Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

МОҲТОБШАБ



Шаб... Канори ҷӯйбор, оби равон...
Дилкашу хушбаҳр кӯҳу дашту боғ.
Моҳ, гӯё, ки чароғ аст, осмон
Нилгун сарпӯш баҳри он чароғ.

Ман тамошо менамоям моҳро
Дар фазо, аксаш – даруни оби ҷӯй.
Лек мепоям дар ин дам роҳро,
Кай биёяд моҳи ман – он моҳрӯй?

Дар фазо ин моҳу аксаш зери об,
Акси моҳи ман даруни сина аст.
Шаб чу моҳу рӯз ҳамчун офтоб,
Дар дилам он беҳтарин ганҷина аст.

На шамоле, на ғуборе дар фазо,
Моҳ оромона раҳ тай менамуд.
Гӯӣ онро дида, ҳангоми шино
Заврақи тиллост дар баҳри кабуд.

Хуш чунин шабҳо, агар он моҳи ман
Аз хиёбон бигзарад ҳамроҳи ман.
Вақти сайру гашт бо ёр аст, аҷаб
Пурҳаловат, дилкушо маҳтобшаб!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »