Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулшан -

ДОДАМ САЛОМ БАР ТУВУ ОН БЕҶАВОБ МОНД




Бо фикру бо хаёли ту аз дида хоб монд,
Дил бо ту рафту хотири ман дар азоб монд.
Дар ҷустуҷӯи дил шуда, як рӯз бо умед
Додам салом бар туву он беҷавоб монд.

Соле гузашту сохта шуд сад бинои нав,
Ҳам кӯчаҳои дилкашу ҳам растаҳои нав,
Ҳар дам ҳазор шодии беинтиҳои нав, –
Танҳо бинои табъи дили ман хароб монд.

Оё дар ин русуму итоби ту ҳаст сеҳр?
Ҷоно, бидеҳ ҷавоби саволам зи рӯи меҳр!
"Дилро ба дил раҳест дар ин гунбази сипеҳр",
Дар ҳайратам, кн аз ту фақат як итоб монд.

Вақте саломи додаи ман беҷавоб шуд,
Он дил, ки рафт назди ту, ҳатман китоб шуд.
Аз рӯи лутф зан варақаш, – беҳисоб шуд,
То кас нагӯяд ин, ки дилаш дар китоб монд!

Пеши назарам ҷуз гули рӯи ту набошад,
Чашм аст магар чашм, ки сӯи ту набошад?
То ҳастию ҳастам ба ҷаҳон, гул нашуморам
Гулро, ки дар он ҳусни ту, бӯи ту набошад!
1957





МАСТИ ҶАМОЛИ ТУ БУД ДИЛ!

Дар кӯчабоғи сабз туро дида буд дил,
Болида буд хотиру ҷӯшида буд дил,
Май аз нигоҳи масти ту нӯшида буд дил,
Он дам касе, ки дид маро, дида буд маст.

Роҳӣ шудию ман зи паят то шитофтам,
Ҷое барои роз кушодан бикофтам,
Пинҳон шудӣ ту байни гурӯҳе, наёфтам,
Аммо ба мағзи ҷони ман акси ту нақш баст.

Дил бо хаёли васли ту ҳар ҷо гузар намуд,
Чашми хирад ба ҷониби сад кӯю дар намуд,
Хотирмушавваш омаду боре хабар намуд:
"Овоза шуд ба шаҳр, ки моем майпараст!"

Охир, чӣ маст? Масти ҷамоли ту буд дил,
Рафтию сахт ғарқи хаёли ту буд дил,
Дар ҷустуҷӯи ҷоми висоли ту буд дил,
Лек як хаба Косаи сабри маро шикаст!

Ҳастии дил, ки хоста дилдории туро,
Хоҳам ҳамеша дар ҳама ҷо ёрии туро,
Гӯянд агарчи майзада Ансории туро,
Шодам, ки ҷоми васли ту омад маро ба даст!

Гӯед, надидед, ки он ёр куҷо шуд?
Моро ба ғамаш карда гирифтор, куҷо шуд?
Мо заҳри фироқаш ҳамаи умр чашидем,
Нанмуда яке дидаву рухсор, куҷо шуд?
1957.






« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »