БАРОРИ КОРИ ХУД ДАР ИШҚ БИНАМ
Ба ҳар ҷо бо хаёли ту нишинам,
Зи ҳар ҷо бо умеди ту бихезам.
Агар аз боғ боре гул бичинам,
Ба он мақсад, ки дар роҳи ту резам.
Набошад ҷуз ҳавоят дар сари ман,
Ҳавои ту – сари ман, орзӯям...
Ҳамон рӯзе набошӣ дар бари ман,
Набошам, то гуле дигар набӯям.
Маро ишқи ту қувват мефизояд,
Сари роҳам зиё меҳри ту пошад.
Ҳар он корам писанди халқ ояд,
Дар он пеш аз ҳама саҳми ту бошад!
Барори кори худ дар ишқ бинам,
Бақоро дар вафои ту, азизам.
Ба ҳар ҷо бо хаёли ту нишинам,
Зи ҳар ҷо бо умеди ту бихезам.
1957
САҲАР АЗ ХОБ, КИ ХЕЗАМ…
Саҳар аз хоб, ки хезам ба димоғам аз кӯҳ
Бӯи сад гуна гиёҳи сараву гул резад.
Кӯҳсори Ватан ин қадр базебу башукӯҳ,
Зи сари ҳар гули он чаҳ-чаҳи булбул хезад.
Кош дар байни ҳамон бӯи гиёҳу гулҳо,
Ки ба номи дигаре бӯи диёрам бошад, –
Кош дар байни ҳамон савти хуши булбулҳо
Бӯи мӯи хушу овози нигорам бошад!
Ман, ки як ҳафта шуд, аз хонаву ёрам дурам,
Бӯи гул, чаҳ-чаҳи булбул ба хаёлам овард.
Ман намехостам ин дурию чун ранҷурам,
Ба шифохона маро духтури ман роҳӣ кард.
Гарчи пазмон шудаам хонаву фарзандонро,
Чӣ кунам, меравам он гаҳ, ки табобат ёбам.
Дода ин давр чунин бахти накӯ инсонро,
Амри духтур, ки саёҳат бинамоям хобам...
Меравам бо тани солим паи кори Ватан,
Хизмати халқу Ватан қарз ба ҳар инсон аст.
Оҷиз ин дард ба фарзанди фидокори Ватан,
Чун ба дил меҳри Ватан, хонаву фарзандон аст!
Саҳар аз хоб, ки хезам, ба димоғам аз кӯҳ
Бӯи сад гуна гиёҳи сараву гул резад.
Кӯҳсори Ватан ин қадр базебу башукӯҳ,
Зи сари ҳар гули он чаҳ-чаҳи булбул хезад!
1957