Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулшан -

ҲУСНИ НАКӮ ХОР НАКУН!



Чӣ аҷаб, ки ҳамаро яксара мафтун кардӣ,
Навбати ман шуду бо як нигаҳ афсун кардӣ.
Ханда бинмуда гузаштиву саломат додам,
Чин ба абрӯ зада дарҳол, Маро хун кардӣ.

Ба ту мафтуншудагонат чу назар андозанд,
Шубҳае нест, ки дар пои ту сар андозанд.
Лек ин то ба висоли ту расидан бошад,
Метавонанд, ки дил ҷои дигар андозанд.

Илтимос аз ту, ки он ҳусни накӯ хор накун,
Пай бар аз макру дили хеш гирифтор накун.
Ба саломи дили ман деҳ ту ҷавоб, ин дилро,
Ки ба қадрат бирасидаст, ту озор накун!

Як сар, ки ҳамеша бо хаёлат банд аст,
Як дил, ки фақат бо дили ту пайванд аст.
Мову ту чаро ба ҳам намепайвандем?
Бегонагию дурии мо то чанд аст?
1956.





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »