Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

ДАР РОҲ



Шумо чашм аз тамошои табиат
Наканда, лаҳзае мондед хомӯш.
Намедонам, маро – ҳамроҳи худро
Намудед он замон оё фаромӯш.

Назар кардед сӯи ағбаҳо дер…
Зи доманшон шавад сар домани дашт.
Равон чун риштае дарё, ки дӯзад
Зи кишту сабзаҳо пироҳани дашт.

Валекин ман тамоми раҳ тамошо
Намудам рӯи зебои шуморо.
Дар он дидам, азизам, ки табиат
Чӣ гуна қудратеро ҳаст доро!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »