Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

МУЛОҚОТИ НАХУСТИН



Таоми пухтаи модар бишуд дар дег кайҳо сард,
Шуда саргарми бозӣ, кенҷааш дар хоби роҳат шуд.
Намехуфт ӯ, ба сӯи кӯча пай дар пай назар мекард,
Ягон касро магар ин бегаҳӣ ӯ чашмдорон буд?

Гаҳе бар хона рафта соати деворро медид,
Ки аз он баъд зери лаб даме ғур-ғуркунон мемонд.
Баромад моҳ ҳам, бесабрии ӯ бештар гардид.
Ниҳода такя бар дарвоза, ногаҳ аз чӣ, даст афшонд.

Ана, аз дур шахсе бошитоб ин сӯй меомад,
Вале ҳар дам ба пушти худ нигоҳи гарм мепартофт.
Қариб омад, чунон ҳам шоду хандонрӯй меомад,
Аҷаб, ки модарашро диду рӯяш ранги дигар ёфт.

Ба чашми модараш духтар нигоҳе карда зуд пай бурд,
Ки дар қаҳру ғазаб, аз он ки бевақт омад ӯ ҳоло.
Намуда ноз худро бар канори модараш биспурд,
Сипас гуфт ӯ: "Давоми маҷлиси мо мешавад фардо".

Дар аввал модараш чун шахси боваркарда дам истод,
Агарчанде ки медонист, бар нодонӣ худро зад.
"Давоми маҷлиси барпонагашта? – гуфта гап бикшод. –
Кӣ мондаст ин ки духтарбача то бевақтиҳо гардад?

Ба он ҷое, ки маҷлис мешавад, ду бор рафтам ман,
Дар он ҷо на чароғе буду на гуфтугузоре буд.
Ба болои гуноҳи худ маро хоҳӣ ту аллондан?
Куҷо будӣ? Ҳақиқатро тамоман гӯй бар ман зуд!"

Ҷавобе дода натвонист, хомӯшона сар хам кард,
Гирифта нӯги мӯи хешро бикшодаву мебофт.
Ба ҳам омехта завқу ҳаё ҳусни наве овард,
Ки рӯяш чун гули шабнамрасида тозатар метофт.




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »