БО ХАЁЛАТ ҲАМА ШАБ ДИДАИ БЕДОРЕ БУД!
Солҳо дар дили ман меҳри чунин ёре буд,
Ки намеёфтамаш, дар дилам озоре буд.
Кӯҳу даште нагузаштам паи ӯ, лек маро
Бо хаёлаш ҳама шаб дидаи бедоре буд.
Ҳар куҷо сӯҳбати меҳру вафо медидам,
Меҳрубонию муҳаббат ҳама ҷо медидам.
Мегузаштам зи хиёбону ҳасад мебурдам,
Гар дар он ду дили якҷошударо медидам.
Мешунидам зи ҳама ёру рафиқон таъна,
Наштаре буд маро дар дилу дар ҷон таъна.
Хайрият, мактаби олист дар ин шаҳр зиёд,
Бахт омад бари ман, баъди фаровон таъна.
Бахт омад, туӣ он, ки рухи гарме дорӣ,
Оламе ишқ бар он дидаву шарме дорӣ.
Метавонам магар аз ҷон ба ту ошиқ нашавам?
Меҳру ҷозиба, суханронии нарме дорӣ.
Солҳо дар дилам ишқи ту барин ёре буд,
Чун намеёфтамат, дар дилам озоре буд.
Кӯҳу даште нагузаштам паи ту, лек маро
Бо хаёлат ҳама шаб дидаи бедоре буд!
Ҳар ғунча, ки дар пеши назар механдад,
Аз шабнаму аз боди саҳар механдад.
Гар накҳати мӯи ту расад ҷониби ман,
Он гаҳ дили ман тарзи дигар механдад.
1957.