ҲАРФЕ БИЗАН…
Ҳарфе бизан, аз лабат шакар мерезад,
Аз ҳар суханат ганҷу гуҳар мерезад.
Бар чашми ту бингарам ба вақти гуфтор,
Як олами нур, мухтасар, мерезад.
Чун боди саҳар ба мӯи ту даст занам,
Бар гулшани дил бӯи саҳар мерезад.
Бо ҳусну ҷамолу ақлу фаҳме, ки турост,
Ҷон дар қадами ту сар ба сар мерезад.
Гар як сухан аз ишқи дили ман гӯӣ,
Овозаи он ба баҳру бар мерезад!
1957.