ПОЯНДА БОШАД ИН ВАТАН!
Диёри мо, баҳори мо – ҳаёти бехазон,
Ҳаёти бехазони мо фараҳфизост.
Баҳори мо диёри мо – диёри тоҷикон,
Зи шӯълаҳои Октябр барои мост
Ҳаёти ҷовидон,
Ҳаёти ҷовидон!
Нақарот:
Поянда бошад ин Ватан,
Фарзанди Октябри кабир.
Зебо ҳаёти марду зан,
Бахти ҷавонон беназир.
Мо бовафо фарзанди он,
Дилбанди он, пайванди он!..
Суруди мо, суруди дил – ба васфи ин ҳаёт,
Ба васфи кору зиндагонии накӯст.
Дар ин Ватан тамоми мо – бабахту бонишот,
Хушо, барои мо ҷавонии накӯст.
Замони мо нав аст!
Зи нури Маскав аст!
Нақарот:
Диёри мо, барои ту садоқату вафо
Вазифаи муқаддаси тамоми мост.
Ту дар ҷаҳон ҳамеша мон бузургу бобақо,
Бузургию ҷавонии ту муддаост.
Диёри мо туӣ,
Баҳори мо туӣ!
Нақарот:
1957.