Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

ДИДОРИ ТУ ОРЗӮСТ…



Дерест ба дил ту ҷой дорӣ,
Ин боиси шодмонии ман.
Аз меҳри ту, аз муҳаббати ту
Равшан раҳи зиндагонии ман.

Бо вақти зиёду фурсати хуб
Хоҳам, ки ба назди ман биёӣ.
Лекин ҳама кор мешавад акс,
Меҷӯямату наменамоӣ.

Хар гоҳ, ки дар шитоб бошам
Бо кори зарур ман ба ҷое,
Ҳайрони туам, ба акси хоҳиш,
Аз пеши раҳам ту мебароӣ.

Бикшода гиреҳ аз ин муаммо,
Фаҳмон ба ман, эй нигори маҳбуб…
Дидори ту орзӯст, аммо
Бо вақти зиёду фурсати хуб!





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »