бошад забондон.

Забондонон касонн дилкушоданд,

Ки раҳ ёбанд онҳо бар дилу  ҷон!
 

Забонҳо дар Замини мо зиёданд,

Дилафрӯз ин Замин – Сайёраи мост.

Забондонон ба ҳам дар эътиқоданд,

Зимоми зиндагӣ дар дасти онҳост.
 

Имо ҳасту

Ишорат ҳасту...

Лекин

Нафаҳмонад ягонаш муддаоро.

Забон гар нест дар ин хоки заррин,

Кӣ фаҳмонад шукӯҳи асри моро?!
 

Забон гар нест –

Буди мо муаммост,

Магар ҳастист, охир, лол будан?

Бале, ҳар ҷой сангу чӯб пайдост,

Магар тимсоли он бошад дили ман?
 

Забондонон чу лафзеро кушоянд,

Замину осмон ояд сари даст.

Ки то рози ҷаҳонро баркушоянд –

Замин ҳасту

Замон ҳасту

Забон ҳаст!
 

Бигуфта Саъдӣ баҳри дӯстонаш:

"...Забонианду нонианду ҷонӣ!

Ба нонӣ нон бидеҳ, аз дар биронаш,

Навозиш кун ба ёрони забонӣ.
 

Валекин ёри ҷониро ба даст ор,

Ба ҷонаш ҷон бидеҳ – гар метавонӣ!"

Набошад дар ҷаҳон гар хатту гуфтор,

Ту ин маъно ба мардум чун расонӣ?
 

Забонҳо дар Замини мо зиёданд,

Вале, афсӯс, онҳоро надонам.

Забони русиро омӯхтам чанд,

Ба тоҷикӣ сухан гуфтан тавонам.
 

Сафар дорам ба ҳар як гӯшаи даҳр,

Бигӯям: Офаринҳо тарҷумонро!

Гузар дорам зи шаҳре бар дигар шаҳр,

Бигӯям: Офаринҳо тарҷумонро!
 

Сарахбори суруди навҷавонӣ

Намояд ғуссаро аз ҳар диле дур.

Ғаму шодӣ, тавону нотавонӣ

Ба ҳар як лафзи олам ҳаст машҳур.
 

Вале, бе тарҷумон дар кишвари ғайр

Сафар кардан наёрад шодкомӣ.

Ба сайре рафта, нанмоӣ вале сайр,

Забондонро намо сад эҳтироме!
 

Забонҳову

Забонҳову

Забонҳо,

Шумо дар пояи хуршед ҳастед!

Бузургу хурд...

Аммо дар замонҳо

Туфайли халқи худ ҷовид ҳастед!
 

Забондонон касони дилкушоданд,

Ки онҳо одамони дурбинанд.

Калиди ишқ бар моён бидоданд,

Вале худ дар тамошо менишинанд.

 

Басо шодем – Олам як китобест,

Ки дар он сад ҳазорон достон аст!..

Миёни тарҷумонон як хитобест:

– Забони ишқи дил бе тарҷумон аст!

 

Забонҳо дар Замини мо зиёданд,

Вале на ҳар касе бошад забондон.

Забондонон касони дилкушоданд,

Ки раҳ ёбанд онҳо бар дилу ҷон!

 

Шоири ширинкалом Камол Насрулло ба ёди Файзулло Ансорӣ чунин гуфтааст:

Сад ҳайфи ниҳоди хокии Ансорӣ,

Ҷонбахшиву синачокии Ансорӣ.

Дар саҳфаи назми миллати мо монад

Дар мазҳаби ишқ покии Ансорӣ.

 

– Ҳанӯз дар овони наврасиям аз сӯҳбатҳои падари бузургворам, ки яке аз омӯзгорони варзидаи диёр буданд номҳои Файзулло Ансорӣ, Қудратхон Ансориро шунида будам, – ба ёд меорад Камол Насрулло. – Ба замми он дар замони наврасии мо дар деҳа қиссаҳои бадоҳатан шеъргӯии Ансорӣ вирди забони мардум буд. Масалан, дар бораи он ки Ансорӣ дар сари дастурхон дар суҳбат бо дӯстон гоҳе ба рӯи қутии сигор дубайтиҳо навиштаву худ фаромӯш мекарданд ва ин байтҳо баъдан вирди забонҳо мешуданд.

Ё қиссаи дар тӯйхона дар рафти тӯй бадоҳатан ғазал навиштани Ансорӣ ва сарояндаи номдори он  водӣ Усто Сироҷ филфавр онро ба оҳанг дароварда суруданашон дар ҳамон тӯй қисса мешуд. Матлаи он ғазал чунин буд.

Зи хоки пои ту бар дидаи худ тутиё кардам,

Барои дил фақат ишқи туро ман мубтало кардам.

Ин суруд баъдан дар иҷрои Усто Сироҷ хеле машҳур гардид ва то имрӯз аз Радиои тоҷик садо медиҳад.

Баъдан бо устод Ансорӣ дар пойтахт шинос шудем. Як инсони хеле хушодоб, хушмуомила, нектинат ва шарафманд буданд Ансорӣ. Устод Ансорӣ ҳарчанд ба синни панҷоҳ надаромада тарки дунё карданд, як инсони пуршукӯҳ, калонсол, бузургвор ва хирадманд менамуданд. Мо аз синни устод Ансорӣ кайҳо гузаштем, аммо он  шаҳомату бузургие, ки он кас дар ҳамон солҳо доштанд, надорем. Дар назари ман чунин мерасад, ки мо ҳанӯз ба синни Ансорӣ нарасидаем. Яъне ки бузургии инсон на ба синну сол ифода меёбад. Бузургии инсон вобаста ба хирад, камолоти инсонӣ, дар рафтору донишу ҷаҳонбиниву суханвариҳои ӯ будааст. Аз ҳамон рӯзе, ки устод Файзулло Ансорӣ донистанд, ки банда писари муаллим Насрулло Усмонов ҳастем, ҳар боре, ки маро медиданд, пеш аз ман ба ман салом медоданд ва одоби эҳтиром ба ҷо меоварданд ва мани ҷавонро хеле дар хиҷолат мегузоштанд. Хиҷолати маро пай бурда фавран шарҳ медоданд: Шумо писари устоди бародари ман ҳастед. (устод Ансорӣ бародарашонро беҳад дӯст медоштанд ва ба он кас муҳаббату эҳтироми хеле баланд доштанд). Падари Шумо ба бародари ман дарс додаанд, аз ин рӯ устоди ман ҳам ҳастед. (яъне чун ман тарбияи бародарро гирифтаам) шумо, ки писари ҳамон шахси наҷиб ҳастед, мо шуморо ҳурмат мекунем.

Албатта, дар ин замоне, ки кам касон ба қадри муаллим мерасанд, эҳтироми ӯро пос медоранд. Чунин рафтори Ансорӣ барои баъзеҳо шояд хандаовар ҳам тобад. Аммо ин рафтор аз самимияти баланд ва одоби бегазанди Ансорӣ дарак медод, ки шабеҳашро имрӯз оё метавон пайдо кард?!

Воқеаи дигареро, ки низ гувоҳи одоби баланд ва бузургии устод Ансорӣ аст ба ёд меорам. Ман як шоири навқаламу навмашқ будам ва дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба сифати ходими адабӣ  нав ба кор қабул гардидам.

Боре дар як базми арӯсии ҳамдиёрон иштирок доштам, ки косагули он базм шоири шодравони тоҷик Мастон Шералӣ буданд ва дар он базм устод Ансорӣ низ ҳузур доштанд. Устод Мастон барои табрики арӯсу домод чун намояндаи ҷавонон ба ман сухан доданд ва банда нӯшбоде шеъргуна гуфтаму нишастам. Дар поёни базм устод Ансорӣ, ки андаке ширакайф шуда буданд, бо ҳама як-як хайрухушкунон баромада рафтанд. Вақте аз назди мизи мо мегузаштанд, ба банда ҳам чизе гуфтанд, ки ҳанӯз ёдам нест чӣ гуфтанд, балки ман суханашонро нафаҳмидам, мисли ин ки ягон сухани насиҳатомезе буд. Барои ман боиси ифтихор буд, ки чунин адиби бузург ба мани навқалам таваҷҷӯҳе карданд.

Азбаски ман муҷаррад будаму ҷавон саҳар барвақт ба идора меомадам. Он рӯз ҳанӯз рӯзи корӣ оғоз наёфта ман дар идораи маҷаллаи «Садои Шарқ» дар сари мизи корӣ, машғули навиштан будам. Ногаҳ дари идора маҳин-маҳин кӯфта шуд. – Марҳамат дароед, – садо кардам ман.

Боз ҳам ду бори дигар дар маҳин-маҳин кӯфта шуд. Баъд нимроғ гардидаву аз роғи он сари устод Ансорӣ намоён гардид, ки ба ман муроҷиаткунон ба нармӣ мепурсиданд: – Шуморо як дақиқа мумкин-мӣ?

– Эҳ, Устод, марҳамат, марҳамат дароед, аз ҷо парида хестам ман.

– Не, не! Агар имкон бошад як дақиқа бароед, – гуфтанд боз ба нармӣ.

Ман аз ин рафтори устод Ансорӣ дар ҳиҷолат  давида ба даҳлези идора баромадам, ҳарчанд дар дафтари кории мо он лаҳза касе набуд. Охир Ансорӣ куҷову ман куҷо?

Аммо устод Ансорӣ ба ман фурсати сухан надода, оғоз карданд: – Ман омадам, ки аз Шумо узр пурсам…

Ҳуш аз сари ман парид. – О, устод Шумо чӣ мегӯед? Оё мешавад, ки Шумо аз ман узр пурсед? Охир ҳеҷ гап нашудааст-ку?!

– Не, не, дирӯз дар тӯи ман андаке сархуш будам ва ба шумо сухани нохуш гуфтам.

– Не, устод! Ягон сухани нохуши шуморо ман нашунидаам. Баъд айб аст, ки шумо аз ман узр пурсед, хоҳиш мекунам маро дар хиҷолат нагузоред.

– Не додар. Гап дар синну сол нест. Ман шуморо хафа кардам. Ман бояд узр пурсам…

Қисса кӯтоҳ, устод Ансорӣ маъзаратхоҳон баромада рафтанд ва ман лолу ҳайрон мондам.

Чунин хоксорӣ, чунин одоби баланд аз ҷониби шахсе, ки чандин зина аз ман боло меистад ва дар он замон метавонист,  аслан маро нодида бигирад, маро моту мабҳут карда буд. Оре, Ансорӣ ҳамин гуна  шахсияти дорои одоби баланди инсонӣ буданд, ки як умри кӯтоҳи пурбаракаташонро бо самимият, одоби баланд ва заҳматҳои пайваста сипарӣ намуданд. Аз як наврас узр пурсидани Ансорӣ, шахсе, ки қадри худро медонист ва  аслан ғуруру сарбаландии худро дошт ва ҳаргиз ба касе тамаллуқ наварзида буду пеши касе сар хам намекард, гувоҳи хиради бузурги ӯст.

Ҳамин вежагиҳои инсонии Ансорӣ дар эҷодиёти он кас низ таҷассум ёфтааст. Шеъри Ансорӣ шеъри Ансорӣ аст, ба шеъри шоири дигар шабоҳат надорад. Ӯ ба касе тақлид накардааст, бо тақозои дил, бо амри виҷдон навиштаст ва сабку забони тоза ва хосаи эҷодии худро доштааст.

Дар хусуси он ки шеъри Ансорӣ ба набзи зиндагӣ ҳамнабз аст; дар хусуси он ки ӯ бисёр ҳолатҳои зиндаи ҳаётро ба шеър ворид кардаву ба шеър ҷон бахшидааст; дар хусуси он ки ифтихори милливу эҳсоси баланди ватандӯстиву шаҳрвандӣ, суннатҳои неку поки миллии мо ҳанӯз дар эҷодиёти Файзулло Ансорӣ  ва ҳамсолони ӯ ба шеъри тоҷикӣ ворид гардидаанд, метавон хеле сухан кард:

Аз дили Фирдавсии мо шуд баланд

Рустаму Сӯҳроб фарзандони халқ,

Коваи оҳангари бас арҷманд

Он ҳама буданд чун виҷдони халқ.

Оре! Файзулло Ансорӣ яке аз шоирони навовари замони худ буд ва дар рушди шеъри навини тоҷик саҳми худро гузошт.

Ансорӣ дар шеъри худ зиндагии поку ҳалолу самимии инсониро тарғиб мекард. Шеъри ӯ ба хонанда адаб ва покройӣ меомӯхт ва дар баробари ин эҳсосоти баланди ватанпарвариро бедор месохт.

Ватанам, душман агар сӯи ту бардорад даст,

Санг ин ҳайкали ту сурати одам гардад.

Барои шеъри он замон ҳайкали Ватан будани санг ва ба сурати одам бадал шудани он аз сари нанги ватандорӣ бозёфтҳои навини шоиронае буданд, ки шеъри моро ба сӯи ҳунар мекашониданд. Имрӯз вақте мо аз шеърият дар шеър, аз ҳунар дар шеър, аз хидматҳои адибоне, ки шеъри моро аз умумигӯиҳои ношоирона берун овардаанд, сухан мегӯем, набояд номи Файзулло Ансориро аз ёд барем, бубинед ҳанӯз дар он замон ӯ бо истифода аз санъатҳои шеърӣ чӣ гуна маънии баландро дар ин мисраъҳои равону фаҳмо ба тасвири шоирона додааст, ки он  тасвирҳо барои он замон тозаву бозёфти шоирона буданд:

Дар бари кӯҳ чун муҳаббати соф,

Ки дар оғӯши дил шавад ҷогир,

Ҷой бигрифтааст деҳаи ман

Деҳаи хурдаки назарногир.

Осмонаш гумон куни бомест,

Кӯҳҳояш сутун барои он,

Моҳ дар шаб чароғи давра магар,

Ки ба сақфаш шудаст овезон.

Ҳалқаи кӯҳҳои пасту баланд

Посбонони маъдани боянд,

Гуӣ онҳо намуда даст ба даст

Маҳзани ганҷи халқ мепоянд.

Гарчи имрӯзҳо барои ман

Шаҳр оғӯши гарм бикшодаст,

Лек гаҳвораи ҷавонии умр

Деҳаи ман ҳамеша дар ёд аст.

Саҳми Файзулло Ансорӣ дар бунёду рушди драматургияи  тоҷик низ хеле бузург аст. Намоишномаҳои Ансорӣ падидаҳои тоза дар ҳунару санъати тоҷик буданд. Ӯ ба драматургияи тоҷик оҳанги замонавӣ дод. Намоишномаҳои ӯ дарозумртарин асарҳо дар саҳнаҳои театрҳои кишвар гардиданд. Устод Ансориро асосгузори драмаи манзум дар Тоҷикистон меҳисобанд. Намоишномаҳои ӯ «Имтиҳон», «Ҳаёт ва ишқ», «Ҳукми модар», «Модар нигарон буд» ва ғайраҳо бо иштироки беҳтарин ҳунармандони театри тоҷик байни тамошобинон маҳбубияти баланд пайдо карданд.

Нависандаи маъруф ва ходими сиёсии он даврон Холмурод Шарифов натиҷаи сафари ҳунарии театри Лоҳутиро ба Афғонистон аз забони устод Сотим Улуғзода чунин баҳогузорӣ карданд:

Намоишномаи Файзулло Ансорӣ «Ҳукми модар» аз ҷониби тамошобинони Афғонистон хеле гарм истиқбол гардид. Дар намоишҳои он толори театр ҳамеша серодам буд. Иштиёқмандони зиёд тикет (билет)  ёфта натавониста, бо ҳасрат аз назди театри Кобул Нандор бармегаштанд. Ҳамин ҷиҳати масъаларо ба назар гирифта, масъулини афғонӣ намоишномаи Ансориро ба лентаи радио сабт намуда онро борҳо ба мардуми Афғонистон шунавониданд. Ва чуноне, ки дар сӯҳбат бо рӯзноманигори варзида Карим Мӯсо ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева низ тасдиқ мекунад, намоишномаҳои Файзулло Ансорӣ дар Тоҷикистон низ ҳамеша маҳбубияти баланд доштанд. Ӯ мегӯяд: «То ҳол ман ёд надорам, ки дар ягон намоиши театр мисли он намоишномаҳои Ансорӣ мардуми зиёде ба тамошо омада бошанд. Дар намоишномаҳои устод Ансорӣ мардум чипта намеёфтанд. Мо дар ҳайрат будем.

Вақте устод Ансорӣ намоишномаи «Имтиҳон»-ро навиштанд хеле ҷавон, ҳамагӣ 26 сол доштанд. Дар тӯли умри кӯтоҳи худ 13 китоби шеъру достон, 10 пйесаи манзуму мансур тарҷумаҳои зиёде ба ёдгор гузоштанд.

Ҳамкории Ансорӣ бо оҳангсозони машҳур Зиёдулло Шаҳидӣ, Шарофиддин Сайфиддинов, Дамир Дӯстмуҳаммедов ва дигарон сурудҳоеро ба бор овард, ки то имрӯз дар иҷрои чунин сарояндаҳои номдор чун Барно Исҳоқова, Аҳмад Бобоқулов, Шоиста Муллоҷонова, Ҳанифа Мавлонова, Ҷӯрабек Муродов ва дигарон садо медиҳанд ва ба хазинаи тиллоии санъати тоҷик ворид гардидаанд. Кам мешавад, ки  шоириву инсонӣ дар як симо тавъаму дурахшон ба зуҳур ояд. Файзулло Ансорӣ шоир ва инсони ростқавл, самимӣ, поквиҷдон, ватандӯст, инсонпарвар ва сарбаланду содадил буданд, ки Худованди карим он касро Ансорӣ, яъне суханвар ба олам овард. Ва Ансорӣ ба қадри ин неъмати Худо бирасид ва  истеъдоди худро дар ҷодаи ростиву накӯкорӣ, хайрхоҳӣ ҷонисорона ба масраф дод. Маънии Ансорӣ ба ғайр аз суханвар будан низ маънои уқоб ва мададу зафарро дорад. Воқеан Ансорӣ чун уқоби осмони сухан ҳангоми парвоз дар само ҷон дод. Чуноне устод Лоиқ гуфта буданд: «монанди уқоб дар само бояд мурд» ва сухани ӯ низ дар роҳи мададгорӣ ба мардум музаффар аст.

Агар мо хоҳем ҳаёту эҷодиёти устод Ансориро дар як байти худи ӯ инъикос кунем, он байт чунин аст:

Дар забони миллати ман ишқ ин покизагист,

Ҳар кас ин маъно нафаҳманд одами покиз  а нест.

Ва банда низ дар ёдбуди ин инсони шариф гуфта будам:

Сад ҳайфи ниҳоди хокии Ансорӣ,

Ҷонбахшию синачокии Ансорӣ,

Дар саҳфаи назми миллати мо монад

Дар мазҳаби ишқ покии Ансорӣ.

Аз хотираҳои Равшани Ёрмуҳаммад

Хабар доданд, ки Госкомиздати СССР дар шаҳри Тошканд машварати муассисаҳои китобдорӣ: палатаи китобҳо, бибколлектор, китобхонаҳоро мегузаронад. Аз ҷониби Госкомиздати РСС Тоҷикистон маро сардори ҳайат таъин карданд. Моҳи декабри соли 1979 буд. Ба ин  машварат шавқманди рафтан набудам. Машварати тамоман техникӣ ва соҳавӣ буд. Рақамгузории китобҳо, китобхона, нигаҳдории онҳо дар хазинаҳо ва ғайра. Аз сарредаксия ҳам касе ҳавасманд набуд. Ду-се рӯз буд, ки гапи ҳамин машварату сафари ман ба Тошканд мерафт. Файзулло Ансорӣ пеш аз сафарам шеъреро бо номи «Ширу шакар» ба дастам доданд. Онро хондам:

Марҳамат бар хонаи дил, ёри доно, гуфтамат,

Аз табассумҳои ту дар сина ғавғо гуфтамат.

Сузларинг ишқу вафодин бӯлса, офат кӯрмагил,

Меҳри дил шуд аз нигоҳи ту ҳувайдо, гуфтамат.

Кӯзларинг олдида юлдузлар хиҷолат чекдилар,

Чашми ту оинаи рӯзи гуворо, гуфтамат.

Лолалар гулдаста булсин илтифотинг олдида,

Пойандози раҳи ту боғи гулҳо гуфтамат.

Ӯзбекистон гуллариға Тоҷикистондан салом,

Дӯстии ин ду миллат ҳаст барҷо, гуфтамат.

Аз табассумҳои ту бар сина савдо омада,

Марҳамат бар хонаи дил, кӯзи шаҳло, гуфтамат.

Шеър маро ба ваҷд овард. Фикр мекардам, ки Файзулло Ансорӣ забони ӯзбекиро намедонад. Дар ин шеър мисраъҳо ва ибораҳое буданд, ки бе донистани нозукиҳои забони ӯзбекӣ онҳоро дар шеър ҷой додан мушкил аст. Гуфтам:

− Муаллим, шумо забони ӯзбекиро  ҳам медонед?

− Ҳамсояем, надонистани забони ӯзбекӣ айб аст. Бобоям ва падарам забони ӯзбекиро медонистанд.

                                                                                                                               ***

Соли 1978 Абдулло Зокиров аз Комитети сулҳи РСС Тоҷикистон ба Комитети матбуот ба ҳайси сармуҳаррир ба ҷои Бурҳон Фаррух омад. Ин мард ҳамчун рӯзноманигор ва тарҷумон, хусусан тарҷумаи «Доғистони ман»-и Расул Ғамзатов, машҳур буд. Абдулло Зокиров кӯшишҳо мекард, ки дар Сарредаксия ва ҷараёни табъу нашри китобҳо тағйирот дохил кунад. Аммо он солҳо мушкил буд қолабҳои кӯҳна ва шахшударо шикастан. Ӯ, аз ҳама пеш, хост ки дар Сарредаксия дигаргунӣ орад. Ба тартибу интизом сахт риоя мекард. Аз рафти кори мо зуд-зуд бохабар мешуд. Ба Файзулло Ансорӣ эҳтиром дошт. Аммо худро аз мо боло мегирифт. Ана ҳамин рафтораш ба Файзулло Ансорӣ писандида набуд.

Файзулло Ансорӣ одат доштанд, ки агар дар ҳуҷраи корӣ зиқ шаванд, ба кӯча баромада, оҳиста-оҳиста қадам мезаданд. Пас омада бомаҳсул кор мекарданд. Рӯзе, дар ҳузури ҳамаамон, аз Абдулло Зокиров барои ба ҷое рафтан рухсат пурсиданд. Абдулло Зокиров ҳис карданд, ки майли май нӯшидан доранд, табъи Ансорӣ хира аст, иҷозат надоданд. Пас аз рафтани Абдулло Зокиров Ансорӣ хомӯш нишаста, манаҳашонро молидан гирифтанд. Худашон сиёҳпӯст буданд, боз ҳам симояшон тиратар шуд. Ман гуфтам:

− Муаллим, рухсат пурсида мешинед, коратон бошад, равед, гӯед, ки аз Равшан ҷавоб гирифтам.

− Хуб намешавад.

Пас чой монданд ва чой нӯшиданд. Ҳама машғули кор будем. Ҳадиса Қурбонова ва Шоҳҳайдар ба танаффуси нимрӯзӣ баромаданд. Дар ҷои кор ману Файзулло Ансорӣ мондем. Коғазеро ба сӯям дароз карданд. Хондам, шеъре:

                    ТУ РОҲИ ОДАМОНИ НЕКРО ГИР!

Ба Абдуллои Зокир арз кардам,

Ки ман аз ҳолати ботин ба дардам.

Равам ҷоею созам чораи кор,

Намоям гарм андак табъи сардам.

Чу Абдуллои Зокир сарвари кор,

Набишнид арзи манро, ин чӣ рафтор?

Дуояш кардаму гуфтам рӯзе,

Туро ояд дучор ин гуна сардор.

Фаро аз бом Абдуллои Зокир,

Замин хуб аст баҳри гашт охир.

Фаро аз осмони кибри иғроқ,

Ту раҳи одамони некро гир…

                                                    06.04.1979

***

Зодрӯзи Абдулло Зокиров  21 декабр буд. Он солҳо иттифоқи касабаи корхона ҳар касро ба зодрӯзаш табрик мекард. Шоҳҳайдар Ёдгорӣ муовини раиси иттифоқи касабаи Комитети матбуот буд. Аз Файзулло Ансорӣ хоҳиш кард, ки ба зодрӯзи Абдулло Зокиров шеъре нависанд. Бояд гӯям, ҳар гапи майдаю чӯйдае, ки байнамон мешуд, боз зуд фаромӯш мекардем, ба дил намегирифтем. Файзулло Ансорӣ қитъае навишт. Ҳама ба ҳузури Абдулло Зокиров рафтем. Ҳатто Даврон Ашӯровро ҳам хабар кардем. Абдулло Зокиров аз ин рафторамон хуш шуданд. Сухани аввал барои табрик ба Файзулло Ансорӣ дода шуд. Ӯ дар бораи Абдулло Зокиров чанд сухан гуфт. Сонӣ қитъаи зерро хонд:

Ба «Доғистон»-и Ғамзатов забони тоҷикӣ додӣ,

Ҳама хонандагон аз кори ту гаштанд миннатдор.

Чунон нозукадо ҳастиву дар ин ҷабҳа устодӣ,

Хато  оё бигӯемат: Расул Ғамзатови тайёр?!

Ҳама қарсак заданд. Файзулло Ансорӣ Абдулло Зокировро оғӯш кашиданд.

Баъд дигар табрикҳою сухангӯиҳо ҳам сар шуд.

Файзулло Ансорӣ ба Даврон Ашӯров эҳтиром доштанд. Ӯро марди донишманд, одами хуб, кордону ғамхор мегуфтанд. Ҳамроҳ нимрӯзиҳо ва пас аз кор шатранҷ бозӣ мекарданд.

Ба муносибати 40-солагии зодрӯзаш шеъре навиштанд ва ҳамакаса ба дафтари кори Даврон Ашӯров даромадем, дастагулҳо табрик кардем, Файзулло Ансорӣ шеъри зеринро хонданд:

Ман аз ҷон рӯзгори беғашат хоҳам,

Сари сабзу дили пуртоқатат хоҳам.

Барои бахти миллат зиндагонӣ кун,

Бақои боғу роғи дилкашат хоҳам!

 

Туӣ Даврон Ашӯрови муборакдил,

Муборак омадӣ ин дам ба синни чил.

Басо чилҳои дигар пушти сар парто,

Ки байни дӯстонат раҳ наёбад қил!

 

Ба фарзандони гулрӯят вафо хоҳам,

Қади болобаландатро бақо хоҳам.

Табассум аз лабони ту нагардад дур,

Сари роҳат сабоҳи пурзиё хоҳам!

                                                                  10.2.1980

                                                                                                              ***

Ташвишҳоям бисёр буд. Наметавонистам, ки ҳама хоҳишҳои устод Файзулло Ансориро ба ҷо орам. Вале аз ман намеранҷиданд. Чанд пора шеъре дар даст дорам, ки ишора ба ҳамин рафторам аст.

Ба Равшаншоҳи Ёрӣ арзи кору бор бинмудам,

Каломи ҳиммати дилро ба ӯ такрор бинмудам.

Валекин арзи ман дар гиру мони корҳо шуд маҳв,

Ки аз ин рӯ ҳавои рӯзро ашъор бинмудам.

 

Саломат бош Равшаншоҳи Ёрӣ, одами дурбин,

Сари роҳат ҳамеша ишқ бину олами нур бин.

Агар чанде ба арзи ман ту гӯшатро намуди кар,

Балони мошинатро дар сафарҳо доимо зур бин.

                                                                                                                     ***

Дар кӯчаи Попов 9, дафтари кори мо таҳти рақами 7 буд. Устод Файзулло Ансорӣ ба ҳамин муносибат шеъри зеринро навиштанд:

Агар Шоҳҳайдар барояд ба кор,

Шавад аз қудраташ ҷаҳон корзор.

Чу Равшан равад аз паи дилбаре,

Ҳадиса бихандад, ба дил ахгаре.

Фақат мӯйсафеде дар ин коргоҳ,

Нишаста намояд ба берун нигоҳ.

                                                                  соли 1979

                                                         ***

Он солҳо ба иҷрои нақшаи пахтасупории ҷумҳурӣ ҳамаамон ҳавасманд будем. Нимрӯзиҳо радио гӯш мекардем. Соли 1979 нақшаи пахтасупорӣ бармаҳал иҷро шуд. Файзулло Ансорӣ қитъаи зеринро навиштанд:

Республикаи азиз, аз шодии ту

Хурсанд шуда Ҳадисаю Равшаншоҳ,

Дар тӯи ту мезанем моён қарсак,

То мавҷи суруди ту расад бар худи моҳ.

                                                                                                        ***

Ба муносибати Соли нави 1980 шеъре навиштанд ва онро дар маърака хонданд:

Соли нав бодо муборак дӯстон,

Бар шумо хоҳам ҳарорат, орзую иқтидор.

Бар шумо хоҳам дили бекина, умри бобақо,

То ҳама бошед шоён одамони рӯзгор!

 Кинаву қаҳру ғазаб аз худ бадар бояд намуд,

Бар пагоҳи нурбори худ назар бояд намуд.

Дӯст бояд дошт оини вафою дӯстӣ,

Шоми нофарҷоми дилҳоро саҳар бояд намуд.

Мо равон бо роҳи нусратбахши дунёи ҳавас

Чун ба фардои муқаддас мерасад шоиста кас?

Бо садоқат мамлакатро боз ҳам зебо кунем,

Соли нав бодо муборак, дӯстони ҳамнафас!

Дар болои саҳфаи нусхаи аввали ин шеър таърихи 16.12.1979 гузошта шудааст.

***

Файзулло Ансорӣ 20 март зодрӯз доштанд. Арафаи иди Наврӯз. Бисёр ҳам дӯст медоштанд, ки дар ин рӯз берун аз шаҳр бароянд. Соли 1978 банда ҳуҷҷати ронандагӣ надоштам. Мошини сабукрави ГАЗ-24 «Волга»-амро бародарам Амиршоҳ Ёрмаҳмадов меронд. Ӯ пас аз нимрӯзӣ ба идораи мо омад. Файзулло Ансорӣ хоҳиш карданд, ки пас аз кор ба дараи Варзоб равем. Ин хоҳишашонро рад накардем. Пас аз кор Файзулло Ансорӣ, ман, Шоҳҳайдар Ёдгорӣ ҳамроҳи Амиршоҳ ба Варзоб рафтем. Ба Чорбед нарасида, Ансорӣ ҷоеро интихоб карданд.

Хушманзара, чойхона ҳам буд. Дуди кабоб мебаромад, мо бо худ як шиша коняк, арақ ва кабудию чака гирифта будем. Чойхонадор бароямон дар каноре, ки Файзулло Ансорӣ интихоб карданд, миз гузошту хидмат кард. Одам дар чойхона кам буд. Манзараи зебо. Ҳавои форам.

Файзулло Ансорӣ Амиршоҳро ҳурмат мекард, на ба хотири ронандагияш, ба хотири он ки Амиршоҳ ҳарчанд таърихшинос аст, адабиёти муосирро низ хуб медонист. Мо, ки ҳар рӯз ҳашт соат ҳамроҳи Ансорӣ будем, табиист, ки сӯҳбатҳои ӯ бароямон муқаррарӣ менамуд, барои Амиршоҳ бо шоире чун Ансорӣ нишастану сӯҳбат кардан ифтихор буд.

Шеър хондему аз таърихи Наврӯз ҳикоят кардем.

Файзулло Ансорӣ дар байни шоирон аз ҳама беҳтар шеър мехонд. Ҳатто натоқони радио ва телевизион ба ӯ баробар шуда наметавонистанд. Ашъори устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дӯст медоштанд. Дар ин сӯҳбат аз шеъри «Бихандад лола бар саҳро» ёд шуд. Файзулло Ансорӣ нозукии ташбеҳу истиораҳои шоирро ба мо мефаҳмонд.

То торик шудани дараи Варзоб нишастем. Сонӣ бо табъи болида ба шаҳр баргаштем. Файзулло Ансориро дар назди хонаашон фуровардем.

***

Ҳамон солҳо асарҳои мунтахаби адибон дар ду ҷилд, се ҷилд, ҳатто то чор ҷилд чоп мешуданд, аммо касе ғами Файзулло Ансорӣ надошт. Ману Шоҳҳайдар Ёдгорӣ чанд бор ба ӯ гуфтем:

&



« Бозгашт | МУНДАРИҶА