БА СӮИ МАН НАЗАР НАНМОЙ ИН ХЕЛ…
Ба сӯи ман назар нанмой ин хел,
Ба хашмат нестам, ҷонам, сазовор.
Писандидам турову додамат дил,
Магар наздат шудам бо ин гунаҳгор?
Назар нанмой сӯям бори дигар
Ба ин сардиву бо ин бедимоғӣ.
Намезебад туро, бинмой бовар,
Ту, охир, дар дилам равшанчароғӣ!
Ба назди ҷӯраҳо истода бошам,
Чунин ҳаргиз назар нанмой бар ман.
Ба назди ҷӯраҳо истода бошам,
Назар кун сӯи ман бо рӯи равшан!
Дилатро то бубинам аз нигоҳат,
Ба назди ҷӯраҳо болад маро дил…
Маро бинӣ, азизам, пеши роҳат,
Ба сӯи ман назар нанмой ин хел!
1957.