СОЛИ НАВИ ФИРӮЗ
Дӯстон, дар Ватан имрӯз сари соли нав аст,
Сари соли нави фирӯз муборак бошад!
Ин сари соли нави нусрату иқболи нав аст,
Ки ба рухсораи мо нуру сафо мепошад.
Соли нав! – Ҳаст дар ин ҳарф чунин маъное:
Боз як сафҳа ба таърихи Ватан шуд ҳамроҳ,
Ки дар он ҷо шуда фатҳу зафари аълое…
Боз наздик бишуд сӯи коммунизм роҳ.
Рӯзҳо мегузаранд аз паи ҳам бо суръат,
Мегузоранд, валекин, зи худ осори зиёд.
Ин ҳама боғу биноҳои хуши боҳашамат,
Ҳама осори замони нави соҳибэҷод.
Соли навро ҳама дам дар Ватани номии мо
Менамоянд ба амвоҷи зафар истиқбол.
Ҳама дар соҳаи кораш бикунад хуб вафо,
Ки шавад тӯҳфаи арзанда барои сари сол…
Марҳабо, соли зафарпешаи олибунёд,
Бо ту як сози замонро бисароем, ба пеш!
Ҳамсафар бо ту ҳама халқи диёри озод,
Роҳи тайношударо тай бинамоем, ба пеш!
1955.