Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулшан -

АҶАБ ДАРЁЧАИ ШӮХЕ...



Зи санге бар дигар санге
Сари худ мезанад бо шавқ.
Ба ҷои нола – меболад,
Ба ҷои нола – дорад завқ.

Чунон буррост овозаш,
Чунон ҳам суръаташ тез аст.
Барои он, ки дар водӣ
Замин аз вай гуҳаррез аст.

Аҷаб дарёчаи шӯхе,
Сари худ мезанад бар санг.
Наметарсад, наменолад,
Ба дил дорад ҳазор оҳанг.

Даме бар мулки тоҷикон
Ватан Ордени Ленин дод,
Ҳамин дарёи кӯҳиро
Зи шаҳр истода, кардам ёд.

Барои он, ки дар водӣ
Замин аз вай гуҳаррез аст.
Ба саҳро рӯҳ мебахшад,
К-аз ин рӯ суръаташ тез аст!
1957.




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »