Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулшан -

АЗ ХУД ГИЛА КУН...



Аз чист, ки чеҳраат ғазабнок,
Чашмони сиёҳат ашколуд?
Ин чашми сиёҳу рӯи зебо
Охир, на барои ашку ғам буд.

Бе маслиҳати дугонаҳоят
Бар доми фиреб дил супурдӣ.
Мафтун шуда ту ба сураташ, лек
Аз сирати ёр пай набурдӣ.

Бо ҳарфи хуш аз ту бурд ором,
Бурд аз ту қарор ваъда дода.
Бар дидаи ӯ назар накардӣ
Чашми дили хешро кушода.

Шуд хондани ӯ тамом акнун,
Бар деҳаи хеш меравад ӯ.
Дидӣ, ки нишон надода худро
Зан доштанаш навишт бар ту.

Ин аст, ки чеҳраат ғазабнок,
Чашмони сиёҳат ашколуд.
Эй бехабар аз дили ғаразнок,
Аз худ гила кун,
ки аз худат шуд!

Дар ишқи ту як ҷавони дигар
Месӯхту дид бас ҷафоро...
Акнун ба ҳама дугонаҳо гӯй,
Онҳо накунанд ин хаторо!
1957



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »