ПОЯНДА МОНЕД!
Шараф бар шумо, кӯҳҳои диёрам,
Шараф бар ту, дарёи хурди хурӯшон!
Баҳорам, умедам, дилам, ифтихорам,
Ту – дарёи хурду шумо – кӯҳсорон!
Чи хуш аз ҳавои шумо баҳрамандам,
Фузуда сафои диёрам шумоед,
Бигӯед, чун бар шумо дил набандам?
Шумо дилкушоеду оҳанрабоед.
Чу Волга, ки фахри дили мо бибошад,
Шумо низ фахри дили тоҷиконед.
Ба даҳр офтоби бақо нур пошад,
Ба олам дурахшанда, поянда монед!
1957.