ДАР СИНА МЕҲРИ ТУСТ…
Дар сина меҳри туст, биё, ҳолдон бишав,
Дил аз ғами ту сӯхт, бар он меҳрубон бишав.
То кай бинолам аз ғами дурии ту, бигӯ?
Амре бидеҳ бар дили ман: "Шодмон бишав!"
Дорам ҳамеша бар раҳи ту чашми интизор
Сангиндило, пеши назар зуд аён бишав.
Оғӯши кӯҳсори диёр ин қадар базеб,
Лутфе намуда ою ту ҳам зеби он бишав.
Дурам зи шаҳру ёди ту як лаҳза дур нест,
Эй ҷон, биё, ҳамнафаси ҷисму ҷон бишав!
1957.