Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

МАГАР ДИЛ ДОДА, БИНМУДАМ ГУНОҲЕ?



Шавад як умри ту садчанд, ҷонон,
Магар дил дода, бинмудам гуноҳе?
Ба ҷои лутфу эҳсони фаровон,
Фақат меҷӯӣ аз ман ту паноҳӣ!

Ба дидори ту муштоқ аст ин дил,
Намемонад маро як лаҳза ором.
Вале чун дид бар ман гашт мушкил
Чунин з-андешаи худ дод пайғом:

Намоям илтиҷо ҳамсояатро,
Ки монад хонае бар ман иҷора…
Даме дар ҳавлии худ дод ӯ ҷо,
Ба дил гуфтам: "Ана, шуд ёфт чора!

Тавонам дилбарамро хуб дидан
Кунун, вақте, равад ё ояд аз кор.
Чигуна роҳи бобе ёфтам ман –
Баҳона элаку – мақсуд дидор!"

Нашуд ин роҳ, он ҷоят надидам,
Пушаймон гаштам аз корам ба зудӣ.
Вале аз як рафиқи худ шунидам,
Ки назди аммаат як моҳ будӣ.

Бароям хона ҷустам пас аз он сӯ,
Ки гардам то ба васли ту муяссар.
Ба ман гуфтанд, аз он ҷо рафтаӣ ту
Ба назди холаат, маҳбуб дилбар.

Хабар доданд он ҷо норасида,
Ки ҳоло рафтаӣ ҷои тағоят.
Дар ин ҷо ҳам, дар он ҷо ҳам надида,
Шудам писханди мардум бениҳоят.

Агар чун модарат, бе дидани ту
Тамоми ақрабоят беқароранд,
Чаро охир парешонанд ҳар сӯ,
Чаро дар як гузар манзил надоранд?..

Агарчи сохтмон дар шаҳр бисёр,
Аз он ҷое, ки мехоҳад дили ман,
Иҷора ёфтан ҳам кори душвор!
Намо осон, азизам, мушкили ман.

…Шунидам, хайрият, аз коргоҳат –
Туро думоҳа будаст истироҳат.
Манам дар ҳавлии ҳамсояи ту,
Назар кун як, чу оӣ аз саёҳат!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »