ТАХТАСАНГ
Дар лаби дарёча дидам тахтасанги суфтаро,
Ки варо дасти табиат бо маҳорат суфтааст.
Хондам аз он санг овози дили бишкуфтаро,
Ошиқе онро ба рӯи санг аз дил гуфтааст:
"Чун хаёли дилбарам зебост ин кӯҳу дара,
Чун висоли ёри ман ҷонбахш ин обу ҳаво.
Кӯҳҳои Тоҷикистон ончунон хушманзара,
Дидам аз ҳар як гули он рӯи ёри хешро!"
Зери он ман ҳам навиштам чанд ҳарфи дигаре:
"Дӯстиву навбаҳору ишқ монад пойдор.
Дӯстии дӯстону ишқи софи дилбаре,
Навбаҳори сулҳу осоиштагии рӯзгор!".
Ман намехоҳам, ки бинад кишварам рӯи хазон,
Ман намехоҳам насими кӯҳ монад зери дуд.
Орзу дорам, ки бошад ҳам бақои дӯстон,
Ҳам ҳавои ҷонфизои кӯҳ, ҳам ишқу суруд.
Ҳам табассумҳои ширини нигорам сӯи ман
Ҳам нигоҳи чашми дил бар дидаи ёри азиз!
Ҷовидон монад ҳаёту кишвари дилҷӯи ман
Ҷовидон монад баҳори кӯҳҳои ганҷрез!