ВАТАН
Ватан, аз рӯи гулҳоят рухи дилдор мебинам,
Бузургии туро аз чашму рӯи ёр мебинам.
Ба ҳар сӯят назар бинмуда, ҷӯши кор мебинам,
Шукӯҳи водиҳоятро ман аз кӯҳсор мебинам.
Замони нав, ҳаёти нав, – аҷаб нашъунамо дорӣ,
Зи оби чашмасорон боғҳои пурсафо дорӣ.
Зи сангу кӯҳсорон қасрҳои дилкушо дорӣ,
Ки ҳамчун кӯҳсоронат туро подор мебинам.
Ватан, ман созу оҳанги туро бо шавқ мебӯсам,
Баҳору боғи садранги туро бо шавқ мебӯсам,
Замину резаи санги туро бо шавқ мебӯсам,
К-аз онҳо лаззати ин умри шаккарбор мебинам!
1957