Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

ҲАЙ ДУХТАРИ БЕҚАРОР БУДӢ!



Боре ту маро намуда таъкид
Гуфтӣ, ки: "Сухан ба ҷош монад.
Аз рози муҳаббати ману ту,
Зинҳор, ки ҳеҷ кас надонад!"

Ин кор агарчи буд душвор,
Бовар бинамой, нозанинам,
Бо хотири ту нагуфта будам,
Ҳатто, ба рафиқи беҳтаринам.

Ҳайҳот шудаст ишқи мо фош,
Ҳаргиз ман аз ин хабар надорам.
Аз дасти дугонаҳои шӯхат
Дар кӯча раҳи гузар надорам.

Бинмуда ба ҳам имо, ишора,
Ҳар ҷо ки шаванд рӯ ба рӯям,
Бинанд ягон хато накарда,
Аз нохуни пой то ба мӯям.

Гоҳе якашон надида монад,
Ҳатман дигаре намояд огоҳ.
Ин аст, ки пешпой хӯрдам
Дар кӯчаи тахт дина ногоҳ...

Маълум ба ман, ки рӯи хуршед!
Бо домани худ касе напӯшад.
Вақташ ки расид, чашмаи нав
Аз синаи санг бархурӯшад!

Аммо ба ту буд боз имкон,
Лаб бастаю сабр менамудӣ.
Акнун чӣ илоҷ, аз худат, дон,
Ҳай духтари беқарор будӣ!..




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »