МЕГУЗАРӢ
Дар дилам ҳастиву танҳо зи барам мегузарӣ,
Пай набурда ту зи доғи ҷигараbrм мегузарӣ.
Ҷуз ҳавои ту надорад дили ошуфтаи ман,
Ту ба қасди дили ошуфтатарам мегузарӣ.
Дорам уммед, ки боре нигарӣ сӯям шод,
Чин ба абрӯ зада, пеши назарам мегузарӣ.
Ҳама ҳастанд гувоҳи дили ман, ҳоли ман,
Ғофил аз он ту фақат, бехабарам, мегузарӣ.
Ҳар куҷо бинамат, эй шӯхнигоҳи бераҳм,
Бо фараҳ ҷониби ту мегузарам, мегузарӣ.
Кӯҳҳои Ватанам ҷониби ман менигаранд,
Лек ман ҷониби ту менигарам, мегузарӣ.
Ҳеҷ кас ҳоли маро бар ту намефаҳмонад,
Ки ба дил ҳастиву аммо зи барам мегузарӣ.
1957.