Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулшан -

ДИЛ ИНТИЗОР МЕТОБАД



Агарчи хонаи дил чун баҳор метобад,
Нигоҳи дидаи дил интизор метобад.

Қалам ба даст бигирам, ба пеши дидаи ман
Ду чашми шӯху сияҳи нигор метобад.

Ба рӯи дафтари дил хат навиштаам, бинед,
Зи ҳар калимааш абрӯи ёр метобад.

Миёни кӯҳу лаби чашма, орзу дар дил
Нишастаам, ки яке гулъузор метобад.

Дар интизори раҳаш ман, хабар надорад ӯ,
Ки як дақиқа ба ман бешумор метобад.

Умеди васлу суруди муҳаббати дили ман, –
Чӣ шуд, ки ин саҳарам бебарор метобад?

Ба кӯҳҳо назар афканда дил шуд осуда, –
Бузургии Ватан аз ҳар канор метобад!

Дар дасти ту чун китоби худро дидам,
Ман шодии беҳисоби худро дидам.
Ҳай-ҳай, ба дугонаҳои худ мехондӣ?
Дидам на китоб, хоби худро дидам.
1957.





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »