Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулшан -

ҶАМИЛА



Дар шаҳр аҷаб намоише буд,
Рақси хушу шеърхонии нав.
Як тантана буду буд аз он
Хушҳолию шодмонии нав.

Бо номи Ҷамила дида будам
Як духтари хуби гармрӯро.
Оташнигаҳи баландқомат,
Ширинсухани таронагӯро.

Як сол гузашт аз ҳамон рӯз,
Ки номи варо шунида будам.
Як соли расо гузашт, ӯро
Дар саҳнаи шаҳр дида будам…

Имрӯз ман аз саёҳати кӯҳ
Бе ҳадду ҳудуд шод ҳастам.
Кандам, ана, як гиёҳи хушбӯ,
Бинед, ситода рӯи дастам.

Якбора ба завқ бӯ кашидам,
Бӯяш ба мисоли бӯи райҳон.
Аз шавқ ба чашму рӯ кашидам,
Роҳат бифузуд бар дилу ҷон.

Гуфтам: Чӣ қадар гиёҳи дилкаш!
Гуфтанд, ки: Ин гиёҳ доруст!
Ҳай-ҳай, ба димоғи дил асар кард,
Бӯи хуши он гиёҳ дилҷӯст.

Пас номи варо ман аз рафиқе
Пурсидаму ин сухан шунидам:
"Дар деҳаи мо "ҷамила" гӯянд,
Аз модари хеш ман шунидам!"

Бишнидаму пеши дидаи ман
Рухсори ҳамон Ҷамила бинмуд.
Бар гӯш суруди шӯхаш омад,
Рақси хуши ӯ ба чашм аён шуд…

Дар кӯҳ – ҷамила – як гиёҳ аст,
Доруи кадом дарду хушбӯст.
Бар дарди дили ягон ҷавоне
Дидори Ҷамила низ доруст!
1957.





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »