МУБОРАК, ҶАВОНӢ!
(Тарона)
Сурудам, равон шав,
Равон бар ҷаҳон шав!
Ба ҳар дил дароӣ, –
Зи ҷон меҳрубон шав!
Ба ҳар амниятҷӯй
Саломи маро гӯй!
Сурудам, равон шав!..
Сифат кун дар олам
Ба авлоди одам –
Зи кӯҳсори тоҷик,
Аз ин бахти хуррам.
Гули ин чаманро,
Баҳори Ватанро
Сифат кун дар олам!
Муборак, ҷавонӣ! –
Накӯ зиндагонӣ.
Сафо дод Октябр
Ба ҳар хонадоне.
Зиҳӣ, эй рафоқат,
Муҳаббат, садоқат, –
Муборак, ҷавонӣ!
Сурудам, равон шав,
Равон бар ҷаҳон шав!
Ба ҳар дил дароӣ, –
Зи ҷон меҳрубон шав!
Ба ҳар амниятҷӯй
Саломи маро гӯй!
Сурудам, равон шав!..
Сифат кун дар олам
Ба авлоди одам –
Зи кӯҳсори тоҷик,
Аз ин бахти хуррам.
Гули ин чаманро,
Баҳори Ватанро
Сифат кун дар олам!
Муборак, ҷавонӣ! –
Накӯ зиндагонӣ.
Сафо дод Октябр
Ба ҳар хонадоне.
Зиҳӣ, эй рафоқат,
Муҳаббат, садоқат, –
Муборак, ҷавонӣ!
1957.