Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулшан -

ИН ҚАДАР ХУБУ ПУРСАФО ҲАСТЕД!



Ба шумо, кӯҳҳои кишвари ман,
Сари таъзим мефарорам боз!
Ба шумо бо камоли меҳри баланд
Назми дилро ҳамесупорам боз…

Ман зи шаҳр омадам ба сӯи шумо,
То расонам дуруди шаҳри азиз.
То бибӯсам ба меҳр рӯи шумо,
То расонам суруди шаҳри азиз.

Сохтмонҳои шаҳр бисёранд,
Ҳар нафас мекунанд қомат рост.
Шаҳри моро шукӯҳи нав оранд, –
Пойдеворашон зи санги шумост!

Шодии ман, муҳаббати дили ман,
Кӯҳҳо, кӯҳҳо, шумо ҳастед.
Табъи ман шуд зи рӯятон равшан,
Ин қадар хубу пурсафо ҳастед!

Дараву сойҳоятон некӯст,
Чашмаву буттазоратон зебо.
Дасти давру замони инсондӯст
Кард ин ҷо шифогаҳе барпо.

Обҳои зулолу шӯхи шумо
Қувваи ҷисму роҳати ҷон аст.
Офтоби шумо, фурӯғи шумо –
Ба тани дардманд дармон аст.

Дар канори шумо, ки дорам ҷо,
Ба шумо меҳр баста, дил мондам.
Бо ҳама ҳастию шукӯҳи шумо –
Худатонро ба сина ғунҷондам.

Чида ман аз ҳама гули худрӯ,
Ки дар оғӯши гарматон раста,
Вақти рафтан ба шаҳри шоду накӯ,
Мебарам баҳри ёр гулдаста.

Ба шумо бо камоли меҳри баланд
Назми дилро ҳамесупорам боз.
Кӯҳҳои диёр, чун фарзанд
Сари таъзим мефарорам боз!
1957.





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »