Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулшан -

БАҲОРОН БУД...



Баҳорон буд, ҳангоми саҳар буд,
Маро симои ту пеши назар буд.
Сари мӯе дар ин ҳарфам хато нест,
Рухат аз ҳар гиёҳе ҷилвагар буд.

Баҳорон буду дарё ҷӯш мезад,
Замин себарга пушти гӯш мезад.
Ҳавои ишқи ту, меҳри рухи ту
Маро чун бод дар оғӯш мезад.

Баҳорон буду ҳар як ғунча дар об
Ба чашмам медурахшонд акси маҳтоб.
Тамоми он, тамоми он ту будӣ,
Ки ёдат бурда буд аз дидаам хоб.

Баҳорон буд, оре, навбаҳорон,
Ки меболид табъи дӯстдорон.
Дар ин фасли дурахшон ҷӯш мезад
Ба ҳар сӯ чашмаҳои кӯҳсорон.

Мисоли чашма ман ҳам роҳ ҷуста,
Ба сӯи ту раҳи кӯтоҳ ҷуста,
Фиристодам ба унвони ту қосид,
Барои дил – диле аз моҳ ҷуста.

Магар он қосиди ман беҳунар буд,
Ки аз ту ин ҷавоби мухтасар буд:
"Бигӯ, ки хоби худ бар об гӯяд!"
Зи ҳар ошуфта – дил ошуфтатар буд.

"Дар ин айём кори мушкиле нест,
Муроду мақсади беҳосиле нест!
Худам бояд равам, – бар хеш гуфтам, –
Диле ҷуръат надорад, он диле нест!"

Қадамгоҳи туро пас бӯса кардам,
Сари роҳи туро пас бӯса кардам.
Дили сангат шуд аз сӯзи дилам об,
Рухи моҳи туро пас бӯса кардам.

Баҳорон буд, оре, навбаҳорон,
Ки меболид табъи дӯстдорон...
Вафо бинам, бикӯшам дар вафоят,
Азизам, то бақои рӯзгорон!

Хоб дидам, ки ба ман дидаи худ дӯхтаӣ,
Оташи шавқ даруни дилам афрӯхтаӣ.
Ман чунон ҳам шудаам шоду фараҳманд аз он,
Ки ту оини вафо оқибат омӯхтаӣ.

Пас ба сӯи ту давидам ба тариқи ёрӣ,
То каломе шунавам аз ту ба миннатдорӣ.
Лек дар ними раҳ, афсӯс, ки бедор шудам,
Кош, ин лутф бубинам зи ту дар бедорӣ!..
1957







« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »