Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулшан -

ҚАНДАТА ЗАН!



Кишварам, нест ба шодии дили ман поён,
Боз аз фатҳи ту бо шавқ сухан мегӯям.
Бар забон ҳарф намеояду ман аз ҳаяҷон
Гашта баргашта, фақат, "Қандата зан!" мегӯям.

Ин чӣ бахту шарафи нек – насиби ту бигашт?!
Баҳри табрик буд он – барф фаровон мерехт.
Фасли гул нест, вагарна зи дару бому дашт
Бар сари номваронат гулу райҳон мерехт.

Фасли гул несту лекин ҳама шоду мамнун,
Чунки барфи сара – садбарги зимистон бошад.
Гули наврӯз, ки фардо шавад аз хок бурун,
Дар ҳамин барф, – ба ҳар заррача пинҳон бошад.

Кӯчаҳоят пури барф аст дар ин рӯзи нек,
Ки ҷавонон фараҳу дилхушӣ аз он доранд.
Ҷои гул, каф пур аз он карда,
зи дуру наздик
Ба сари духтари дилхосташон меборанд.

Ин ҳама ҳусну шукӯҳест ба хурсандии ту,
Шӯхиву ҳазл нишони дили беғам бошад.
Шодмонии ҳама, бин зи фараҳмандии ту,
Инчунин рӯз ба ту, мон, ки паи ҳам бошад!

Кор кардиву зафар ёри вафодорат шуд,
Меҳри партия басо қувваи нав дод ба ту.
Ид бинмой, ки як бахти накӯ ёрат шуд, –
Москва Ордени Ленин бифиристод ба ту!

Баъди ин ҳам ту далерию амал деҳ нишон,
Ки ҳаме хоки сазовори Ватан гӯяндат.
Ончунон корнамоӣ бинамо, к-аз ҳаяҷон
Дар ҳама ҷой, фақат, "Қандата зан!" гӯяндат!
1956




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »