Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулшан -

ҲАЙКАЛ



Дар дили кӯҳи Ватан ҳайкали зеборо бин,
Гӯиё, сӯи ману ту назар андохтааст.
Бар сараш сояфикан беди тавоноро бин,
Ки ба болои ҳамон шакл сар андохтааст.

Аз дили ҳайкалу аз чеҳраи он беди калон,
Ҳар саҳар боди саҳар бӯсакунон мегузарад.
Ба дили халқи ман афзуда як уммеди калон,
Пас ҳамин боди саҳар рӯи ҷаҳон мегузарад.

Зинаи сангии кӯҳсор гузаштам, то ман
Бинам он ҳайкали пурҷозибаро аз наздик.
Дидам онрову ҳамоно дилу ҷон шуд равшан,
Ки чӣ андоза фараҳбахш диёри тоҷик!

Дасти устод-табиат ба вуҷуд овардаст
Дар дили кӯҳ чунин ҳайкали пурҷозибаро.
Боду борон ба ҳамин кор мададҳо кардаст,
Ки зи санге шуда ин ҷо, ана, ҳайкал барпо.

Дида аз дур гумон мекунӣ одам бошад,
Одами зиндаву фармонбари ин кӯҳу дара.
Офтоб аз сари он нур ба олам пошад!..
Ин қадар ҳам ту, аё кӯҳи сарафроз, сара!

То ҳаётам, нагузорам, ки расад дасти адӯ
Ба ту, эй сурати берӯҳи басо рӯҳпазир!
Туӣ фарзанди табиат, ки ба ин сурати ту
Кӯҳсори Ватанамро бинамудам тасвир.

Ватанам, хасми ту гар фитна намояд оғоз,
Ба худаш гӯр кунад, зарбаи маҳкам гирад.
Баҳри ҳифзи ту барояд зи дили кӯҳ овоз,
Ҳайкал ин, санги ту ҳам сурати одам гирад!
соли 1957







« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »