Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулшан -

ЧИЛСОЛА БАҲОДУР

(Тарона)


Чил соли муқаддас, –
Чил соли зафарҳо,
Иқболи дурахшон
Овард ба инсон
Дар мамлакати мо!
Хушбахттарин кас
Моем, рафиқон!

Ин давру замона –
Даври зафару кор.
Ғайрат зафаровар,
Мехнат самаровар, –
Партия мададгор!
Ободии хона
Бар мост муяссар!

Октябри маҳбуб –
Чилсола баҳодур!
Ҳам бахту саодат
Ҳам кору садоқат
Доранд аз он нур.
Октябри маҳбуб
Чилсола баҳодур!
1957.




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »