Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулшан -

ГУЛХАН АФРӮЗЕМ



Ба ту зи меҳру вафо номае равон кардам,
Дар он ҳар он чӣ, ки дил гуфт, ман баён кардам.
Намонда як қадам аз амри ишқ берун ман,
Барои ту талаби умри ҷовидон кардам.

Набошад обу ҳаво, гул ба боғ накшояд,
Агар кушояд, азизам, зи худ наёсояд.
Табиату ҳама ҳастии он ба ҳам пайванд,
Бидон, зи як кафи дастат садо намеояд.

Биё, барои ҳамин ҳам ҳаёт омӯзем,
Ба ҳам шукуфта дар ин раҳ, гаҳе ба ҳам сӯзем.
Вале умеди ман он, ки нагашта хокистар,
Шарорапош бигардему гулхан афрӯзем!

Кош, аз он лаби ҷонбахш каломе шунавем,
Ё, ақаллан, ки ҷавобе ба саломе шунавем.
Дар сари ишқи ту мо баҳсу талоше дорем,
Шояд аз меҳру вафои ту паёме шунавем…
1956



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »